Николай Бердяев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Бердяев
русӣ: Николай Александрович Бердяев
укр. Микола Олександрович Бердяєв
Таърихи таваллуд 6 (18) март 1874[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 март 1948(1948-03-24)[3][4][5][…] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа, philosophical anthropology[d], ҳастишиносӣ, philosophy of religion[d], фалсафаи ахлоқ ва фалсафаи сиёсӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Doctor of Divinity[d] ва доктори ифтихорӣ[d] (1947)
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Николай Александрович Бердяев (Николай Александровичъ Бердяевъ, 6 (18) марти 1874, Обухово, губериняи Киев, Русияи подшоҳӣ — 23 марти[7][8] 1948 (мувофиқи дигар маълумотҳо, 24 марти 1948[9][10]), Кламари Порис) — файласуф, равоншинос, муаррихи афкори фарҳангии рус, публитсист. Профессори Университети Маскав (1919), доктори фиқҳи (теология) Донишгоҳи Кембриҷ (1947).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1894 факултети ҳуқуқшиносии Университети Владимири Кадис дар Киевро хатм кардааст. Соли 1848 барои ширкат дар ҳаракати сотсиал-демократӣ боздошт ва табъид шуд.

Николай Бердяев дар китоби нахустини худ «Субъективизм ва индивидуализм дар фалсафаи ҷамъиятӣ» (1901) кӯшиш намуд, ки марксизмро бо фалсафаи интиқодӣ оштӣ диҳад. Солҳои 1906–1907 аз мавқеи неокантчигӣ ба мавқеи метафизикаи динӣ гузашт ва аз марксизм тамоман алоқаи худро канд. Ҳамкории Николай Бердяев бо маҷ-ҳои «Роҳи нав», «Масъалаҳои ҳаёт» (1905–1906), ҳамчунин бо файласуфон – муассисони «Ҷамъияти динию фалсафӣ ба хотири В. Соловёв» ва нашриёти «Роҳ» таваҷҷуҳи ӯро ба ҷустуҷӯи ҳастишиносии ҳақиқии дини насронӣ ҷалб намуд. Вале таҳаввулоти ғоявӣ дар фаъолияти Николай Бердяев зимни таълифи китоби «Фалсафаи озодӣ» (1911) ба вуҷуд омад. Мавриди эътироф қарор нагирифтани православияи расмӣ ва муҳити он дар Маскав, ҳамчунин таъсири андешаҳои мистикии асрҳои миёнаи oлмон боиси дур шудани ӯ аз ғояе гардид, ки мувофиқи он гӯё дарёфти маърифати ҳақиқӣ танҳо тавассути шахсиятҳои ҷудогонаи калисо имконпазир аст. Николай Бердяев дар асараш «Моҳияти эҷодиёт. Таҷрибаи бегуноҳии инсон» (1916) аз масоили ҳастишиносӣ низ даст кашида, хусусияти ғайримаишии озодиро на фақат ба маънои фарҳангӣ, балки ба мазмуни динии он низ баррасӣ намуд. Инқилоби Русияро як ҳодисаи ногузир ва одилона арзёбӣ кард ва аз соли 1919 дар Академияи озоди ташкилкардааш дар Маскав дарс мегуфт. Соли 1922 Николай Бердяевро ҳамроҳ бо гурӯҳи оппозитсионӣ аз Русия берун ронданд. Аввал дар Берлин иқомат ихтиёр карда, дар он ҷо як силсила китобҳои қаблан навиштаи худро интишор дод. Асари дар Олмон таълифкардаи ӯ – «Асрҳои миёнаи нав. Мулоҳизаҳо дар бораи тақдири Русия ва Европа» (1924) ба ӯ шуҳрати зиёд овард. Соли 1924 ба Порис рафт ва дар он ҷо кори ҳанӯз дар Берлин асосгузоштаи худ – Академияи динию фалсафиро давом дод ва маҷ. динию фалсафии «Роҳ» (1925–1940) интишор намуд. Николай Бердяев яке аз асосгузорони ҳаракати экуменистӣ ва ташкилкунандаи вохӯриҳои ташкилотҳои динӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин дар ҳаракати насронии донишҷӯёни рус иштирок дошт, вале ба иллати майли ростгароиро интихоб кардани ҳаракати мазкур, аз онҳо алоқаро канд. Николай Бердяев дар Порис китобе бо номи «Маърифати ботинии инсон» таълиф намуд, ки дар он аз рӯйи гуфтаи худаш ҷаҳонбинии фалсафиашро беҳтару хубтар матраҳ кардааст. Осори дар Порис ба нашр расондаи Николай Бердяев «Дар бораи таъйини инсон. Таҷрибаи муаммоии ахлоқ» (1931), «Дар бораи ғуломӣ ва озодии инсон» (1939) ва «Таҷрибаи эсхаталогии метафизика. Эҷодиёт ва объективият» (1947) буданд, ки дар онҳо ӯ аз масоили ҳастишиносӣ тамоман даст кашида, ғояи таҷассумкунӣ ва эҷодиётро инкишоф ва сохтори (модели) таълимоти персонализми масеҳиро ба вуҷуд овард. Ҷанги дуюми ҷаҳонии с-ҳои 1939–1945 ҳисси ватандӯстии Николай Бердяевро бештар барангехт.

Китобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бердяев Николай Александрович / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.