Уолтер Гилберт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Уолтер Гилберт
англ. Walter Gilbert
Таърихи таваллуд 21 март 1932(1932-03-21)[1][2][3] (92 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ зистшимӣ ва физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Абдуссалом
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Уолтер Ги́лберт (англ. Walter Gilbert; зод. 21 март 1932[1][2][3], Бустун) — физикдон, зистшимидон ва зистшиноси амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳҳои Ҳарвард ва Кембриҷ дар Донишгоҳи Ҳарвард кор кардааст. Бо роҳбарии Абдуссалом унвони докториро гирифта, формулаҳои математикиеро ҳосил намуд, ки ба пешгӯии пароканиши зарраҳои бунёдӣ имкон медиҳанд. Гилберт якҷо бо А. Мексем усули нави муайян кардани пайдарпайии сафеда ва кислотаҳои нуклеин (КДН-кислотаи дезоксирибонуклеат, КРН — кислотаи рибонуклеат)-ро таҳия намудааст. Бо ҳамроҳии Ф. Сенгер ва П. Берг барои таҳқиқи кислотаҳои нуклеат сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи кимиё гардидааст (1980). Гилберт бори нахуст мафҳуми фарзияи «олами КДН»-ро дар бораи пайдоиши ҳаёт (ки онро К. Вёзе пешгӯӣ карда буд), пешниҳод намуд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]