Ҳомид Муҳаммадиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомид Муҳаммадиев
Ҳомид Муҳаммадиев
Зодгоҳ Бухоро
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Ҷоизаҳо «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1944)

Муҳаммадиев Ҳомид (тав. соли 1905, ш. Бухоро – ваф. маълум нест) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1947), дотсент (1948). «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1944).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1943 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Бухороро хатм кардааст. Солҳои 1923–1925 муаллим ва мудири мактаби дараҷаи 1 ва 2 ш. Бухоро, 1925–1926 коркуни иттифоқҳои касабаи мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи ш. Бухоро, 1926–1928 муаллими мактаби миёна ва техникуми омӯзгории ш. Бухоро, 1938–1942 мудири кабинети физика-математикаи Институти тадқиқотӣ-илмии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикстон, 1942–1943 мудири Шуъбаи маорифи вилояти Сталинобод, 1943–1947 директори Институти илмӣ-тадқиқотии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1948–1968 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1953–1957 ҳамчун дотсент дар Донишкадаи давлатии занонаи ш. Душанбе дарс гуфтааст. Директори донишкадаи омӯзгории пойтахт Шукуров О. ба фаъолияти омӯзгории ӯ баҳои мусбат додааст. Муаллифи якчанд мақолаҳо оид ба методикаи таълими математика ва китобҳои таълимӣ барои донишҷӯён мебошад. Барои хидматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1944) қадр карда шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]