Иван Баграмян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Баграмян
арманӣ. Հովհաննես Քրիստափորի Բաղրամյան
Зодрӯз 20 ноябр (2 декабр) 1897[1] ё 2 декабр 1897(1897-12-02)
Таърихи даргузашт 21 сентябр 1982(1982-09-21)[1][2][3][…] (84 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат пиёданизом[d] ва артиллерия
Қисм Marshal of the Soviet Union[d]
Равобит
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ива́н Христофо́рович (Оване́с Хачату́рович) Баграмя́н (арманӣ. Հովհաննես Քրիստափորի Բաղրամյան; 2 декабри 1897 — 21 сентябри 1982) — лашкаркаши шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944, 1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1915 ходими ҳарбӣ. Хатмкардаи мактаби прапоршикҳо (1917). Ширкаткунандаи Ҷан­ги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) ва Ҷанги шаҳрвандии Россия (1918-20). Соли 1920 ба Артиш (Армия)-и Сурх дохил шуд (фармондеҳи эскадрони пулемётчиён, полки савора, сардори ситоди дивизияи савора). Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1934), Академияи ҳар­бии Ситоди генералиро хатм кард (1938). Муаллими калони академияи Ситоди генералӣ (1938), сардори шуъбаи фаврии ситоди махсуси Округи ҳарбии Киев (1940). Аз ибт. ҶБВ (1941-45) дар вазифаи ҷонишини сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубу Ғарбӣ дар ташкили мудофиаи Киев, тарҳрезӣ ва ҳуҷуми ҷавобӣ дар амалиёти ҷангии назди Ростов ва Елетск иштирок кард. Аз декабр 1941 сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубу Ғарбӣ, аз июни 1942 фармондеҳи лашкари 16-ум, аз ноябри 1943 фармондеҳи сипоҳиёни Ҷабҳаи 1-уми Назди Балтика. Сипоҳиён таҳти фармондеҳии Баграмян дар муҳорибаи Курск (1943), амалиёти Белоруссия (1944) ва ғ. ғолиб омадаанд. Соли 1945 Баграмян фармондеҳи гурӯҳи фаврии Земландск ва Ҷабҳаи 3-юми Белоруссия буда, душманро дар назди Кёнигсберг шикаст дод. Солҳои 1945-54 фармондеҳи Округи ҳарбии Назди Балтика, 1954-55 сарнозири Вазорати мудофиа, 1955-56 ҷонишини вазири мудофиа, 1956-58 сардори Академияи ҳарбии Ситоди генералӣ, 1958-68 сардори Ақибгоҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, аз соли. 1968 нозири генералии Гурӯҳи нозирони генералӣ. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2-7).

Хрдену медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 7 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи I), ордени Кутузов (дараҷаи I) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Так начиналась война. 2 изд. Москва, 1977;
  • Так шли мы к Победе. Москва, 1977;
  • Мои воспоминания. Ереван, 1979.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. TracesOfWar

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мержинов М. И. Солдат, генерал, маршал. Москва, 1974;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]