Морис Равел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Морис Равел
фр. Maurice Ravel
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Joseph Maurice Ravel[1]
Таърихи таваллуд 7 март 1875(1875-03-07)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 декабр 1937(1937-12-28)[3][4][5][…] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1892
Кишвар
Пеша(ҳо) раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз
Соз фортепиано ва fortepiano[d]
Сабк опера, мусиқии килоссик[d] ва impressionism in music[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Жозе́ф Мори́с Раве́л (фр. Joseph Maurice Ravel; 7 март 1875[2][3][4][…], Ciboure[d], Фаронса[2][6][1]28 декабр 1937[3][4][5][…], Порис, Фаронса[6]) — оҳангсоз ва пиёнунавози фаронсавӣ, раҳбари мусиқӣ. Ӯ ба унвони яке аз намояндагони барҷастаи импрессионизми мусиқоӣ дар таърих сабт шуд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Равел маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Порис гирифтааст. Чун пианинавоз ва дирижёр сафари ҳунарӣ карда, асарҳои худро иҷро мекард. Дар операву балетҳояш, асарҳои симфониву камеравӣ, дар сурудҳо ва пиесаҳои фортепиании ӯ истеъдоди хушоҳангии ба худ хоси Равел падидор мебошад. Навоварӣ дар эҷодиёташ бо риояи анъанаҳои мусиқии классикӣ ба назар мерасад. Ба қуллаи баландтарини эҷодиёти Равел асарҳои зиёди фортепиании ӯ тааллуқ доранд («Инъикос», «Гаспари шабона», «Валсҳои бофасоҳат ва сентименталӣ», «Оромгоҳи Куперен», «Сонатина», «Павана»), квартети торӣ, 2 консерти фортепианӣ, асарҳои оркестрӣ «Валс», «Балеро», «Рапсодияи испанӣ», операи лирикӣ — ҳаҷвии «Вақти испанӣ», опера — балети «Бача ва афсунгар», балети «Дафнис ва Хлоя» ва ғ. Равел ба мусиқии русӣ, алалхусус ба эҷодиёти Мусоргский, таваҷҷуҳи зиёд дошт, сюитаи фортепиании «Расмҳо аз намоишгоҳ»-и ӯро хеле устодона таҳияи оркестрӣ (оркестровка) намудааст. Равел санъати мусиқии Фаронса ва ҷаҳониро бо офаридаҳои нодираш бою рангин сохт.[8]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Свидетельство о рождении
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Ravel, Maurice (ингл.) // The Enciclopædia Britannica — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXII Pacific Ocean Islands to Zuloaga. — P. 254.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa12763/maurice-ravel (порт.)São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
  5. 5.0 5.1 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  7. LIBRIS — 2012.
  8. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.306-307. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)