Маҳдӣ Ахавони Солис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳдӣ Ахавони Солис
Таърихи таваллуд: 1928[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 август 1990(1990-08-26)[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Жанр: қисса[d]
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ахавóни Солис Маҳдӣ (форсӣ: مهدی اخوان ثالث‎; 1928[1], Машҳад26 август 1990[2], Теҳрон) — шоири эронӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунаристони фан­ниро хатм кардааст. Дар рустоҳо муаллим, мудири дабистон буд. Бо матбуот, радио ва телевизион, Бунёди фарҳанги Эрон ҳамкорӣ мекард, вале машғулияти доимиаш сурудани шеър буд. Бо тахаллуси «М. Умед» шеър мегуфт.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаи нахустинаш «Арғанун» (1951). Баъдан, маҷмӯаҳои ашъораш — «Зимистон» (1957), «Охири Шоҳнома» (1959), «Аз ин Авесто» (1965), «Шикор» (1966), «Поиз дар зиндон», «Беҳтарин умеду ошиқонаҳо ва кабуд» (ҳар ду 1969), «Баргузидаи ашъор» (1970) ва ғайра ба табъ расиданд. Чанде аз осори арӯзшиносони арабро ба форсӣ тарҷума ва чоп кардааст. Роҷеъ ба сабки Нимо Юшиҷ бо номҳои «Бидъатҳо ва бадоеи Нимо Юшиҷ», «Шеваи нави нимоӣ дар шеъри форсӣ» рисолаҳо нигоштааст.

Сабк[вироиш | вироиши манбаъ]

Ахавони Солис дар ибтидои роҳи эҷод ба сабки хуросонӣ, шеъри суннатӣ, гароише дошт, баъдан ба сабки нимоӣ рӯй овард. Дар даврони камолоти эҷодӣ дар навиштаҳояш то андозае бозгашт ба сабки хуросонӣ бо омезиш ба сабки нимоӣ ба назар мерасад. Ахавони Солис шеъри суннатии форсии тоҷикиро бо «шеъри нави нимоӣ» оштӣ дода, дар ин ҷода сабки хешро ба вуҷуд овардааст. Дар ашъори дар пайравӣ аз «шеъри нав» гуфтааш мавзӯъ ва мазмунҳои иҷтимоӣ, образу истиороти маҷозии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавқеи муҳим доранд. Як ҷиҳати басе ҷолиб дар эҷодиёти Ахавони Солис ҳунари шоирии ӯ корбурди бамавқеи вожаҳо, забони форсиро хуб донистанаш мебошад.

Ахавони Солис дар байни шоирони муосири тоҷик пайравон дорад; дар саҳифаҳои матбуот шеърҳояш ба табъ расидаанд. Баъзе шеърҳояшро ҳофизони тоҷик ба оҳанг дароварда мехонанд (шеъри «Ҳамин аз ғам на танҳо чашми хунполои ман гиряд» дар иҷрои Ҷӯрабек Муродов).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 NUKAT — 2002.
  2. 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #119238284 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • История персидской литературы XIX—XX веков. М., 1999.