Виҷдон
Виҷдон (ар. وجدان — ёфтан, дарёфт) — мақулаи илми ахлоқ ва мафҳуми равоншиносӣ; қобилияти инсон барои назорат ва баҳодиҳӣ ба одобу рафтор ва аъмоли худ, ҳисси ботинӣ барои муқаррар кардани меъёрҳои ахлоқи фардӣ ва ташхиси дуруст аз нодуруст.
Виҷдон ҳам дар шакли дарки оқилонаи моҳияти ахлоқии кору рафторе, ки фард анҷом медиҳад ва ҳам дар шакли таассуроти эҳсосотӣ, аз қабили «виҷдони соф (пок)», «қарзи виҷдон», «азоби виҷдон» зоҳир гашта, баёнгари худшиносии ахлоқии фард аст. Касе, ки ғайрбинии дигаронро сутуда, худбинии онҳоро мазмум медорад, беихтиёр нисбат ба рафторҳои худ низ аз ҳамин мавқеъ баҳо медиҳад; аз рафторҳои наҷибу шоистаи худ эҳсоси қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон барои худкомагии хеш дар хиҷолат меафтаду пушаймон мешавад.
Сенека ба покии виҷдон ба ҳайси манбаи қаноатмандӣ ва ба азоби виҷдон ҳамчун ҷазо барои рафторҳои ношоиста ишора кардааст. Демокрит виҷдонро сифати фитрии инсон ва меъёри олии рафтори ӯ медонист. Кант итоат ба доварии ботиниро талаб мекард, ки он сифати фитрии инсон буда, аз ҷониби ӯ касб нашудааст. Аз нигоҳи ӯ, ин доварӣ бечунучаро эътимоднок буда, хатои виҷдон номумкин аст. Ба қавли Фихте, виҷдон «ба ҷуз дарки бевоситаи қарзи муайяни мо чизи дигаре нест». Дар таълимоти ӯ, ки тақсимбандии «Ман»-и таҷрибӣ ва муфориқи Кант ва дар ҳамроҳӣ бо он виҷдони дугонаро пазируфтааст, муносибати виҷдони фитрӣ ба виҷдони таҷрибӣ комилан тағйир меёбад.
Дарвин пайдоиши азоби виҷдонро чунин тасвир мекунад, ки дар ботини мо ҳисси ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон мавҷуд аст. Агар мо ба сабаби худхоҳӣ ин ҳисро пайгирӣ нанамоем, масалан, ба наздиконамон дар фалокати ба сарашон омада мадад нарасонем, пас, минбаъд, вақте мо он фалокатро тасаввур мекунем, андешаи ёрӣ расондан ба наздиконамон аз нав пайдо мешавад ва анҷом надодани ин кор дар мо эҳсоси дардноки азоби виҷдонро меангезад. Аз нигоҳи Менгер, виҷдон ҳисси фитриест, ки дар заминаи шарм пайдо мешавад ва бо он тавъам аст. Он ҳамзамон бо синну сол таҳаввул наёфта, баъди вориди ҷомеа гаштани инсон ҳам дигаргун намешавад. Аммо муносибатҳои ҷамъиятӣ ба хирад таъсир мерасонанд ва ба ӯ имкон медиҳанд, ки виҷдонро «пинҳон намояд». Виҷдон доим аз худ хабар дода, касро азоб медиҳад. Менгер виҷдонро ягона меъёри дурустии қабули қарорҳо арзёбӣ кардааст. Ба қавли ӯ, «дар оянда ҷомеа бояд ногузир насли наврасро чунон тарбият намояд, ки виҷдон қонуни асосии хирад бошад. Дар акси ҳол, ба ҷомеае, ки дар он нисбати виҷдон беэътиноӣ карда мешавад, ҳалокати қарибулвуқуъ таҳдид менамояд».
З. Фрейд виҷдонро «Худи бартар» ё «Фаро-Ман»-и инсон номида, онро дарки ботинии раво набудани зуҳури хостаҳои шахс, таҷассуми таҳримҳои ботинӣ ва меъёрҳою муқаррарот медонист. Ба ақидаи ӯ, виҷдон рафтору пиндорҳои инсонро назорат карда, дар бораи онҳо ҳукм мебарорад ва нақши нозир (сензор)-ро адо менамояд. Э. Фромм байни виҷдони худкома (авторитарӣ) ва ҳуманистӣ (инсонгаро) фарқ мегузошт. Виҷдони худкома нидои қудрат (авторитет)-и хориҷӣ (падару модар, калисо, давлат, афкори ҷомеа) аст, ки инсон мекӯшад ба он писанд ояд ва аз норозигии он тарсу ҳарос дорад. Муқаррароти чунин виҷдонро на арзишҳое, ки шахс муътақиди онҳост, балки амру наҳйи қудратҳо муайян менамоянд. Аз назари Фромм, виҷдони худкома ду гуна мешавад: пок ва гунаҳгор; инсон аз ҳар дуи онҳо бархурдор аст. Виҷдони пок дарки аз ту розӣ будани қудрат ва виҷдони гунаҳгор дарки аз ту норозӣ будани ӯст. Виҷдони пок эҳсоси хушиву амният, виҷдони нопок тарсу ноумедӣ бармеангезад. Виҷдони худкомаи Фромм моҳиятан ҳамон «Фаро-Ман»-и З. Фрейд аст.
Аз нигоҳи уламои исломӣ виҷдон аз маротиби нафси одамӣ ва баробар бо «нафси лаввома» («нафси маломаткунанда»; Қуръон: 75: 2) буда, ӯро пас аз анҷом додани кору рафтори нодуруст сарзаниш мекунад. Дар осори ахлоқии мутафаккирон аҳаммияти бузурги тарбиявӣ доштани виҷдон таъкид гашта, он қувваи ботинӣ ва неруи даруние дар вуҷуди одамӣ арзёбӣ шудааст, ки инсонро аз кору рафтори писандида ва нописанд огоҳ мекунад. Саъй ба сӯйи некӣ ва даст кашидан аз бадӣ дар фитрати инсон мавҷуд аст. Вақте ки шахс амалеро анҷом медиҳад, дурустӣ ё нодурустии онро дар замири қалбаш эҳсос мекунад, аммо хислатҳои замимаи нафси одамӣ ба ӯ имкон намедиҳанд, ки эҳсосоти мазкурро дарк намояд. Ин набарди ботинӣ ба ҳар шаклу сурат тамоми тӯли ҳаёти бошууронаи инсон идома меёбад.
Чизе, ки ба василаи виҷдон шинохта шавад, «виҷдонӣ» ва он чӣ ҳар инсоне дар хештан дармеёбад, «виҷдониёт» хонда мешавад. Мафҳуми виҷдон бо мафҳумҳои шарм, озодӣ ва гунаҳгорӣ алоқаи зич дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
- Лейбин В. Словарь-справочник по психоанализу. М., 2010 г.;
- دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ۵۱. تهران، ۱۹۹۸؛
- دانشنامۀ دانش گستر. جلد ۸۱. تهران، ۱۳۸۹ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виҷдон / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.