Ғаффор Валаматзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғаффор Валаматзода
Ғаффор Рустамович Валаматзода
Таърихи таваллуд 9 май 1916(1916-05-09)
Зодгоҳ Гулистон (шаҳр) ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 12 декабр 1993(1993-12-12) (77 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) раққос, балетмейстер
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон 1945. Ҳунарпешаи халқии СССР 1976). Дорандаи ҷоизаи Сталин, дараҷаи дуюм (1949) ва Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1969).

Ғаффор Рустамович Валаматзода (9 майи 191612 декабри 1993) — раққос ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон 1945. Ҳунарпешаи халқии СССР (1976). Дорандаи ҷоизаи Сталин, дараҷаи дуюм (1949) ва Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1969).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғаффор Валаматзода соли 1932 омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд), 1946 омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калони (Большой театр) шаҳри Маскав ва соли 1951 шуъбаи балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм намудааст. Солҳои 1932-34 солисти дастаи Театри мусиқии ӯзбек дар шаҳри Тошканд. 1934-35 раққос ва балетмейстери Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри опера ва балет), 1951-63 сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, директор, 1963-72 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 сарбалаетмейстер ва роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Лола», 1984-87 раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд. 12 декабри 1993 дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида шудааст. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2, 4, 5, 7). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1949) ва Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1975). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст».

Барои некдошти Валаматзода ба Ансамбли давлатии рақсии «Лола» номи Ғаффор Валаматзода гузошта шудааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қавли Н. Нурҷонов: «Дар драмаҳои мусиқии «Оршин-мол-олон»-и Уз. Ҳоҷибеков (1934, 1936, 1938), «Восеъ»-и Ғ. Абдулло (1937), «Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов (1938), намоиши мусиқии «Лола»-и С. Баласанян, А. Баласанян, А. Ленский ва С. Урбах (1939) Валаматзода бо рақсҳои алоҳида ҳунарнамоӣ кардааст. Дар балети «Ду гул»-и А. Ленский нақши Раҷаб ва рақси «Салла», дар «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел нақши Коленро иҷро намудааст. В. раққоси мумтоз буд, сабук ва мавзун мерақсид, ҳар ҳаракатро зебо ва бо услуби хос иҷро мекард. Дар рақсҳои ӯ мардонагӣ, чобукӣ ва зиндадилӣ таҷассум ёфтааст. Балетҳои ба саҳна гузоштаи Валаматзода дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ: «Лайли ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1947, 1957), «Сарчашмаи бахт»-и Л. Книппер (1951), «Лауренсия»-и А. Крейн (1952), «Эсмералдо»-и С. Пуни (1953), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1954), «Дилбар»-и А. Ленский (1954), «Гилеми Кабуд»-и В. Волбер (1958) ва ғ. В. ҳамчун балетмейстери барҷаста дар инкишофи санъати операи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ӯ режисёр – басаҳнагузорандаи операҳои миллии «Шуриши Восеъ» (1958), «Комде ва Мадан» (1960), «Домоди номдор» (1961), «Ғуломон» (1980), таҳиягари рақсҳои операҳои «Парии обӣ»-и А. Даргомижский (1951), «Аида»-и Ҷ. Верди (1954), «Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян (1958), «Княз Игор»-и А. Бородин, «Ғуломон», «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ (1960, 1979), «Домоди номдор»-и С. Урбах (1965) ва ғ. мебошад. Филми офаридаи Валаматзода – «Лайлӣ ва Маҷнун» нахустин филми тоҷик буд, ки соли 1960 дар кинофестивали аврупоӣ қадр шуд ва бо Грамотаи «Фестивали Венетсия» сарфароз гардид. Валаматзода басаҳнагузорандаи филми телевизионии «Ансамбли «Лола» ва таҳиягари рақсҳо барои ҳафт филми бадеӣ мебошад. Валаматзода асосгузори Ансамбли давлатии рақсии «Лола»буда, дар он рақсҳои «Сайри лолаҳо», «Синахурӯш», «Дарвозӣ», «Дугонаҳо», «Моҳигирон», «Нағорабазм», «Шодиёна», «Гулъузорам», «Туйи Помир» ва ғ. (дар маҷмӯъ зиёда аз 100 рақс)-ро таҳия намудааст. В. дар ансамбли «Лола» инчунин рақсҳои ӯзбекӣ, уйғурӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, афғонӣ, арабӣ ва ғ.-ро ба саҳна гузоштааст.[1]

Коргардонӣ дар балет[вироиш | вироиши манбаъ]

Коргардонӣ дар опера[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмография[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1943 — Таджикский киноконцерт
  • 1959 — Лайлӣ ва Маҷнун

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 78-79. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]