Шамсӣ Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсӣ Низомов
Шамсӣ Низомов
Таърихи таваллуд: 10 май 1937(1937-05-10)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 22 январ 2015(2015-01-22) (77 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони (режиссёр)и санъати операи тоҷик

Шамсӣ Низомов — коргардони (режиссёр)и санъати операи тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1977). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шамсӣ Низомов 10 майи соли 1937 дар м. Боғимайдони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Студияи вокалии назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1963) ва факултети режисёри Консерватория давлатии шаҳри Ленинград ба номи Н.А.Римский-Корсаковро (1968) хатм кардааст. Овозхон (1968), коргардон (1968-1970), аз соли 1970 - саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Аз соли 1977 - омӯзгори санъати операи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд. Шамсӣ Низомов 22 январи соли 2015 оламро падруд намудааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиёда аз 100 операи оҳангсозони тоҷик ва классикони ҷаҳонӣ, аз ҷумла

  • «Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев,

«Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов,

  • «Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов,
  • «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов,
  • «Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ,
  • «Богема»-и Ҷ. Пуччини,
  • «Сартароши Севилӣ»-и Ҷ. Россини,
  • «Мотсарт» ва «Салйери»-и Н.А. Римский-Корсаков,
  • «Евгений Онегин»-и П.И.Чайковский,
  • «Ширинкорон»-и Р. Леонкавалло,
  • «Кармен»-и Ҷ. Бизе

ва ғ.-ро рӯи саҳнаи театр овардааст. Дар театрҳои шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд, Ашхобод низ чанд операро ба саҳна гузоштааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали нуқра ва тилои Комитети умумииттфоқии муҳофизати сулҳ, Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1977) мукофотонида шудааст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 260 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
  2. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 1988. – С. 95. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6