Оромгоҳи Ленин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Оромгоҳи Ленин
русӣ: Мавзолей Ленина
Таърихи таъсис 1930
Нигора
Номида ба шарафи Владимир Ленин
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Ноҳияи Тверской
Ҷой мегирад дар кӯчаи Red Square[d]
Доранда Русия
Ба ёди Владимир Ленин
Маводди созанда санги хоро, labradorite[d] ва porphyry[d]
Меъмор Alexey Shchusev[d]
Сабки меъморӣ Egyptian Revival architecture[d]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1930
Structure replaces Second wooden Lenin's Mausoleum‎[d]
Табақоти болои замин 1
Appears in the heritage monument list Category:Kremlin Wall Necropolis[d]
Навъи асари бостонӣ federal cultural heritage site in Russia[d][2]
Баландӣ 12 м
Вебгоҳи расмӣ fso.gov.ru/struct/skmk/p…
Time of earliest written record 1924
Гурӯҳ барои одамони дар инҷо дафншуда Q32305035?
 Парвандаҳо дар Викианбор

Оромгоҳи Владимир Илйич Ленин — ёдгории меъморӣ, мақбара дар Майдони Сурхи Москва, (назди девори қасри Кремл). Дар толори мотами он тобут бо ҷасади мумиёшудаи Владимир Ленин нигоҳ дошта шудааст. Ҳангоми тантанаҳо (намоишҳо, ваъзҳо, парадҳо ва ғайраҳо) Мавзолейро ба сифати минбари давлатӣ истифода мебаранд. 26 январи соли 1924 Съезди 2-юми советҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷлиси мотам қарори КИМ-и Иттиҳоди Шӯравиро дар хусуси бунёди Мавзолей тасдиқ кард. То 27-январ Мавзолейи муваққатии чӯбӣ (тибқи лоиҳаи меъмор А.В Щусев), ки шакли мукааби аҳромӣ ва ду илҳоқия дошт, сохта шуд. Илҳоқияҳо вазифаи даромаду баромадҳоро адо мекарданд. Толори мотам дар умқи 3 м (дохили толор мувофиқи тасвирҳои рассом И. И. Нивински, ки таносуби рамзии рангҳои сиёҳу сурхро моҳирона ба кор бурдааст, оро ёфта буд) бунёд гардида, соати 16°° тобуту ҷасади доҳӣ дар он ҷой дода шуданд. Дар давоми якуним моҳи аввал зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон ба зиёрати доҳӣ омаданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]