Ҷамшед Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамшед Исмоил
Ҷамшед Исмоилов
Таърихи таваллуд 30 август 1956(1956-08-30)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 16 август 2020(2020-08-16) (63 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2018)

Ҷамшед Исмоилов (Исмоилов Ҷамшед Қосимович; 30 августи 1956, Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 16 августи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхон ва таронасарои тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон (2018)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Исмоилов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии шаҳри Кӯлоб (1973), факултаи маданию равшаннамоии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (бахши дирижёрӣ, 1977), факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995) буда, фаъолияти корияшро ибтидо дар Кумитаи ҷавонони ш. Душанбе ба ҳайси коргузор (1978—1982) оғоз намудааст. Сипас сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон (1982—1992), директори гурӯҳҳои ҳунарии кумитаи мазкур (1992-95), муовини вазири фарҳанги ҶТ (1995—2001), директори генералии Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги ҶТ (аз соли 2003 то 2020) хидмат намудааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Исмоилов баробари сарояндаи соҳибсабк будан инчунин муаллифи зиёда аз 60 суруд буда ва таснифоташ «Хез модар», «Гуфтамат имшаб биёям», «Бародарон», «Биё бародар шавем», «Хоки ватан», «Эй сорбон», «Омадӣ ҷонам ба қурбонат» ва ғ. назди дӯстдорони созу овоз маъруфияти хоса касб кардаанд. Ҷамшед Исмоилов иштирокдори симпозиуму фестивалҳои байналмилали мусиқии мардумони Шарқ (Самарқанд 1983, 1987, 1997) буда, дар ҳайатҳои ҳунарии тоҷик бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ (1982—1991, Белорусия, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон), мамолики хориҷӣ (Кипр-1984, Афғонистон-1985, Олмон-1989, Белгия-1993,Туркия-1990, Эрон-1996-98, 2006 ва ғайра) сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Ҷамшед Исмоилов аз аввалин ташаббускори гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии «Дурдонаҳои Шашмақом» (Душанбе-1996), «Ахтарон» (Душанбе-1997) ва «Суруди сол» (Душанбе-1995) аст. Барои маҳорати баланди иҷроӣ ва тарғиби дастоварҳои фарҳангу ҳунари тоҷик сазовори ифтихорномаҳо гардидаст.[2]

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Исмоилов 16 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт[3]. Ӯ рӯзҳои охир бо бемории қанд дар беморхонаи «Истиқлол» табобат мегирифт. Маросими дафн худи ҳамон рӯз гузаронида шуд, ки ҷасади ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони хусусӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (7 августи 2018). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
  2. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 89 ISBN 978-99947-49-13-3
  3. Даргузашти ҳунарманди шинохта Ҷамшед Исмоилов(тоҷ.). Спутник. 16 августи 2020 санҷида шуд.
  4. Ҷамшед Исмоилов сарояндаи "Модари ман" - ро дар Лучоби ба хок супурданд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 августи 2020 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Исмоилов Ҷ. Имрӯзу фардо навояш шунав, Душ., 2001;
  • Базми Ҷамшед, Душ., 2002;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004.