Пйер-Жан де Беранже

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пйер-Жан де Беранже
фр. Pierre-Jean de Béranger
Таърихи таваллуд: 19 август 1780(1780-08-19)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 16 июл 1857(1857-07-16)[1][2][4][…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: chansonnier, сиёсатмадор, шоир, таронасаро, оҳангсоз, нависанда, овозхон-таронапардоз
Забони осор: фаронсавӣ[1][6]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Пйер-Жан де Беранже́ (фр. Pierre-Jean de Béranger, 19 августи 1780, Порис — 16 июли 1857, ҳамон ҷо) — шоири фаронсавӣ.

Дар ибтидои роҳи эҷодиаш дар навъҳои адабии ҷараёни класситсизм шеърҳо эҷод мекард. Баъдан ба эҷоди сурудҳо рӯ овард, ки дар онҳо маъниву мазмунҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ, васфи сотсиализми хаёлӣ ва тарғибгарони он ифода ёфтаанд (маҷм. «Сурудҳои маънавӣ», 1815; «Сурудҳои чопнашуда», 1820, «Сурудҳо», 1821 ва ғайра). Дар эҷодиёти Б. мавзӯи Шарқ мавқеи махсус дорад (шеъри «Панҷуми май»). Дар шеъри «Хушбахт» Осиёро сарзамини бахту саодат номидааст. Дар «Маҳбусзан» аз Шарқ ва мақоми он дар тамаддуни башар сухан меравад. Дар шеъри «Пантеизм» аз шоири мутасаввиф Саноӣ ёд кардааст. Намунаҳои осори Б. ба аксар забонҳои дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд (шеърҳои «Байрақи куҳна», «Таронаи вопасин», «Панҷоҳсола», «Ғижаки шикаста», «Зимистон»).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 Беранже, Пьер-Жан (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. III. — С. 469—470.
  3. 3.0 3.1 А. Н—ко Беранже (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1836. — Т. 5. — С. 311—312.
  4. 4.0 4.1 Беранже // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  5. R. L. S. Béranger, Pierre Jean de (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 3. — P. 761—763.
  6. CONOR.Sl

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шокир Мухтор. Шарқ дар осори Беранже// Маориф ва маданият. 1980, 19 авг.;
  • Ситораҳои Бурҷи Эйфел/Баёзи назми Франсия,/таҳияи Шокир Мухтор. — Д., 1982.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]