Йёнс Якоб Берселиус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Йёнс Якоб Берселиус
швед. Jöns Jacob Berzelius
Таърихи таваллуд 20 август 1779(1779-08-20)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 август 1848(1848-08-07)[1][2][3][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Johan Afzelius[d]
Шогирдон Lars Fredrik Svanberg[d] ва James Finlay Weir Johnston[d][5]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Йёнс Якоб Берселиус (швед. Jöns Jakob Berzelius; 20 августи 1779, Линчёпинг — 7 августи 1848, Стокҳолм) — кимиёшинос ва минералшиноси шведӣ.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1802 унвони доктори тибро дар Университети Упсало гирифтааст. Профессори Университети Стокҳолм (1807) ва Институти тиббию ҷарроҳии Стокҳолм (1810–32). Узв (аз 1808), Президент (аз соли 1810) ва котиби доимии АИ Шветсия (аз соли 1818). Аз соли 1820 узви фахрии хориҷии АИ Петербург. Берсулиус бо роҳи таҷриба назарияи атомистикаро асоснок кард, онро тараққӣ дод ва ба кимиё дохил намуд. Ӯ с-ҳои 1810–16 дар асоси маводди таҳлили оксидҳо қонуни нисбатҳои каратиро собит сохт. Соли 1814 ҷадвали массаи атомии 41 унсурро тартиб дода, бо ҳарфҳои аввали юнонӣ ва лотинӣ ифода кардани номи онҳоро пешниҳод намуд. Берсулиус соли 1818 ҷадвали массаи атомии 46 унсур ва таркиби фоизии тақрибан 2 ҳазор пайвастҳоро, ки худаш таҳлил намуда буд, аз чоп баровард. Берсулиус ва В. Гизингер ба хулосае омаданд, ки ҳамаи намакҳо аз кислота ва асосҳо таркиб ёфтаанд ва ҳамаи пайвастҳои кимиёӣ чун намакҳо хосияти духела зоҳир менамоянд. Минбаъд Берсулиус назарияи электрокимиёии худро баён намуд. Баъди А. Лавуазе Берсулиус оид ба қобилияти кислота ҳосил кардани оксиген (зимнан ӯ ангидриди кислотаҳоро кислота номида буд) фикр ронд ва то дер мавҷуд будани кислотаҳои беоксиген (мас., HCl)-ро инкор мекард.

Берсулиус ва В. Гизингер дар асоси таҳқиқи маъданҳои гуногун серий (1803), селен (1817) ва торий (1828)-ро кашф намуданд. Солҳои 1824–25 аввалин шуда силитсий, титан, тантал ва сирконийро дар ҳолати озод ба даст овард. Берсулиус дар инкишофи кимиёи нимаи аввали садаи XIX саҳми арзанда гузоштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 Jöns Jacob Berzelius (швед.) — 1917.
  3. 3.0 3.1 Melhado E. M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Sveriges dödbok 1830–2020 (швед.) — 8 — Sveriges Släktforskarförbund, 2021.
  5. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]