Усмон Шарифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмон Шарифзода
Таърихи таваллуд: 31 март 1945(1945-03-31)
Зодгоҳ: деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 15 июн 2009(2009-06-15) (64 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Усмон Шарифзода (31 марти 1945, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 15 июни 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмон Шарифзода 31 марти соли 1945 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод зода шудааст. Соли 1964 мактаби миёнаи № 80-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро хатм мекунад. Соли 1971 шуъбаи шабонаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти мехнатиашро аз газетаи «Комунна»-и ноҳияи Ленин оғоз мекунад. Ходими адабии рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», корманди Телевизиони тоҷик, Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон буд.

Усмон Шарифзода 15 июни соли 2009 аз олам даргузашт.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон», «Дили модар», «Умре дар роҳ» чоп шудаанд. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш «Хонаи ишқ» соли 1985 ба табъ расидааст. Баъдан ашъораш дар гулчини навиштаҳои ӯ «Қаламниҳоли ғам» (2006) интишор ёфтаанд.

Суруди «Моҳи Файзобод»-и Дӯстмурод Алӣ ва «Ошиқони Варзоб»-и Кароматуллоҳи Қурбон аз машҳуртарин таронаҳои навиштаи Усмон Шарифзода ба шумор меоянд.

Осор[2][вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дили модар. — Душанбе, 1984. — 173 с.
  • Рӯҳи зиндагонӣ. — Душанбе, 1990. — 232 с.
  • Рӯҳи саркаш. — Душанбе : Санадвара, 1998. — 104 с.
  • Қаҳқаҳаи гиряхез. — Душанбе : Маориф ва фарҳанг, 2004. −175 с.
  • Қаламниҳоли ғам. — Душанбе : Адиб, 2006. — 256 с.
  • Аз ҳақтарошӣ то ҳақталошӣ. — Душанбе : Ирфон, 2007. — 112 с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]