Шаблон:Рӯйдодҳо:Бойгонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • 28 сентябри соли 2018 Дар ш. Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар рафти ҷаласаҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифта, доир ба ҳамкории минбаъда дар доираи Созмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.[1].
  • 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «[[|Ширкати Алюминийи Тоҷик|Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)]]» ташриф оварда марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. [2].
  • 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[3].
  • 20 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.[4].
  • 14 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.[5].
  • 5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.[6].
  • 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» иштирок намуданд.[7].
  • 17 августи соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом пазируфт.[8].
  • 27 июли соли 2018 Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, хонандагони Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғористон, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд, сазовори 201 медал (47 тилло, 71 нуқра ва 83 биринҷӣ) гардиданд.[9].
  • 30 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории худ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд санги аввалини навбатиро ба пойдевори сохтмони бузургтарин ширкати тиллоковӣ «Талко Голд», ки 50% — и он ба Чиниҳо мутааллиқ аст гузошт. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми истеҳсоли тилло дар аввали соли 2020 дар ширкати мазкур 1,5 тонна ва истеҳсоли сурма 16 тоннаро ташкил хоҳад кард.[10].
  • 27 июни соли 2018 Дар ш. Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.[11].
  • 27 июни соли 2018 Дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.[12].
  • 27 июни соли 2018 Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имсол шаҳри Конибодом ҷашнгоҳи асосии ваҳдатсарои ҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст.[13].
  • 27 июни соли 2018 Нашриёти «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро аз чоп баровард. Ин ҷилди 29-уми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад, ки аз соли 2004 инҷониб ба нашр мерасад.[14].
  • 19 майи соли 2018 Мӯъмин Қаноат, шоири тавоно ва яке аз сутунҳои устувори адабиёти муосири тоҷикро, ки 18-уми май, ду рӯз пеш аз 86-солагиаш дар Душанбе даргузашт, дар [[|боғи Лучоб|оромгоҳи Лучоб]] ва дар канори оромгоҳи шоир Бозор Собир дафн карданд. (/ozodi.org 19.05.2018).
  • 16 майи соли 2018 650 трактор дар як сол. Эмомали Раҳмон ва Александр Лукашенко ба фаъолияти Корхонаи муштараки тракторсозӣ дар ш. Ҳисор ифтитоҳ гузоштанд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018).
  • 16 майи соли 2018 Масофаи роҳ 174 километр ва 4,5 соат вақти сафар бо 50 сомонӣ: баъди танаффуси 26-сола байни Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои автобусҳои мусофирбар барқарор шуд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018).
  • 11 майи соли 2018 Беларус дар Ҳисор корхонаи трактор месозад. (/ozodi.org 11.05.2018).
  • 8 майи соли 2018 Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард.(/news.tj/tj/ 08.05.2018).
  • 19 апрели соли 2018 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии кишварҳоро тасдиқ кард. (/news.tj/tj/ 19.04.2018).
  • 12 апрели соли 2018 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.(/news.tj/tj/ 12.04.2018).
  • 9 апрели соли 2018 Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрели соли 2018 Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018).
  • 24 марти соли 2018 мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.(//khovar.tj/ 24.03.2018).
  • 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 марти соли 2018 ба кори хеш шурӯъ намудааст, ба муносибати оғози [[|Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”|Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ]] нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.(khovar.tj/ 22.03.2018).
  • 16 феврали соли 2018, Дастаи [[|Истиқлол (бошгоҳи футбол)|«Истиқлол»-и Душанбе]] бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шуд.(khovar.tj/ 16.02.2018).
  • 14 феврали соли 2018, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст.(khovar.tj/ 14.02.2018).
  • 20 январи соли 2018, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018).
  • 10 январи соли 2018, соли 2017 дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи [[|Палав|«Оши палав»]] - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).
  • 27 декабри соли 2017, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд.(khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 22 декабри соли 2017, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (jumhuriyat.tj/ 22.12.2017).
  • 5 декабри соли 2017, Конфедератсияи футболи Осиё (Asian Football Confederation, AFC) рӯзи 4 декабр Тоҷикистонро ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаи байни дастаҳои ин қора роҳ дод.(khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 4 декабри соли 2017, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман, 4.12.2017 кушта шуд.(/sputnik-tj.com/04.12.2017).
  • 4 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар Рейтинги (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст.(khovar.tj/ 04.12.2017).
  • 29 ноябри соли 2017, Нишони ифтихории Оксфордро аз сиёсатмадори Миёнмор Аунг Сан Су Чӣ бозпас мегиранд. Ба иллати беэътиноии ӯ ба саркуби ақаллияти мусулмонони Роҳингия (Роҳинҷа (халқият)) дар Мянмар ва талош накардан барои таваққуфи ин раванд...(/sputnik-tj.com/29.11.2017).
  • 23 ноябри соли 2017, Ш. Орумбекзода дар ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ISESCO) дар шаҳри Хартуми Судон ҳангоми суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз 3 000 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, ки бештар аз 120-тояшон аз ёдгориҳои исломӣ ҳастанд.(/sputnik-tj.com/23.11.2017).
  • 23 ноябри соли 2017, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол намудааст.(khovar.tj/ 23.11.2017).
  • 19 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди [[|Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] иштирок ва суханронӣ карданд.(khovar.tj/ 19.11.2017). Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории [[|Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ]] (khovar.tj/ 19.11.2017).
  • 18 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 18.11.2017).
  • 6 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 6.11.2017).
  • 3 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил шуданд.(khovar.tj/ 3.11.2017).
  • 26 октябр, Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа”. Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.(khovar.tj/ 26.10.2017).
  • 25 октябр, Бар асоси қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.(khovar.tj/ 25.10.2017).
  • 14 октябр, 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 14 октябр, Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 12 октябр, Аз 11 то 14 октябр дар ш. Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.(khovar.tj/ 12.10.2017).
  • 11 октябр, ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №591 аз 09.10.2017 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»" дар ш. Душанбе дар торномаи Ҳукумати ш. Душанбе нашр шуд. Ҷойи нуқтаҳои савдои муқарраршуда - Маркази савдои "Меҳргон", воқеъ дар минтақаи шарқии Душанбе, тавсия дода шудааст. (dushanbe.tj/ 11.10.2017).
  • 8 октябр, Википедияи Тоҷикиро сарзаниш карданд ва иваз кардани калимаи «энсиклопедия»-ро пешниҳод намуданд. (RuWikiNews)
  • 28 сентябр, Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон бо 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст. Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.(tajikistantimes.tj/28.09.2017)
  • 25 сентябр, Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон 3 медали тилло ба даст оварданд. 2 медали тиллоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 45 медал миёни 65 дастаи иштирокчӣ зинаи 16-умро ишғол мекунад.(news.tj/26.09.2017)
  • 21 сентябр, дар рӯзи шашуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, варзишгарони тоҷик 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд....Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт.(tajikistantimes.tj/22.09.2017)
  • Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо (роудшоу) бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейcария ширкат варзида, муариффии (презентатсияи) барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо муваффақият таъмин намуданд.(nbt.tj /15.09.2017)
  • Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)
  • Дар Кобул таҷлили 98-умин солгарди истиқлоли Афғонистон баргузор гардид: (видео дар [youtu.be/19.08.2017])
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд.(/tvt.tj /17.08.2017)
  • Вазишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазиши сабук (2017, Лондон) мақоми 7-умро касб кард.(/tvt.tj /12.08.2017)
  • Дар Эрон маросими савгандёдкунии Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ баргузор гардид.(/www.golos-ameriki.ru /4.08.2017)
  • Дар натиҷаи бақайдгирии SIM-кортҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 2 млн SIM-кортҳо баста шудаанд.(avesta.tj/2.08.2017)
  • Дар Покистон бо ҷойи собиқ сарвазири ба истеъфорафта (Навоз Шариф), сарвазири нав Шаҳид Ҳаққан Аббосӣ интихоб гардид.(/www.bbc.com/russian /1.08.2017)
  • Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба истеъфо баромад.(/www.golos-ameriki.ru/28.07.2017)
  • Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
  • Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба синни 60 расид.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
  • Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид.(/jahonnamo.tj/23.07.2017)
  • Ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.(/tajikistantimes.tj/15.07.2017)
  • Мавсил (русӣ-Мосул) расман аз тасарруфи ДИИШ (ИГИЛ) озод карда шуд.(/tajikistantimes.tj/11.07.2017)
  • Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. (khovar.tj 11.07.2017)
  • Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат. (khovar.tj 27.06.2017)
  • Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com 19.05.2017)
  • Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(mir24.tv 8.05.2017 )
  • 23 июл, Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид.(/jahonnamo.tj/23.07.2017)
  • 15-16 июл, Ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.(/tajikistantimes.tj/15.07.2017)
  • 11 июл, Мавсил (русӣ-Мосул) расман аз тасарруфи ДИИШ (ИГИЛ) озод карда шуд.(/tajikistantimes.tj/11.07.2017)
  • 11 июл, Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. (khovar.tj 11.07.2017)
  • 27 июн, Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат. (khovar.tj 27.06.2017)
  • 26 май, "Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон" дар расонаи АМИТ "Ховар" интишор гардид.(khovar.tj) Боз нигаред: Э. РАҲМОН: САДАҚАИ ФИТРРО БА ЯТИМОНУ НОДОРОН БИДИҲЕД (akhbor.com)
  • 20 май, Шоири халқии Тоқикистон Мӯмин Қаноат 85 сола шуданд (avesta.tj)
  • Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com)
  • Дар ш. Алмаато 16 май бо иштироки роҳбарони хадамоти энержии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаи муттаҳид гардонидани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Дар назар аст, ки лоиҳаи қарор оид ба барқарор намудани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ба наздики ба имзо хоҳад расид.(17.05.2017 Викиахбор.org (русӣ)
  • Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(8.05.2017 mir24.tv)
  • Дар Тоҷикистон фурӯши мошинҳои сабукрави истеҳсоли Ӯзбекистон дар назар аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ҳудуди 20 қарордод ба имзо расид.(20.04.2017 news.tj)
  • Дар Туркия натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ интишор карда шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ ворид кардани ислоҳот дар конститутсияро 51,3 дарсад ҷонибдорӣ карданд. (17.04.2017 jahonnamo.tj)

идома[вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиши манбаъ]

  1. Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. prezident.tj (28 сентябри 2018). 28 сентябри 2018 санҷида шуд.
  2. Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС». prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  3. Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  4. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
  5. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  6. Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
  7. Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
  8. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.
  9. ТОҶИКИСТОН: 201 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. tj.habarho.com (27 июли 2018). 27 июли 2018 санҷида шуд.
  10. Чин боз як кони навбатиро дар Тоҷикистон ба даст овард. tj.habarho.com (30 июни 2018). 30 июни 2018 санҷида шуд.
  11. Ифтитоҳи қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар”. president.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  12. Ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак. president.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  13. КОНИБОДОМ-ҶАШНГОҲИ АСОСИИ РӮЗИ ВАҲДАТ -2018. khovar.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  14. «ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ»-китобе саршор аз ифтихороти миллӣ. khovar.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.