Павел Баранов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баранов Павел Александрович
Акс:БарановПА.jpg
Таърихи таваллуд 16 (28) июл 1892(1892-07-28)
Зодгоҳ Москва
Таърихи даргузашт 17 май 1962(1962-05-17) (69 сол)
Маҳалли даргузашт пос. Шаблон:МС,
Ленинградская область
Кишвар  ИҶШС
Фазои илмӣ гиёҳшиносӣ ва embryology of plants[d]
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх

Баранов Павел Александрович (27 июли 1892, Маскав17 майи 1962, Ленинград) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1935), узви вобастаи АИ ИҶШС (1943).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1917). Яке аз ташкилкунандагон ва профессор Университети давлатии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 1928). Сардори Экспедитсияи Помир (1933–38), ташкилкунанда ва директори Стансияи биологии Помир (1938–41). Ҷонишини директори Боғи марказии ботаникии Маскав (1944–52). Раиси Президиуми Шуъбаи молдавиягии АИ ИҶШС (1949–51) ва директори Институти ботаникии АИ ИҶШС (1952–62) буд. Оид ба эмбриология, анатомия, биология ва селексияи рустаниҳо зиёда аз 200 асар навиштааст. Б. ангури худрӯи Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, навъҳои гуногуни онро шарҳ додааст. Ӯ исбот кард, ки аз ҷиҳати морфологӣ гуногун будани токзорҳо натиҷаи дубора худрӯй гаштани ангурҳои боғии пештараи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, «Ситораи Сурх», Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ампелография СССР. Ҷ. 1. М., 1946;
  • История эмбриологии растений в связи с развитием представлений о зарождении организмов. М.–Л., 1955.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]