Пол Гоген

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пол Гоген
фр. Paul Gauguin
Суратҳо
Таърихи таваллуд 7 июн 1848(1848-06-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 8 май 1903(1903-05-08)[6][5] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра[10][11], наққошии манзара[d][10], figure[d][11], жанри ҳунар[d][11] ва табиъати беҷон[11]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эже́н Анри́ Пол Гоге́н (фр. Eugène Henri Paul Gauguin [øˈʒɛn ãˈʁi ˌpol ɡoˈɡɛ̃]; 7 июн 1848[1][2][3][…], Порис[4][5]8 май 1903[6][5], Атуона[d]) — рассоми фаронсавӣ, яке аз саромадони импрессионизм ва символизм дар санъати тасвирӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хидмати сарбозӣ (1871) дар Порис ба наққошӣ алоқа пайдо мекунад (К. Кора, Э. Манэ, Гоген Курбе аз идеалҳои ӯ буданд) ва тадриҷан худ ба кашидани расму тасвир мепардозад. Соли 1876 дар Солона бори нахуст мусаввараи хешро ба намоиш мегузорад; осори импрессионистҳоро ҷамъоварӣ карда, бо К. Писсаро, ки дар ташаккули ҳунарии ӯ таъсири бузурге гузоштааст, ошно мешавад. Солҳои минбаъда ба таври муназзам дар намоишгоҳҳои импрессионистҳо ширкат карда, дар доираҳои мусаввирон машҳур мешавад. Аммо бар асари буҳрони соли 1883 аз шуғли хеш маҳрум гашта, баъдан бо тасмими қатъӣ куллан ба санъат рӯ овард. Осори муосиронаш П. Сезанна, ки дар ин муддат аз импрессионизм хеле дур рафта буд ва Ж. Сёра ба Гоген таъсири бузург расониданд. Аммо тасвирҳои ӯ ба мисли дигар импрессионистҳову рассомони наздик ба онҳо дар миёни ҷамъият муваффақият пайдо накарданд. Соли 1887 аввал ба Панама, сипас ба ҷазираи Мартиник сафар мекунад. Гоген зери таъсири табиати тропикӣ дар он ҷо бо шавқи тамом як силсилаи наққошиҳое дар матоъ меофарад, ки бори нахуст нишонаҳои сабки хосси ӯ намоён мегарданд. Аммо аз фақру нодорӣ дубора ба Порис баргашта, баробари рассомӣ ба сафолсозӣ ва ҳайкалтарошӣ низ мепардозад ва аз пешсафони ҷараёни навзуҳуре мегардад, ки он баъдан постимпрессионизм ном гирифт. Соли 1891 ӯ ба Полинезия (воқеъ дар ҷазираҳои Таити) рафта, то охири умр дар он ҷо монд ва дар асарҳояш бештар ҳаёти мардуми ин кишварро тасвир намуд. Гоген (дар қиёс бо академистҳову реалистҳову импрессионистҳо) на ҳар он чӣ, ки дидааст, ба тасвир кашидааст, балки тимсолҳои хешро омехта бо тахайюли бадеияш барои ифодаи мароми хеш истифода бурдааст. Асарҳои намоёни Гоген: «Зуҳур пас аз саҷда» (1888), «Масеҳои зард» (1889), «Қаҳвахона дар Арл» (1888), «Гузаргоҳи дарё» (1901), «Заринбаданҳо» (1901) ва ғ.

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кантор-Гуковская А. С. Поль Гоген. Жизнь и творчество. М., 1965.
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Новая российская энқиклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]