Гибралтар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гибралтар
англ. Gibraltar
исп. Gibraltar
Парчам Нишон
Парчам Нишон
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]
Забонҳои расмӣ инглисӣ
Пойтахт Гибралтар
Воҳиди пул Gibraltar pound[d]
Интернет-домен .gi
Рамзи ISO GI
Пешшумораи телефон +350
Минтақаи замонӣ Central European Time[d]

Гибралта́р (англ. Gibraltar [dʒɪˈbrɔːltər]) — мулке кӯҳистонӣ дар соҳили ҷанубии Испониё дар ҷануби ғарбии Аврупо аст, ки дар интиҳои ҷануби нимҷазираи Пиреней қарор дорад ва аз шимол марзи муштарак бо Испониё дорад ва яке аз Сарзаминҳои наздидарёии Биритониё ба шумор мерафт.

Калимаи «Гибралтар» гунаи испониёишудаи ибораи арабии Ҷабалу-т-Ториқ (جبل الطارق) мебошад, ки маънояш кӯҳи Ториқ аст. Ин ном ба шарафи сарлашкари араб Ториқ ибни Зиёд, ки ҳуҷуми арабҳоро ба нимҷазираи Пиреней роҳбарӣ кардааст, дода шудааст. Ҳудуди Гибралтар димоғаи танги серхарсанг ва гарданаи региро (онро бо нимҷазираи Пиреней мепайвандад) дар бар мегирад. Минтақаи бетараф Гибралтарро аз ш. Ла-Линеяи Испания ҷудо мекунад. Сарҳаддаш бо Испания барои ҳаракати автомобилҳо ва равуои пиёдагардон шабонарӯзӣ боз аст. Дар шарқ то баҳри Миёназамин тӯл кашидааст. Дар ғарби он халиҷи Алхетирас ҷойгир аст. Дар ҷануб гулӯгоҳи Гибралтар Гибралтарро аз Африқо ҷудо мекунад. Масоҳаташ 6,5 км2. Тӯли Гибралтар аз ҷануб ба шимол — 4,8 км, аз ғарб ба шарқ — то 1,2 км. Аҳолиаш 30,1 ҳазор нафар (2013). Воҳиди пулаш — фунт стерлинги Гибралтар. Аз соли 2000 дар Иттиҳоди Аврупо мақоми махсус дорад.

Сохти давлатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи конститутсияи соли 1969 ҳокимияти иҷроия ба зиммаи губернатор аст, ки ӯро шоҳ (монарх)-и Британия Кабир таъйин мекунад. Ҳукумати Британия барои мудофиа, робитаҳои берунӣ, устуворӣ (субот)-и молиявӣ ва амнияти дохилии Гибралтар масъул мебошад. Мақоми қонунгузор — Ассамблея аз ҷониби аҳолӣ ба муҳлати чор сол интихоб мешавад ва масъалаҳои рушди дохилиро баррасӣ менамояд. Ба ҳайати он 15 намоянда (депутат) ва 2 узв (прокурори генералӣ ва котиб оид ба молия ва рушд) дохил мешаванд.

Роҳбари Ассамблея раис ‒ (спикер)-ро губернатор таъйин мекунад. Ҳукумат (Шӯрои вазирон, аз 4 то 8 вазир) дар назди Ассамблея масъул буда, ба ҳалли масъалаҳои дохилӣ машғул аст. Ҳокимияти судӣ аз Суди Олӣ, Суди апеллятсионӣ, Суди мақоми аввалия ва суди магистрат (суди ҷаҳонӣ) иборат аст. Ҳизбҳои сиёсӣ: Ҳизби сотсиалистии лейбористии Гибралтар, Ҳизби либералӣ, Ҳизби демократии тараққихоҳ. Дар интихоботи парлумонӣ, ки 8 декабри 2011 баргузор гардид, иттиҳоди Ҳизби сотсиалистии лейбористӣ ва Ҳизби либералӣ ғалаба кард.

Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди ҳудуди Гибралтарро ноҳияи кӯҳистон (баландиаш аз с. б. то 426 м) ташкил медиҳад, ки аз оҳаксангҳои давраи юра ташаккул ёфтааст. Гарданаи регӣ навташкилаи давраи чорум мебошад. Дар натиҷаи облесӣ ва фаъолияти инсон дар сахраи Гибралтар ғорҳо ва нақбҳо пайдо шудаанд. Дар аксари онҳо ҷасади ҳайвоноти мунқаризи қадимӣ ва неандерталҳо ёфт гардидаанд. Иқлими Гибралтар мулоими баҳримиёназаминист, рӯзҳои офтобӣ бисёранд (ҳарорати миёнаи моҳи август +23,9°С, январ +12,8°С). Тобистон баъзан ҳарорат зери таъсири шамоли ҷанубии «сирокко» то +32°С мерасад. Дар Гибралтар умуман барф намеборад, вале зимистон замин ях мебандад. Боришоти солона 810 мм. Дар Гибралтар намнокӣ нокифоя аст, зеро оби боронро оҳаксангҳои масомадор ҷабида, дар сатҳи замин ҷорӣ намешавад. Аз сабаби норасоии нам ва камғизоии хок олами набототу ҳайвоноти Гибралтар маҳдуд аст. Дар Гибралтар санавбари румӣ, зайтуни худрӯй, ягона дар Аврупо нахли худрӯй — палмито, буттаву алафҳо мерӯянд. Бештар чинор, анҷир, бодом, меваҳои ситрусӣ, кактусҳо парвариш карда мешаванд. Аз ҳайвонот танҳо заргӯш, хояндагони майда, маймунҳои хурди бедуми барбарӣ, 15 навъи парандагон, аз ҷумла кабки барбарӣ боқӣ мондаанд. Гибралтар дар Аврупо ягона минтақаест, ки парандаҳо ҳангоми кӯчбандӣ дар он ҷо таваққуф мекунанд.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии таҳҷоӣ (аслӣ)-и Гибралтар гибралтариҳо (авлоди испаниягиҳо ва арабҳо), англисҳо, итолиёиҳо, марокашиҳо, ҳиндуҳо, португалиҳо ва яҳудиён мебошанд. Зичии аҳолӣ 4462 нафар дар 1 км2. Ду маҳалли аҳолинишин дорад: ш. Гибралтар ва деҳачаи Каталан-Бей. Забони расмиаш — англисӣ, забони муошират — англисӣ ва испанӣ. 76,9 дарсади аҳолӣ — католик, 6,9 % — мусулмон, 2,3 % — яҳудиён, 13,9 % — пайравони динҳои дигар. Барои низомиёни англис ва аъзои оилаи онҳо калисои англиканӣ мавҷуд аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди қадим ҳудуди Гибралтарро финиқиҳо ба даст оварданд. Гибралтар барои юнониҳо ва римиҳои қадим бо номи Калпе ё Абила маълум буд; онҳо онро якҷо бо димоғаи Абила дар соҳили Африқо ақсои олам мепиндоштанд. Соли 711 арабҳо дар доманаи Сахра қалъаи Ҷабалу-т-Ториқ-ро сохтанд. Соли 1309 қалъаро испаниҳо забт карданд. Соли 1704 дар вақти ҷанг бо Испания Гибралтарро англисҳо истило намуданд. Соли 1713 мувофиқи сулҳи Утрехт расман ба тобеияти Британияи Кабир гузашт ва ба қалъае табдил дода шуд, ки гузаргоҳ аз баҳри Миёназамин ба уқёнуси Атлантик ва аз Аврупо ба Африқоро назорат мекард. Аҳаммияти Гибралтар ҳамчун пойгоҳи стратегии Британияи Кабир баъди ғалабаи флоти Британия бар флоти франку испанӣ дар назди димоғаи Трафалгар (1805) ва махсусан баъди сохтани наҳри Суэс (1869) афзуд. Дар асри 20 аҳаммияти он ҳамчун «калид ба баҳри Миёназамин» боқӣ монд. Баҳс оид ба мақом ва мансубияти Гибралтар байни Испания ва Британияи Кабир қариб 300 сол, бахусус баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) идома дорад. Испания чандин бор (1940, 1956, 1963 ва баъдтар) барои бозпас гирифтани Гибралтар масъала ба миён гузошт. Раъйпурсии соли 1967 собит кард, ки аҳолии Гибралтар хоҳиши дар зери ҳукумати Британияи Кабир буданро дорад. Соли 1969 Гибралтар мақоми худидоракуниро зери назорати губернатори низомии Британия соҳиб гардид. Солҳои 1969-85 Гибралтар дар муҳосираи комили иқтисодии Испания қарор дошт. Соли 1998 Испания боз барои гирифтани ин минтақа даъво кард. Дар референдуми соли 2002-ум 98,8 дарсади аҳолии Гибралтар бар зидди тобеияти дугона — Испания ва Британияи Кабир овоз дода, дар тобеияти ҳукумати Британияи Кабир боқӣ монданро ихтиёр намуданд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷагии Гибралтар асосан ба хидматрасонии пойгоҳҳои ҳарбии баҳрӣ ва ҳавоӣ, бандари транзитӣ, инчунин саёҳати хориҷиён алоқаманд аст. Аз сабаби набудани захираҳои минералӣ ва заминҳои кишоварзӣ иқтисодиёти Гибралтар қариб тамоман ба воридоти молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ аз Британияи Кабир (қариб 60 дарсади муомилоти савдои берунӣ), Марокаш ва дигар мамлакатҳо вобаста мебошад. Ҳамасола аз гулӯгоҳи Гибралтар қариб 3 ҳазор киштӣ мегузарад. Гардиши мол дар бандар — 350 ҳазор т. Қисми зиёди пахтаи Миср, қариб 80 дарсади маҳсулоти содиротии Туркия, 90 дарсади маҳсулоти Юнон, 60 дарсади маҳсулоти Итолиё ва Испания, оби ошомиданӣ аз Марокаш тавассути гулӯгоҳи Гибралтар кашонда мешавад. Бандар бо лангаргоҳҳо, бункерҳо, иншооти таъмири киштиҳо, анборҳо, корхонаҳои киштисозӣ, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ барои киштиҳо муҷаҳҳаз карда шудааст. Алоқаи нақлиётӣ байни Гибралтар ва Аврупову Африқо бо паром сурат мегирад. 2 км дуртар аз бандар аэродроми бузург воқеъ аст. Дар Гибралтар корхонаҳои хурди хидматрасонӣ ба аҳолӣ, гарнизон ва сайёҳон (коркард ва истеҳсоли қаҳва, тамоку, консерваи моҳӣ, равғанкашӣ, дӯзандагӣ, нӯшокиҳо ва оби маъданӣ, ширинкунии оби баҳр) мавҷуданд 34 дарсади аҳолии қобили кори Гибралтар дар иншоотҳои низомӣ кор мекунад. Бонкҳои байналмилалӣ ва саноатӣ дорад. Дар Гибралтар алоқаи рақамӣ ва торӣ (симӣ), сайёҳӣ (туризм)-и байналхалқӣ рушд кардааст.

Дар Гибралтар як қисми қалъаи Мавритания (соли 1309 сохта шудааст), боқимондаҳои девори ш. Карли (нимаи аввали асри 16), қалъа (бастион)-и Сантяго, ки соли 1552 барои ҳимоя аз роҳзанони баҳрӣ бунёд гардидааст, мино дар димоғаи Аврупо (соли 1838 сохта шудааст) боқӣ мондаанд. Гибралтар осорхонаҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ, олами набототу ҳайвонот, осорхонаи муҳорибаи Трафалгар, маркази фарҳанги шаҳрӣ — хонаи Ҷорҷ Макинтош (дорои толори намоиш, клубҳо ва ҷамъиятҳои гуногун), театр дорад. Соли 1977 дар қисми ҷанубии Гибралтар аз ҷониби шоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазизи Сауд масҷиди Иброҳим ал-Иброҳим ҳамчун туҳфа бунёд гардид. Нашрияҳои давлатӣ — газетаҳои «Гибралтар газет» ва «Гибралтар кроникл».

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Винокуров Е. Теория анклавов. Калининград, 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]