Қорӣ Наҷм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қорӣ Наҷм
Қорӣ Наҷм
Таърихи таваллуд 1854(1854)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1926(1926)
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Қорӣ Наҷм (Қорӣ Наҷмуддини Хонанда, с.тав. 1854, н.Рометан, Бухоро, с.ваф. 1926-27, Бу-хоро, сароянда, навозанда, таронасаро-оҳангсози мардумӣ. Ибтидо созу овозро дар зодгоҳаш ом-ӯхта, барои такмили маҳорат ба Бухоро омада, ба доираи устодони мусиқӣ ворид шуда, аз Қорӣ Каромати Дилкаш (1851-1906), Бобо Ҷалол (1845-1928), Бобо Ғиёс (1859-1927) ва диг. дарси овозхонӣ (мақомхонӣ), сознавозӣ, марвихониро фаро мегирад. Қорӣ Наҷм дар ҳунари иҷроӣ бештар ба сабки Қорӣ Каромати Дилкаш дилбастагӣ дошт ва дар пайравии ӯ корҳои зиёди эҷодию ҳунариро анҷом медиҳад. Барои дониши хуб андӯхтан дар мадрасаи Мири Араб таҳсил намуда, муддате дар дарбори Амир Музаффар (1860-1885) ҳамчун мут-риб хидмат карда, амир Абдулаҳад (1885-1910) ба ҳунари иҷроияш эътимод дошт. Баёзи «Шашмақом»-ро тартиб дода, Домулло Ҳалим (1878-1940), Усто Шодӣ (1878-1942) ва диг. аз ӯ ҳунари мақом-хонӣ омӯхтаанд. Қорӣ Наҷм «савт», «талқин», «муғулча»-ро бо камоли тозаҳунарӣ иҷро мекард, табъи баланди шеърдонӣ дошт ва дар баёзҳои «Шашмақом» чанд ғазалворааш дохил шудааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Айнӣ С. Назаре ба гузаштаи санъати то-ҷик // Куллиёт, ҷ.11, к.2, Душ., 1967; Айнӣ С. Ёддоштҳо, ҷ.3, Сталинобод, 1950; Тадж.искусство, М., 2002; Таджикская музыка, Душ., 2003; Энсиклопедияи ада-биёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ.,2004; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 111 ISBN 978-99947-49-13-3