Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» — фарҳанги луғати тоҷикӣ бо фарогирии тақрибан 80 ҳазор калимаву ибора ба мураттаб ва нашр аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Таърихи пажӯҳиши фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони тоҷикӣ тӯли се даҳсолаи охир аз вожаҳову ифодаҳои дарии Афғонистон ва форсии Эрон фаровон истифода бурда, таркиби луғавии хешро ғанӣ ва эҳтиёҷоти ифодаи мафҳуму падидаҳои навинро таъмин сохтааст. Айнан ҳамин гуна ниёзмандӣ дар забони дариву форсӣ низ мавҷуд аст ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» барои ҳамзабононамон чунин шароитро фароҳам хоҳад овард. Гузашта аз ин, «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» имкон медиҳад, тамоми мафҳуму зуҳуроти дар садсолаи гузашта дар калимаву истилоҳоти забони тоҷикӣ ифодагашта мавриди таваҷҷуҳи ҳамзабонон қарор гиранд. Манбаи асосии калимаву ибораҳои мавриди тафсири ин фарҳанг захираи бисёр бузурги ганҷинаи баргаҳо-вожаҳои мисолдори то солҳои 80-уми асри гузашта аз осори адабиёти бадеӣ, сиёсию иҷтимоӣ, илмию соҳавӣ, аз матбуоти даврӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобҳои дарсӣ ва аз тарҷумаи асарҳои бадеии гуногун интихоб ва ҷамъомада мебошад, ки аз тарафи кормандони шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ин ганҷина дар таҳияи «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» низ ба таври васеъ истифода шудааст. Азбаски аз ибтидои солҳои 90-уми асри XX интихоб ва барчидани калимаву ибораҳо дар ин шуъба бинобар камбуди қувваи корӣ қатъ гардид, дар таҳия, ислоҳ ва такмили «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» маводи «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ҳамчун сарчашмаи асосии вожагон ва ибораҳои забони муосири тоҷикӣ истифода гардид. Мураттибони фарҳанги ҳозир ба сифати дастур ва раҳнамо дар қатори фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ ва форсии гуногун аз маводи ҳамаи луғатҳои дузабонаи тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ, форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсӣ, Энсиклопедияи советии тоҷик дар ҳашт ҷилд, Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик дар се ҷилд ва дигар луғатномаҳои муътабар ҳамчун сарчашма васеъ истифода бурдаанд ва ба услуби нигориши онҳо пайравӣ намудаанд. Дар таҳияи ин фарҳанг «Фарҳанги забони ҳозираи тоҷикӣ», ки бо баъзе сабабҳо дар охири солҳои 80-уми садаи XX рӯи чопро надид, ҳамчун асос ва манбаъ ба таври васеъ истифода гардид. Фарҳанги мазкур дар охири солҳои 60-уми садаи XX бо истифода аз маводи асосии чопшуда ва боқимондаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар 2 ҷилд, соли 1969) ва маводи забони тоҷикии садаи XX оғоз шуда, ба таври ниҳоӣ соли 1980 анҷом ёфта ба чоп тавсия шуда буд. Дар таҳияи ин фарҳанги чопнашуда Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Раҳим Ҳошим, номзади илми филология Ҳ. Рауфзода ва номзади илми филология Аҳмадҷон Сангинов иштирок намуданд. Дар аснои таълифи ин фарҳанг ҳамон вақт кормандони собиқи шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот номзадҳои илми филология А. Отахонова, М. Собирова, М. Юсуфова дар интихоби мисолу шоҳидҳо ба мураттибон ёрии бевоситаи худро расонидаанд. Солҳои 1996—2005 ҳарфҳои ҷилди аввал аз тарафи А. Сангинов такмилу ислоҳ шуда буд. Ин ҷилд аз тарафи узви вобастаи АИ ҶТ А. Маниёзов низ қисман таҳриру такмил ва ислоҳ шуд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А — Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. — Душанбе 2010, — c. 8-11 ISBN 978-99947-69-39-1

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]