Қонуният

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонуният - риоя ва иҷрои дақиқ, якхела ва ҳатмии талаботи ҳуқуқ аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошад.

Талаби қонуният дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаасг:

«Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд»

.

Қонуният ба якчанд маъно истифода мешавад: принсипи фаъолияти давлатӣ (адолати судӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва м.и.); асоси ташкилии мақомоти давлат (интихоби Президент, Маҷлиси Олӣ) ва ғ. Қонунияти ҳуқуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар назар дорад.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 255