Фарҳод Раҳимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарҳод Раҳимӣ
Таърихи таваллуд 19 сентябр 1968(1968-09-19) (55 сол)
Зодгоҳ Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физикаи назариявӣ ва физикаи зарраҳои бунёдӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИ ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон 91992)
Роҳбари илмӣ Ҳабибулло Абдуллоев
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ
Ҷоизаи байналхалқии ЭКО дар бахши «Илм ва технология»

Фарҳод Раҳимӣ (Фарҳод Қодирович Раҳимов; 19 сентябри 1968, Панҷакент) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (2008), профессор (2009), узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014)[1]. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (20132024). Барандаи Ҷоизаи байналхалқии ЭКО дар бахши «Илм ва технология» (2012).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳод Раҳимӣ 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Cоли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик — омӯзгор хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.

Солҳои 1995—1998 дар ҳангоми кор дар донишгоҳ докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи мутаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва ба унвони илмии доктори илмҳои физика ва математика соҳиб гардидааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2001—2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005—2006 муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2006—2013 муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2013—2020[2] Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва 2020—2024[3] Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Фарҳод Раҳимӣ аз 16 январи соли 2024 раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[4].

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳод Раҳимӣ муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]