Алтруизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алтруи́зм (лот. alter — дигар) — ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон, гузаштан аз баҳри манфиатҳои шахсӣ, барои дигарон; системаи арзишҳои шахс аст, ки дар он ба сифати мароми марказӣ ва меъёри баҳогузории маънавӣ манфиатҳои шахси дигар ё худ иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

Мафҳум[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи алтруизмро файласуфи фаронсавӣ О. Конт (1798 – 1857) ҳамчун муқобилмаънои истилоҳи эгоизм (худпарастӣ) маънидод кардааст. Дар назарияи таҳлили психологии З. Фрейд (1856 – 1939) зуҳуроти алтруизм ҳамчун талаботи нев розии субъект ба суст гардондани эҳсоси гунаҳкорӣ ё худ ҳамчун ҷуброни эгоизми ибтидоӣ, ки мавриди фишороварӣ ба таҳтушшуур гаштааст, фаҳмида мешавад. Алтруизм метавонад дар амалҳои субъект дар вазъиятҳои мушаххаси хатарнок зоҳир гардад (масалан, наҷот додани кӯдак бо баҳои ҷони хеш) ё худ арзиши бошууронае бошад, ки рафтори шахсро умуман муайян намояд. Дар ин ҳолат он ба маънии ҳаёти шахс мубаддал мегардад. Қимати воқеии рафтори башардӯстонаи шахс аз рӯи он арзишҳое муайян мегардад, ки зимни муносибатҳои дуҷонибаи ӯ бо дигар одамон пайдо мешавад. Алтруизме, ки дар ҳама чизро бахшидан, нодидагирии камбудиҳо, худқурбонкунии кӯркӯрона нисбати дигар одам зоҳир мегардад, сифати манфии шахс аст. Ба дараҷаи мутлақият расондан ё худ аз ҳадаш паст баҳо додани алтруизм ба маънии аслии ин истилоҳ мухолиф аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]