Франческо Гварди

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Франческо Гварди
итол. Francesco Guardi
Суратҳо
Таърихи таваллуд 5 октябр 1712(1712-10-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 1 январ 1793(1793-01-01)[5][2][6][…] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр Veduta[d][7] ва наққошии манзара[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Франче́ско Ла́дзаро Гва́рди (итол. Francesco Lazzaro Guardi; 5 октябри 1712, Венез — 1 январи 1793, ҳамон ҷо) — рассом-манзаранигори итолиёӣ, намояндаи мактаби классикии рассомии Венетсия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди бародараш Ҷованни Антонио Франческо Гварди ва манзаранигори маъруф А. Каналетто таълим гирифтааст. Дар ибтидои эҷодиёт корҳои рассомони итолиёии асрҳои 16—17-ро озодона нусхабардорӣ мекард, дар тақлиди наққошии устодони венетсиягӣ Ҷ. Теполо, А. Манияско ва М. Риччи дар мавзӯъҳои динӣ ва асотирӣ расмҳо мекашид. Охири солҳои 1760 комилан ба манзаранигорӣ рӯ оварда, аз рӯйи расмҳои А. Каналетто 12 манзара бо тасвирҳои биноҳову майдонҳои Венетсия дар рӯзҳои ҷашнӣ офарид. Солҳои 1780-90 давраи авҷи эҷодиёти Франческо Гварди буд. Вай ҷиҳатҳои асосии ду навъи манзараи дар Венез писандида — ведут (манзараи дақиқи шаҳр) ва «каприччо» (манзараи тахайюлии меъморӣ)-ро бо ҳам омезиш дода, навъи нави манзараро офарид. Франческо Гварди баробари ҳифзи бозтоби дақиқи меъморӣ сохти таркибии асарҳои худро бо ҷиҳатҳои барои каприччои озоду тахайюлӣ бештар хос: ҷузъиёти хурд, тобишҳои муқаррарӣ, раҳгузарҳо, раият, машғулиятҳои рӯзмарра такмил медиҳад. Ӯ ғолибан аз тасвирҳои ҷашнии майдонҳои бузург даст кашида, кулбаҳои хурд, наҳрҳову толобҳоро тасвир мекунад: «Ҳавличаи венетсиягӣ», «Рио деи Мендиканти», «Парвози кураи ҳавоӣ», «Толоби хокистарӣ». Ҷиҳати асосии мусаввараҳои ӯ бетакаллуфии тасвири шаклҳо боқӣ мемонад, онҳоро вай барои бозтоби фазову равшании манзара танҳо ба чанд молиш ва рангҳои заррин нишон медиҳад.

Шеваи наққошии Франческо Гварди дар камоли озодиву нафосат фарқ мекунад. Ӯ мусаввири мумтозе буд. Тасвирҳои Франческо Гварди, ки дорои тарҳҳои сабуку ҳавоӣ ва номуттасиланд, бо дараҷабандиҳои нозуки сояравшан фарқ мекунанд. Эҷодиёти ӯ, ки суннатҳои чандинасраи рассомии Венетсияро ба худ ҷалб кардааст, ба ҷустуҷӯҳои эҷодии манзаранигорони садаи XIX таъсир гузошт, ҳарчанд ки аз ҷониби муосиронаш мавриди арзёбӣ қарор нагирифт. Арзиши воқеии эҷодиёди Франческо Гварди дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX кашф карда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Francesco Guardi (нидерл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  3. BeWeB
  4. Wurzbach D. C. v. Guardi, Francesco (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 6. — S. 7.
  5. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  7. http://www.louvre.fr/en/oeuvre-notices/view-piazzetta-steps-san-marco-basilica

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Никитюк О. Ф. Гварди. М., 1968;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV(2). М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]