Ҷеймс Монро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷеймс Монро
англ. James Monroe
4 марти 1817 — 4 марти 1825
Ноиби президент Дэниэл Томпкинс
Пешгузашта Ҷеймс Мэдисон
Ҷонишин Ҷон Куинси Адамс
27 сентябри 1814 — 2 марти 1815
Президент Ҷеймс Мэдисон
Пешгузашта Ҷон Армстронг
Ҷонишин Уилям Кроуфорд
2 апрели 1811 — 4 марти 1817
Президент Ҷеймс Мэдисон
Пешгузашта Роберт Смит
Ҷонишин Ҷон Адамс
12-умин губернатори Вирҷиния
парчам
19 декабри 1799 — 1 декабри 1802
Пешгузашта Ҷеймс Вуд
Ҷонишин Ҷон Пэйҷ
16-умин губернатори Вирҷиния
парчам
16 январ — 2 апрели соли 1811
Пешгузашта Ҷорҷ Смит
Ҷонишин Ҷорҷ Смит
18 апрели 1803 — 26 январи 1808
Президент Томас Ҷефферсон
Пешгузашта Руфус Кинг
Ҷонишин Уилям Пинкни
28 майи 1794 — 9 сентябри 1796
Президент Ҷорҷ Вашингтон
Пешгузашта Гувернюр Моррис
Ҷонишин Чарлз Пинкни
9 ноябри 1790 — 29 марти 1794
Пешгузашта Ҷон Уокер
Ҷонишин Стивенс Мэйсон
3 ноябри 1783 — 7 ноябри 1786
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Ҳенри Ли

Таваллуд 28 апрел 1758(1758-04-28)
Даргузашт 4 июл 1831(1831-07-04) (73 сол)
Мадфан қабристони мармарии Ню-Йорк, соли 1858 дар қабристони Ҳолливуди Ричмонд дубора гӯронда шуд.
Падар Спенс Монро
Модар Элизабет Ҷонс Монро
Ҳамсар Elizabeth Monroe[d][2]
Фарзандон Maria Hester Monroe Gouverneur[d][2], Eliza Kortright Monroe Hay[d][3][2] ва James Spence Monroe[d][3][2]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Калисои Епископал[d]
Соядаст
Навъи артиш Continental Army[d]
Рутба саргурд
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Ҷе́ймс Монро́ (англ. James Monroe, 28 апрели соли 1758, Вашингтон-Пэриш, иёлоти Вирҷиния, — 4 июли соли 1831, Ню-Йорк) — арбоби сиёсӣ ва давлатии амрикоӣ, панҷум президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (18171825), яке аз таъсисдиҳандагони хариди Луизиана ва мукаммалкунандаи сиёсати хориҷӣ, ки доктрина Монро ном дорад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Оила[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷеймс Монро 28 апрели соли 1758 дар Вашингтон-Пэриш, (округи Уэстморленд, иёлоти Вирҷиния), дар оилаи заминдори на он қадар бой чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Волидони ӯ соли 1752 издивоҷ кардаанд. Аз панҷ фарзанди таваллудшуда чортояш ба балоғат расиданд. Бобокалони падарии Ҷеймс дар миёнаи асри XVII аз Шотландия ба Амрико муҳоҷират кардааст.

Таҳсилот ва хидмати аскарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мактаби хусусии пастор Арчибалд Кэмпбелл таҳсил кардааст, аз 16 солагӣ дар Коллеҷи Вилҳелм ва Мария дар Уилямсбург, пойтахти онвақтаи Вирҷиния. Соли 1775, замоне, ки ҷанги инқилобӣ оғоз шуд, Монро ба қӯшунҳои вирҷинии ҳарбии континенталӣ шомил гашт ва дар 18 солагӣ ба афсарӣ мушарраф гардид. Дар муҳорибаи назди Лексингтон ва Конкорд иштирок намудааст. Баҳори соли ояндааш аз коллеҷ рафт ва ба қӯшунҳои континенталӣ пайваст. Дар соли 1778 рутбаи подполковникро соҳиб шуд. Аз соли 1780 то 1783 Монро илми ҳуқуқшиносиро таҳти роҳбарии Томас Ҷефферсон омӯхтааст.

Издивоҷ ва фарзандон[вироиш | вироиши манбаъ]

16 феврали 1786 Ҷеймс Монро ба Ҷони Куни Адамс оиладор шуд. Маросим дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Онҳо соҳиби се фарзанд гаштанд:

  • Элиза Монро Ҳей (17861835)
  • Ҷеймс Спенс Монро (17991801)
  • Мария Эстер Монро Гувернер (18031850)

Монро бо соҳиб гаштани хоҷагии бузурги зироатӣ орзуи кӯдакии худро амалӣ намуд, вале кӯшишҳои ӯ дар хоҷагии қишлоқ бенатиҷа анҷом ёфт. Зиндагии бокарруфари ӯ зуд-зуд сабаби фурӯши амвол барои пардохти қарз мегардид.

Фаъолияти сиёсии бармаҳал[вироиш | вироиши манбаъ]

Сиёсати Вирҷиния[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1782 Монро дар палатаи вакилони Вирҷиния интихоб шуд, аз соли 1783 то соли 1786 ҳамчун вакили конгресии конфедератсия фаъолият кардааст.

Соли 1794 Монро сафири ИМА дар Фаронса таъйин шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]