Ҷаниншиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эмбрион дар марҳалаи ҳашт ҳуҷайраӣ
1 — морула, 2 — бластула

Ҷаниншиносӣ, эмбриоло́гия (аз юн.-қад. ἔμβρυον — эмбрион, ҷанин + -λογία аз λόγος — омӯзиш) — илм дар бораи рушди ҷанин.

Мавзӯи омӯзиши он инкишофи ҷанин ё эмбрион аз лаҳзаи бордоршавӣ, яъне ҳангоми омезиши ҳуҷайраи ҷинсии мардона (нутфа) бо ҳуҷайраи ҷинсии занона (тухмҳуҷайра) то ба охир расидани ташаккули узвҳо (органогенез) мебошад. Дар илми акушерӣ аз ҳафтаи 9-уми инкишоф эмбрион номи ҳамилро мегирад ва давраи аз ҳафтаи 9-уми инкишофи дохилибатнӣ то таваллуд давраи «ҳамилият» номида мешавад.

Омезиши ҳуҷайраҳои ҷинсии мардо­наю занона дар нои бачадон (тухмгузар) сурат мегирад. Тухмҳуҷайраи бордор бо тухмгузар ҳаракат карда, тақрибан рӯзи 6-ум ба бачадон мерасад, ки луобпардаҳои он барои қабули эмбрион тайёранд. Эм­брион дар девораи бачадон, ки минбаъд ҷои рушди он қарор мегирад, ҷойгир мешавад. Рушди эмбрион аз чанд дав­ра иборат аст: тақсимшавии тухм, пай­доиши баргакҳои эмбрионӣ, ҷудошавии мабдаъҳои асосии узву бофтаҳо ва инки­шофи онҳо. Эмбриология ҳамаи давраҳои инкишофи дохилибатниро меомӯзад, тағйири сохти бофтаҳо, ташаккули вазоиф ва аз меъёр дур шудани рушди эмбрионро тадқиқ ме­кунад. Муваффақиятҳои эмбриология имкон дод, ки пайдоиши айбҳо ва нуқсҳои инкишофи модарзодӣ шарҳ ёбанд. Муқаррар карда шудааст, ки дар натиҷаи ба таъсироти за­раровар ҳассосияти баланд доштани эм­брион дар ташаккули узвҳо ва қисмҳои ба­дан ихтилоли устуворе ба амал меояд. Дар тараққиёти эмбрион давраҳои ҳалкунанда (бӯҳрони)-еро ҷудо мекунанд, ки дар ин давраҳо эмбрион ба ҳар гуна таъсирот ҳассос аст; ҳар як узв давраҳои бӯҳронии худ, яъне лаҳзаҳои пуршиддати мубодала­ро дорад. Давраҳои бӯҳронии инкишофи узвҳои асосии инсон ба ҳафтаҳои 3 – 7-уми инкишофи дохилибатнӣ рост меоянд (ниг. Ҳомилагӣ). Таъсироти гуногун сабаби пай­доиши ҳамон як нуқси инкишоф – эмбрио­патия мегарданд. Ташаккули навъи нуқс ба замон ва давомати таъсироти омили зараровар вобаста аст. Барои аз эмбрио­патия эмин доштан, зани ҳомиларо аз таъсири номусоид ҳифз бояд кард. Аз ин ҷиҳат ба маркази мушовараи тиббӣ ҳар чӣ барвақттар муроҷиат кардани вай басо муҳим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]