Узвҳои таносул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Узвҳои таносул, аъзои ҷинсӣ — узвҳои афзоиши организмҳои бисёрҳуҷайраи зинда (ҳайвонот, наботот, занбӯруғҳо ва ғайра), ки вазифаи афзоиши ҷинсии онҳоро иҷро мекунад (бавуҷудоварӣ, давомдиҳии насл).

Узвҳои таносули ҳайвоноти муҳрадорҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайвоноти бемуҳра[вироиш | вироиши манбаъ]

Узвҳои таносули одам[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Узвҳои таносули одам

Узвҳои таносул дарунӣ ва берунӣ мешаванд. Узвҳои таносули занон ҷои обистанӣ ва рушди ҷанин мебошад. Ғадудҳои таносул марбути узвҳои эндокринӣ буда, ғайр аз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ гормонҳои ҷинсии занона ва мардона ҳосил мекунанд. Онҳо бевосита ба хун ҳамроҳ шуда, дар танзими фаъолияти ҷинсӣ, ширкат меварзанд. Гормонҳои ҷинсӣ инкишофи аломатҳои дуюмини ҷинсиро, ки хоси марду зананд, танзим менамоянд.

Дар батн тухмаи одам аз ғадуди ҷинсии бетафовуте (индофференти)-е ташаккул меёбад, ки аз он дар баъзе афрод ҷанини ҷинси мардона, дар афроди дигар ҷанини ҷинси занона падид меояд. Аҳёнан дар як одам каму беш нишонаҳои ҳарду ҷинс — хунсоӣ зоҳир мегардад.

Узвҳои таносули мардона[вироиш | вироиши манбаъ]

Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд. Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.

Узвҳои таносули занона[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғайра)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.

Узвҳои таносули рустаниҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]