Оқил Ҳомидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Оқил Ҳамидов)
Оқил Ҳомидов
Сурат
Таърихи таваллуд 6 октябр 1961(1961-10-06) (62 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша коргардон, филмноманавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Оқил Ҳамидов (6 октябри 1963, Душанбе) — наворбардор ва коргардони тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Оқил Ҳамидов соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падари вай — собиқ раиси киностудияи «Тоҷикфилм» Обид Ҳамидов.[1] Соли 1984 Оқил Ҳамидов Донишгоҳи давлатии кинематографияи Маскавро аз рӯи ихтисоси оператори филмҳои бадеӣ ва мустанад хатм кардааст. Аз охири соли 1994 — дар шаҳри Вротслав муқимӣ гашта, ба забони лаҳӣ филмнома менависад ва соҳиби як студияи телевизионии худаш (Tako Media) мебошад. Оиладор, се фарзанд дорад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синамо дар якчанд филмҳо ҳамчун ҳунарпешаи нақш офаридааст. Дар Тоҷикистон наворбардори филмҳои

  • «Доми шағолон»,
  • «Кумир»,
  • «Вақти хазон»,
  • «Перестройка».

Дар Лаҳистон коргардони филмҳои бадеии

  • «Ишқи аввал» (барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Швейсария, соли 2005),
  • «Мавҷи ҷинояткорӣ» (Ҷоизаи «Сериали беҳтарини сол», 2004),
  • «Бюрои ҷиноӣ»,
  • «Парвандаи хонаводаи Кепский» (Ҷоизаи «Мазҳакаи беҳтарини сол» — 2002),

ва диг.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]