Тӯйчӣ Абдуфатоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тӯйчӣ Абдуфатоев
Тӯйчӣ Абдуфатоев
Таърихи таваллуд 17 сентябр 1954(1954-09-17)
Зодгоҳ ноҳияи Мастчоҳ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 19 октябр 2013(2013-10-19) (59 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Беморхонаи марказии ноҳияи Масчо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Маркази миллии тиббии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста»

Тӯйчӣ Абдуфатоев (17.09.1954, деҳаи Чолотаи ноҳияи Масчо — 19.10.2013 Душанбе) — пизишк, доктори илми тиб (1998), профессор (2000)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1977). Духтур-интерни шуъбаи ҷарроҳии кӯдакони Беморхонаи клиникии Хуҷанд (1977—1978), ҷарроҳи кӯдакон ва мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдакони беморхонаи марказии ноҳияи Масчо (1978—1986), унвонҷӯйи кафедраи ҷарроҳӣ, иншор-шиносӣ ва тахдиромӯзии кӯдакони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1986—1989), мудири шуъбаи бемориҳои қафаси синаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А. М. Дяков (ҳоло Маркази миллии тиббии Тоҷикистон) (1989—1994) кор кардааст. Аз соли 1994 то поёни умр мудири кафедраи ҷарроҳӣ, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзии кӯдакони Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон буд.[1]

Фаолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Перомуни муқоисаи усулҳои ҷарроҳии эхинококкози шуш дар кӯдакон, ҷамъбасти усулҳои ҷарроҳӣ ва барқарор сохтани фаъолияти шуш баъд аз бемориҳои он таҳқиқот анҷом додааст. Иштирокдори бисёр симпозиуму конфронси байналмил-лалист. Муаллифи беш аз дусад асару мақолаҳои илмӣ мебошад,

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Сравнительная оценка методов эхинококкэктомии легкого ӯ детей. — Ленинград, 1991; Оптимизация хирургического лечения и функциональной реаблитации детей с заболеваниями легких: Дисс…доктора мед. наук. — Ташкент, 1995; Оризаҳои нефролитиаз дар кӯдакон. — Д., 1998; Проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ. — Д., 2001; Ҳуқуқи кӯдак барои муолиҷаи ҷарроҳӣ ва проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ. — Д., 2004; Проблемаи перитонит дар кӯдакон. — Х., 2006.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]