Искандаркӯл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Искандаркӯл
Морфометрия
Баландии мутлақ2 195 м
Масоҳат3,4 км²
Ҳаҷм0,24 км³
Ҳавз
Дарёи обгирИскандардарё
Макон
39°04′28″ с. ш. 68°22′06″ в. д.HGЯO
Кишвар
Минтақавилояти Суғд
Ноҳияноҳияи Айнӣ
Парвандаҳо дар Викианбор
Искандаркӯл

Искандаркӯл — кӯл дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаркӯл, яке аз кӯлҳои зеботарини диёри тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар доманаи кӯҳҳои Бутамони охир (Ҳисор) ҷойгир аст. Мувофиқи фарзияи маъмули муосир, Искандаркӯл, номи яке аз забткунандагони асрҳои IV-и пеш аз мелод Искандари Мақдуниро ба худ гирифтааст.

Мавқеи ҷуғрофӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаркӯл аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км, аз шаҳри Хуҷанд дар масофаи 240 км ва аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар масофаи 22 км ҷойгир шудааст. Кӯл шакли секунҷаро дошта, майдони он 3,4 км² мебошад. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма 3,250 км, ва аз тарафи шимол ба ҷануб 2,9 км. Дарозии хатти соҳили кӯл бошад, 14 километрро ташкил медиҳад. Чуқурии кӯл 71,7 м буда, аз ҳисоби миёна 50,8 м мебошад. Пас аз тавсифи Искандаркӯл аз тарафи олимон Е. Казакова ва А. Мухин соли 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 м, Чимтарға 5489 метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳӯр гаштааст.

Кӯҳҳои Фон дар ҳамсарҳадӣ бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошанд, ки сарҳади онҳоро Нова ва дарёҳои Пасрӯд, Фондарё, Саратоғ ва сойҳои Уреғ, Вору, Арчамайдон ҷудо менамоянд ва онҳо ба кӯли Искандар мерезанд. Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кӯҳи афтида 1,5 км паҳноӣ ва 600 м баландӣ дорад. Кӯл он вақтҳо дучанд калон буд. Аз кӯл як дарё ҷорӣ мешавад. Искандардарё (Фондарё). Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кӯл, аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меоварад. Диққати тамошобинонро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотуб буда, дар баландии зиёда аз 40-метр ба поён меравад. Шаршара аз дузина иборат мебошад, вале, зинаи дуюмашро мутаассифона тамошобинон дида наметавонанд. Дар тарафи дасти рости даромадгоҳи кӯли Искандар дар резишгоҳи сойчаи Сарима боз як кӯли хурдакаки атрофаш дарахтзор ҷойгир шудааст, ки онро «Кӯли морон» меноманд. Дар атрофи кӯли Искандар намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро дарёфт карда метавонед, ки бештари онҳо аз нодиртарин рустаниҳо мансуб меёбанд.[1]

Ривоятҳои халқӣ оид ба номгузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаркӯл
Манзараи Искандаркӯл

Ҳоло дар миёни мардуми ин диёр афсонаю ривоятҳои зиёд бо номи Искандари Мақдунӣ ва ин кӯл мавҷуданд. Ривояте ҳаст, ки:

«Искандари Мақдунӣ вақти сафараш ба Ҳинд аз кӯли Искандар дидан менамояд. Дар он ҷо хайма зада истироҳат мекунад. Аспи дӯстдоштаи Искандар, ки Буҷефал ном дошт аз обҳои хунуки кӯҳистон нӯшида ба касалӣ гирифтор мешавад. Чун вақти сафар пеш меояд, Искандар аспбони худро барои нигоҳубин ва табобати аспаш дар он ҷо монда, бо аскаронаш сафари худро давом медиҳад. Вақте, ки асп сиҳат мешавад аспбон дар рафторҳояш як чизи ғайримуқаррариро ҳис мекунад. Ва баъди чанд муддат Буҷефал (Бутсефал) ба як баландӣ баромада чунон шиҳа кашид, ки гӯё атроф меларзид. Баъд давон худро ба кӯл партофта ғайб зад. Бино ба ривояти пирони рӯзгордида Буҷефал гӯё аз марги соҳибаш, ки вақти бозгашт аз Ҳинд дар роҳ бемор шуда мефавтад огоҳӣ ҳис намуда, ба қаъри кӯл меравад. Гӯё ҳар чанд вақт дар бевақти баромада ишакунон чарида қариби субҳ боз ба қаъри кӯл бармегардад»

.[1]

Хулосаи ҳамаи ин афсонаҳо чунин аст, ки гӯё ин кӯлро Искандар дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи одамон сохта бошад. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ ин афсонаҳоро ба куллӣ рад мекунанд. Искандари Мақдунӣ ҳеч гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сӯи Панҷакенту Бутамон нарафта буд.[1]

Пас саволе ба миён меояд, ки кай ва чӣ тавр ин кӯли зебо ва ин дарёи аз вай ҷоришуда бо номи Искандар маъруф гаштаанд? Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» менависад, ки дар

«Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар (Фалғар) ва дарёҷой андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал — Олам» гуфта мешавад, ки ба дарёҷой 4 рӯди хурд дарафтанд ва аз он рӯде берун ояд, ки аз замини Барғар даргузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад»

— «Ҳудуду-л-олам»

/

Дар ҳақиқат, чӣ тавре, ки дар боло гуфтем, дар кӯли Искандар чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон меафтанд. Аз кӯл бошад, як рӯд, ки бо номи Искандардарё (Фондарёи имрӯза) машҳураст, ҷорӣ мешавад, яъне берун меояд. Ҷуғрофҳои дигари асрҳои X—XII ибни Ҳавуқал, ал-Истахрӣ ва ал-Муқаддасӣ кӯли Искандарро «Маҷмаъ» — ҷамъи об номидаанд. Яке аз ҷуғрофҳои асри IX ибни Ҳурдодбеҳ кӯли Искандарро Айн ва дарёе, ки аз вай ҷорӣ мешавад Ҷирк номидааст. Дарёи Ҷирк шояд бо деҳаи дар ин ҷо будаи Ҷиҷик вобастагӣ дошта бошад.[1]

Ҳамин тавр аз ахбороти хаттии асрҳои миёна маълум мегардад, ки номи аслии Искандаркӯл Маштонзардарё ва рӯди аз вай ҷорӣ шуда, Ҷиҷик ном доштаанд. Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Маштонзардарё ва рӯдҳои Бутамон ахбор во намехӯранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI—XVII ба ҷои Бутамон, Кӯҳистон ва рӯди Суғд - Зарафшон навишта шудааст. Дар нимаи дуюми асри XIX дар саҳифаҳои адабиёти илмии рӯсӣ ба ҷои Маштонзардарё Искандаркӯл пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном бофта бароварда шудааст, ҳоло ба мо маълум нест.[1]

Пайдоиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаркӯл. Соли 2014

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби бориши аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Искандаркӯл: ривоят ва ҳақиқат[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаркӯл

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ ( 356 п.м. - 323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.

Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К. Ф. Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» — маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195—2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искодари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки шаҳри Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кӯҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.[1]

Гарчанде «Искодар» ва «Искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «Искодар» ва «Искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «Искотар» ба «Искандар» ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вазиров К., Саидов М. Кӯҳистони Зарафшон. — Душанбе, 2009
  • Вазиров К. Искандаркӯл /«Ба қуллаҳои Дониш» (рӯзномаи ДМТ), 2013, № 2.
  • Кеммерих А. О. Гидрография Помира и Помиро — Алая. — М.:Мысль, 1978
  • Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — 470 с.(тоҷ.)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 Вазиров К., Саидов М. Кӯҳистони Зарафшон. — Душанбе, 2009