Ширин Бунёд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ширин Бунёд
Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович
Таърихи таваллуд: 1941
Зодгоҳ: деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа

Ширин Бунёд (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович; 14 декабри 1941, ноҳияи Роштқалъа — 3 июли соли 2011) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2008)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширин Бунёд 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Падараш Қурбонмамадов Бунёд то вақти ба фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ (феврали соли 1942) раиси колхоз шуда, кор мекард. Пас аз як сол аз падар хати сиёҳ омад. Ширин Бунёд акнун чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчиаш мемонад. Модараш Қурбонсултон Баротова соли 1983 вафот мекунад. Ширин Бунёд соли 1948 ба мактаб дохил шуда, онро соли 1958 бо баҳои аъло хатм мекунад. Сипас барои шароит ва имконияти идомаи таҳсил надоштанаш ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 3-и шаҳри Хоруғ дохил шуда, онро соли 1959 бо ихтисоси электромонтёр (барқчӣ) хатм мекунад. Нӯҳ сол электромонтёри ГЕС-и Хоруғ шуда, дар сохтмони хатҳои баландшиддати барқии деҳоти Бадахшон фаъолона ширкат меварзад. Он солҳо чун ҳофиз ва шоир байни мардум шӯҳрат пайдо карда буд.

Соли 1968 хати ҳаёти Ширин Бунёд маҷрои наве пайдо карду вай донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, факултаи филологияи тоҷики онро соли 1973 аъло хатм мекунад. Баъди хатми Донишгоҳ то соли 1976 муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Рӯдакӣ шуда, кор кард. Минбаъд ба кори матбуот гузашта, то моҳи декабри соли 1985 мудири шӯъбаи маориф ва маданияти рӯзномаи «Бадахшони советӣ» шуда, адои вазифа мекунад. Аз соли 1985 то соли 1992 раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилоят шуда, бо ташаббус ва заҳмати вай телевизиони Бадахшон таъсис дода мешавад. Аз соли 1992 то соли 2005 дар сохтори Ҳукумати вилоят ба кор шурӯъ карда, мутахассиси пешбари комиҷроияи вилоят, котиби иттилоотии раиси ВМКБ, ҷонишини мудири шӯъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ шуда, то ба нафақа баромаданаш кор мекунад. Баъди ба нафақа баромаданаш дар вазифаи сармуҳаррири моҳномаи «Фурӯғи маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва муаллими калони ДДХ адои вазифа менамуд. Устод Ширин Бунёд шоири модарзод аст. Аввалин шеърашро ҳанӯз дар айёми талабагиаш (синфи чорум) менависад. Минбаъд мунтазам машқи шеър карда, чун электромонтёри шоир овозадор мешавад. Бо ду забон — шуғнонию тоҷикӣ панҷ достон, ғазалу қитъаҳо дорад. Дар солҳои донишҷӯиаш раиси «Маҳфили адибони ҷавони»-и Донишгоҳ шуда, ин маҳфилро хеле пурқувват мекунад. Лауреати мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Раҳмат Назрӣ, Зулфияи Атоӣ, Амонбек Шоҳзода, Нуқраи Суннатниё ва даҳҳо дигар адибони номдори тоҷик маҳз аз ҳамин маҳфил баромадаанд ва Ширин Бунёдро бо эҳтироми зиёд устоди хеш мехонанд. Устод Ширин Бунёд дар ташкили ҳавзаи адабии Бадахшон заҳмати пурарзише ба харҷ дода, маҳфили «Адибони ҷавон»-и вилоятро таъсис медиҳад, ки дар он нахустин чакидаҳои хомаи адибони имрӯз номдор Раънои Мубориз, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Наҷмиддини Шоҳинбод, Тайғуни Бозор, Ато Мирхоҷа, Сардори Раҳдор, Варқаи Охонниёз, Алидоди Чароғабдол, Алишоҳи Мазҳабшо, Лутфишоҳи Қимматшо, Гулнисои Ризвоншо ва дигарон камол ёфтанд. Ин маҳфил шӯҳрати зиёде пайдо карда наслҳои калонсол аз қабили Мирсаид Миршакар, Охон Шоҳҷон, Ёрмамади Ашурмамад, Тутишоҳи Назришо ва дигар фарзандони номдори Бадахшон бо як эҳтироми хоса онро «Мактаби адабии Ширин Бунёд» номгузорӣ карда буданд.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Кистам ман?
Тоҷики меҳрошноям.
Хешро бисёр ҷустам аз нишебу аз фарозон,
Аз ғаму шодии ёрон, аз китоби бахти одам,
Аз баҳору аз хазонҳо, аз талошу кашмакашҳо.
Аз сари гардони гардун, гардиши айёму одам.
Кистам ман?
Тоҷики меҳрошноям.
Оқибат пайдо намудам хешро аз дӯстиҳо,
Аз каломе, аз саломе, аз китобе, аз хитобе,
Аз камоле, аз заволе, аз хатое аз савобе,
Аз тулӯи субҳи иқболу ҷилои офтобе.

Соли 1994 дар заминаи ин мактаби адабӣ Шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он бевосита бо ташаббуси устод Ширин Бунёд рӯи кор омадааст. Алҳол ин шуъба даҳ нафар аъзои Иттифоқи нависандагон дораду дар маҳфилҳои адабии он чандин қаламкашони умедбахш тарбия ёфта, ҳавзаи адабии Бадахшон хеле густариш ёфт. Ва 17 сол Ширин Бунёд сарварии ин шуъбаро ба зимма дошту тамоми ҳастии худро сарфи тарбияи ҷавонони эҷодкор карда буд.

Шоир Ширин Бунёд аз адибони шинохтаю варзидаи Тоҷикистон аст, ки дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад ва бо ашъори дилнишинаш қариб 50 сол аст, ки дар диёри Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат ёфтааст. Вай соҳиби китобҳои назму наср аст, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод», «Зартеғ», «Шоҳи тирандоз», «Шерозаи ваҳдат», «Гули андеша», «Поси хотир», Шоҳроҳи Ваҳдат", «Об, Замин ва одамон», «Нома дар барги ҳавас», «Чаҳорбарги рубоӣ» ба дасти хонандагон расиданд. Ин китобҳо симои ӯро чун шоири баркамол, мунодии сулҳу ваҳдат ва ҳамчун як нафар шаҳрванди содиқи Тоҷикистон, фарзанди дилбастаи Ватан ва миллати хеш нишон дода, хонандаро ба ҷаҳони садоқат, муҳаббат, арҷ гузоштан ба дастовардҳои маънавии тамаддун бузурги миллати соҳибистиқлоли тоҷик ҳидоят менамоянд. Ӯ аз шоиронест, ки ба касе пайравӣ намекард ва дар эҷоди шеър услуби хоси худро дошт. Ҳаёти моддиву маънавӣ, орзуву омол, меҳру муҳаббати беолоиш ва идеалҳои олии халқи оддии кӯҳистони Тоҷикистон ҷанбаи фалсафии шеърҳои ӯро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки ӯро дар сар то сари Тоҷикистон пиру барно чун шоири мардумӣ мешиносанд, шеърҳояшро аз ёд мехонанд, сухангӯиҳояшро дӯст медоранд. Бахусус силсилаи шеърҳои вай «Рӯдакӣ буду шукӯҳи шеър буд», «Қасидаи Бадахшон», «Оташи лаъли Бадахшон», «Дар марзи асрҳо», «Ҳафт бурҷи Тоҷикистон», «Гулбарги мухаммас» ва амсоли инҳо байни хонандагон шӯҳрати зиёд пайдо кардаанд. Устод Ширин Бунёд баробари офаридани асарҳои баландғоя вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ аз қабили узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оиди танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар душ дошт.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1994), ордени «Дӯстӣ» (1999), медали ҷашни «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) ва унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» (2008) қадр шудааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

3 июли соли 2011 Ширин Бунёд аз олам даргузашт.

Бузургдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ташаббуси собиқ раиси ВМКБ Қодири Қосим соли 2012 дар зодгоҳи шоир мактаби деҳа ба номи Ширин Бунёд гузошта шуд ва ҳамчунин хона-музейи Ширин Бунёд ташкил карда шуд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бомдод
  • Зартеғ
  • Шоҳи Тирандоз
  • Шерозаи Ваҳдат
  • Об, замин ва одамон
  • Поси хотир
  • Шоҳроҳи ваҳдат
  • Нома дар барги ҳавас
  • Чаҳорбарги рубоӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (2 сентябри 2008). 17 Январ 2024 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]