Файзулло Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Файзулло Абдуллоев
Файзулло Абдуллоев
Таваллуд 30 октябр 1946(1946-10-30) (77 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Ордени Исмоили Сомонӣ
Вебгоҳ sudsng.org/about/preside…

Файзулло Абдуллоев (30 октябри соли 1946) — ҳуқуқшинос, ходими давлатӣ, собиқ Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996-2000) ва вазири адлияи Тоҷикистон (1990-1993), Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Файзулло Абдуллоев 30 октябри соли 1946 дар совхози Кангурти ноҳияи Совет, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1973  факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи. В. И. Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз вазифаи коромӯзи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон сар кардааст (солҳои 1974-1976).

  • Солҳои 1976-1977 — судяи халқии ноҳияи Восеъ
  • Солҳои 1977-1980 — Муовини Раиси суди вилояти Кӯлоб 
  • Солҳои 1980-1987 — Раиси суди халқии шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 1987-1990 — Муовини Раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон.
  • Солҳои 1990-1993 — Вазири адлияи ҶШС Тоҷикистон.
  • Солҳои 1993-1994 — мутахассиси пешбари Комитети телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1994-1995 — Президенти ширкати ҳуқуқии "Мадад".
  • Соли 1995. — мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо Парлумон ва масъалаҳои ҳуқуқӣ.
  • Солҳои 1995-1996 — Раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1996-2000 — Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2000-2004 — муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2004-2008 — судяи Суди Иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  • Солҳои 2008-2011 — Раиси Суди Иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

23 декабри соли 2011-ум дар ҷаласаи 13 (ғайринавбатии) Ассамблеяи АврАзЭС ба вазифаи судяи Суди АврАзЭС таъйин шуд, ки он фаъолияти худро аз 1 январи соли 2012 оғоз кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2006 бо Ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи II-ум ва 22 июни соли 2007 бо Ифтихорномаи Суди Иқтисодии ИДМ сарфароз шудааст.

Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо унвони олии Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум мушарраф гардидааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]