Чарлз Грили Аббот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чарлз Грили Аббот
англ. Charles Greeley Abbot
Таърихи таваллуд 31 май 1872(1872-05-31)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 декабр 1973(1973-12-17)[1][2][3][…] (101 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтарфизик[5]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ча́рлз Гри́ли А́ббот (вар. Чарлз Грили Эббот, англ. Charles Greeley Abbot; 31 майи соли 1872, Уилтон[en], Ню-Ҳэмпшир — 17 декабри соли 1973, Ривердейл[en], Мэриленд, ИМА) — астрофизики амрикоӣ, мутахассиси физикаи Офтоб ва омӯзишу истифодаи энергияи офтобӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи технологии Массачусетс (1895).

Солҳои 1907—1944 директори расадхонаи астрофизикии Смитсонов, 1928—1944 котиби Донишкадаи Смитсонов буд[6]. Аббот узви АИ миллии ШМА дар Вашингтон буд (1915).

Дар соҳаи радиатсияи Офтоб, физикаи Офтоб ва нурафкании ситораҳо тадқиқот бурдааст. Аббот қисми инфрасурхи спектри Офтобро таҳқиқ намуда, таърифи собитаи офтобиро додааст. Бо спектроболометр ва радиометри ихтироъкардааш тақсимоти энергияро дар спектри Офтоб таҳқиқ кардааст. Барои истифодаи энергияи гармии Офтоб асбобҳо сохтааст. Муаллифи китоби «Офтоб» аст, ки соли 1936 ба забони русӣ нашр шудааст. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ вобастагии байни тағйирёбии афканишоти Офтоб ва боду ҳаворо дар Замин (1953) муайян намудааст.

Ба шарафи Аббот дар Моҳ яке аз танӯраҳо номгузорӣ шудааст (танӯраи Аббот).

Китобшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аббот Ч. Солнце. — М.-Л.: ОНТИ, 1936.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Колчинский И.Г., Корсунь А.А., Родригес М.Г. Астрономы: Биографический справочник. — 2-е изд., перераб. и доп.. — Киев: Наукова думка, 1986. — 512 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]