Қаннодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Pralines cut

Қаннодӣ (форсӣ: قنادی‎), шираворпазӣ, ҳалвогарӣ — шуғл ва санъати қандпазӣ ва қандфурӯшӣ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Пешаи қаннодӣ аввал дар Мисру Юнони Қадим ва Шарқи Наздик ривоҷ ёфта, баъд дар Итолиё (асри 15) ва аз он ҷо ба соири кишварҳо густариш ёфт. Конфет дар Мисру Юнони Қадим, мармалод дар Баҳримиёнзамину Шарқи Наздик, шоколод дар Мексика маълум буд. Барои омода сохтани ширавориҳо қаннодон аз қанд, меваву мағз истифода мекарданд. Ба Аврупоӣ асрҳои миёна тавассути арабҳо ворид мегардид. Дар Русия қаннодӣ (пряникпазӣ, кулчаи қандин) асрҳои 15-16 маълум буд. Нимаи асри 18 дар Петербургу Маскав корхонаҳои махсуси «қаннодӣ» ба кор шурӯъ карданд, ки дар онҳо пирожни, ҳалвои мағзи (нугу), конфет, ҳалвои бодомдор (марсипан), нӯшокии шоколаддор омода месохтанд. Дар ИҶШС зиёда аз 5000 номгӯи маҳсуоти қаннодӣ истеҳсол мешуд.

Қаннодии тоҷикон[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаннодӣ аз пешаҳои бостонии тоҷикон аст ва дар имтидоди таърих дар Бухорову Самарқанд, Хева, Хӯқанд, Хуҷанд, Тошканд, Деҳнаву Тирмиз, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор инкишоф ёфта буд. Ҳунармандони тоҷик дар ҷашну маросим аз ашёи хоми маҳаллӣ хелҳои гуногуни шириниҳои миллӣ (нишолло, мураббо, ҳалво, парварда, набот, печак, обидандон ва ғ.) тайёр мекарданд. Дар шаҳрҳои калон растаҳои қандфурушӣ мавҷуд буд. Дар Тоҷикистони тоинқилобӣ шираворро дар корхонаҳои хурди ҳунармандӣ мепӯхтанд. Дар ин корхонаҳо қариб ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мешуд. Баробари рушди технологияи истеҳсоли шириниҳо дар шаҳру навоҳӣ корхонаҳои калони саноати қаннодӣ (мас., «Ширин», «Лаззат», «Шириниҳои Шафоат», «Амирӣ» ва амсоли ин) ба кор даромад ва истеҳсоли ширавор афзуд. Аз санъати қаннодӣ ва анвоъи ширинӣ дар осори марбут ба пазандагӣ, аз ҷумла «Кони лаззат ва хони неъмат» ёд шудааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]