Марк Антоний

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марк Антоний
лот. M.Antonius M.f.M.n.
номаълум — номаълум
44 то м. — 44 то м.
43 то м. — 33 то м.
34 то м. — 34 то м.
32 то м. — 30 то м.

Таваллуд 83 то м.[3]
Даргузашт 30 то м.[3]
Падар Marcus Antonius[d][8][3][3]
Модар Julia[d][8][3][3]
Ҳамсар Fadia[d][8][3][3], Antonia Hybrida Minor[d][8][3][3], Fulvia[d][8][3][3], Octavia the Younger[d][8][3][3] ва Клеопатра[8]
Фарзандон Antonia[d][8], Marcus Antonius Antyllus[d][8], Iullus Antonius[d][8][3][3], Cleopatra Selene II[d][8], Alexander Helios[d][8], Antonia Major[d][8], Antonia Minor[d][8] ва Ptolemy Philadelphus[d][8]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Марк Анто́ний (лот. Marcus Antonius; тахминан 14 январи соли 83 то м.1 августи соли 30 то м., Искандарияи Миср) — ходими сиёсии Рим, сарлашкар. Иштирокчии ҷангҳои зидди Фаластин ва Миср (57 — 55).

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 49 то м. трибуни плебейҳо интихоб шуда буд (соҳиби мансабе будан дар Руми Бостон). Солҳои ҷанги гражданӣ (49 — 45 то м.) Сезарро дар Рум фаъолона дастгирӣ кардааст. Баъди ҷанги назди Фарсад сарлашкари аскарони савора шуд. Соли 44 дар баробари Сезар соҳибмартаба — консул шуд, лекин баъд аз қатл шудани ӯ хост, ки ворисаш шавад. Ҳамзамон соҳиби хазинаи давлатӣ гашт. Ноябри 43 то м. аз тарафи Сенат дучори эътироз гашта, маҷбур шуд бо Октавиан ва Лепид ба триумвирати 2-юм созишнома баста, бар зидди Брут ва Кассий, инчунин ашрофи сенат ҷанг оғоз кунад. Бо кумаки онҳо пеши роҳи худро аз душманони сиёсӣ тоза кард. Соли 42 то м. қӯшунҳои Антони Марк дар якҷоягӣ бо Октавиан армияи республикачиёнро, ки сарвараш Брутт ва Кассий буданд, шикаст дод. Баъд аз ин идораи вилоятҳои шарқии империяи Рум ба дасти Антони Марк гузашт. Муносибати ӯ бо маликаи Миср Клеопатраи VII самимитар шуда, оқибат соли 36 то м. бо ӯ издивоҷ кард. Ба Клеопатра аз замини Рум мулкҳои бисёреро туҳфа намуд. Аз ҳисоби молу мулки Клеопатра солҳои 36 — 34 бар зидди Парфия ва Арманистон юришҳои нобарор кард. Бар замми ин сиёсати худсаронаву золимонаи ӯ нисбати ҳамкишваронаш боиси эътирози триумвират ва тамоми халқи Рум гардид. Октавиан, ки аз аввал бо Антони Марк барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ душманонӣ дошт, кӯшид то Сенат Антони Маркро душманони халқ хонда ва ба Клеопатра ҷанг эълон намояд. Соли 31 то м. дар назди димоғаи Аксия флоти мисрии Антони Марк дар ҷанг бо Октавиан шикаст хӯрд. Антони Марк ба Миср гурехт, лекин Октавиан қӯшунҳои Антони Маркро сарнагун намуда, ба Миср зада даромад ва охир Антони Марк худкушӣ кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]



Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "коммент.", but no corresponding <references group="коммент."/> tag was found