Этел Войнич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Этел Войнич
англ. Ethel Lilian Voynich
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Ethel Lilian Boole[3]
Таърихи таваллуд: 11 май 1864(1864-05-11)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 июл 1960(1960-07-27)[1] (96 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, фаъол, оҳангсоз, насрнавис, тарҷумон, suffragist
Солҳои эҷод: аз 1897
Забони осор: инглисӣ[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Э́тел Ли́лиан Во́йнич (англ. Ethel Lilian Voynich; 11 майи 1864, Баллинтемпл, Ирландия — 27 июли 1960, Ню-Йорк, ИМА) — нависандаи ирландӣ, композитор, тарҷумон аз забони русӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Консерваторияи Берлин (1885). Дар консерватория навохтани фортепианоро омӯхт. Ба сабаби ранҷурии дасташ аз навохтани ин сози мусиқӣ даст кашид. Ба Лондон баргашта бо муҳоҷирон — инкилобгарони рус робита пайдо кард. Солҳои 1887-89 дар Русия зиндагӣ кардааст. Бо инқилобгар — муҳоҷири полшагӣ М. Войнич хонадор шуд (1892). Аз соли 1920 сокини ИМА.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1890 дар Британияи Кабир ба фаъолияти эҷодӣ рӯй овард. Асарҳои Н. В. Гогол, А. Н. Островский, В. М. Гаршин, Ф. М. Достоевский, М. Е. Салтиков — Шедринро тарҷума карда, ба табъ расонд. Войничро романи инқилобии «Занбӯр» (1897), ки ба муборизаи озодихоҳии халқи Итолиё дар солҳои 30-40 садаи XIX бахшида шудааст, машҳур гардонд. Дар асоси ин роман намоишномаҳо (дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи ин асар пйесае намоиш дода мешуд), опера ва филм офарида шудааст. Романи мазкурро нависандаи тоҷик С. Улуғзода ба ҳамин ном ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки соли 1932 ба табъ расид. Дар таҳрири дуюм (нашр — 1982) ин асар «Ғурмагас» ном гирифтааст. Романҳои дигари ӯ — «Дӯстии қатъшуда» (1910), «Ҷек Реймонд» (1901), «Оливия Лэтам» (1904), «Пойафзоратро бикаш» (1945) низ бо рӯҳи шӯришгарона, дар мавзӯи озодии шахсӣ ва иҷтимоӣ эҷод шудаанд.

Войнич якчанд асари мусиқӣ низ офаридааст. Дар ораторияи ӯ — «Бобил» (1948) аз сарнагун гардидани ҳокимияти мутлақи шоҳӣ дар Русия сухан меравад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Занбӯр. Сталинобод (ба алифбои лотинӣ.) Д., 1932;
  • Ҳамин асар бо номи Ғурмагас. Д., 1982;
  • Овод. М., 2004.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=28090 (нем.)
  2. Dictionary of Irish Biography (ингл.)RIA.
  3. 3.0 3.1 Blain V., Grundy I., Clements P. The Feminist Companion to Literature in English (ингл.): Women Writers from the Middle Ages to the Present — 1990. — P. 1117.
  4. CONOR.Sl

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таратута Е. А. Э. Л. Войнич: Судьба писателя и судьба книги. М,, 1964;
  • Таратута Е. А. По следам «Овода». М., 1972.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]