Ҷон Милтун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷон Милтун
англ. John Milton
Таърихи таваллуд: 9 декабр 1608(1608-12-09)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 ноябр 1674(1674-11-08)[1][2] (65 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: лотинӣ, юнонӣ, ибрӣ, инглисӣ[1][4], фаронсавӣ, Early Modern Spanish[d], забони оромӣ, забони сурёнӣ ва итолиёӣ
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ҷон Милтун (англ. John Milton; 9 декабри 1608, Лондон — 8 ноябри 1674, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда, сиёсатмадор ва мутафаккири инглис. Муҳиммтарин асараш «Биҳишти гумшуда» ном дорад. Ӯ мақолоти баҳсбарангезе дар хусуси озодии интишор, омӯзиш ва ҳазфи сонсур нигошт.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Ҷон Милтун[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷон Милтун дар 9 декабри соли 1608 дар шаҳри Лондон ба дунё омадааст. Соро Ҷифрӣ модари Ҷон буд ва аз ҷумлаи занони диндор ва мутамаддини он рӯзҳо ба ба шумор мерафт. Соро фарзанди яке аз тоҷирони дарёнавард буд. Падари Ҷон низ ҳамноми худаш буд ва аз ҷумлаи ҳуқуқдонҳои шинохташудаи асри худ ба шумор меомад ва ҳамчунин дар сохти қитъаҳои мусиқӣ низ дасте дошт.

Ҷон Милтун дар хонаводае сарватманд бузург шуд ва бо ин ҳол ӯ даврони кӯдакии худро дар рустои маҳалли иқоматаш гузаронд. Аввалин касе, ки дар омӯзиши Ҷон Милтун нақши бисёр муҳиммеро ифо кард, падари худи Ҷон буд. Милтун борҳо гуфта буд, ки ҳунари нависандагии хешро аз падараш ба ирс бурдааст. Тумос Ёнг низ аз дигар ашхосе буд, ки омӯзиши Ҷонро дар даврони кӯдакиаш бар уҳда дошт.

Баъд аз он ки Ҷон ба синни дувоздаҳсолагӣ расид ба мадрасаи Сан Пул, ки наздики хонашон қарор дошт рафт ва ба муддати панҷ сол таҳсили худро дар ин мадраса думбол кард. Бо поён ёфтани давраи таҳсилоти мадраса ӯ ба Коллеҷи Крист, ки дар Кембириҷ қарор дорад ворид шуд.

Ҷон ҳеч вақт дар даврони таҳсили худ дар донишгоҳ фарди муваффақе набуд ва борҳо бо устодони худаш даргир шуда буд ва ба хотири ҳамин даъвоҳо барои як нимсола аз таҳсил маҳрум шуда буд. Ҷон бо хурӯҷ аз Кембириҷ аз тасмими худаш мабнӣ бар кашиш шудан мунсариф шуд ва барои шаш сол ҳеч кореро оғоз накард ва танҳо дар хонаи падараш ба зиндагӣ ва гузарони авқоти худ мепардохт.

Оғози фаъолияти ҳирфаӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо он ки Ҷон қасд дошт ба дастгоҳҳои ҳукуматӣ биравад ва дар он ҷо машғул ба кор шавад, аммо ҳеч гоҳ кори шоирии худро канор нагзошт ва дар айни талош барои касби шуғле дар ин замина, ба сароидани шеър низ машғул буд. Ҷон Милтун илова бар шеър сурудан ба забони инглисӣ дар забони лотин низ маҳорати хоссе дошт. Аммо ба таври куллӣ бештар ашъори ӯ ба забонҳои инглисӣ ва итолиёӣ суруда шудаанд.

Ҷон Милтун нахустин асари хешро дар соли 1626 суруд. Ин шеър, ки «Дар марги навзоди зебо» ном дошт, тавонист ӯро ба мартабае вежа дар адабиёт бирасонад. Ҷон Милтун дар ҳақиқат ин шеърро аз рӯйи моҷарои сиқт шудани хоҳараш суруда буд. Дар солҳои 1632 ва 1634 буд, ки дар хонаи падарии худ ашъоре чун «L’Allegro» ва «Il Penseroso»-ро суруд. Вай ҳамчунин «Lycidas»-ро дар соли 1637 офарид, ки ин корро баъд аз марги дӯсти самимиаш Эдворд Кинг суруда буд.

Дар соли 1635 Ҷон Милтун тасмим гирифт таҳсилоти худро дар забонҳои юнонӣ ва лотин ва ҳамчунин итолиёӣ аз сар бигирад. Ӯ дар соли 1637 то 1639 ба Фаронса ва Итолиё сафар кард ва дар он ҷо бо Ҳугу Грутиюс, ки яке аз ҳуқуқдонон ва уламои илоҳиёт буд, мулоқот кард. Дар Итолиё низ бо Голилей мулоқот кард, ба гунае, ки ишораҳои ӯ ба Голилейро метавонем дар асари «Биҳишт гумшуда»-и ӯ бубинем.

Ҷон Милтун аз сафари худ ба Фаронса ва Итолиё ниҳояти истифодаро бурд ва дар ин муддат бо донишмандону орифони бисёре рӯбарӯ шуда ва бо онҳо ҳамсуҳбат гардид. Пас аз он кор таълими чандин шогирдро бар уҳда гирифт ва дар ин байни кор сурудани шеърро барои муддате раҳо карда буд. Ҷон Милтун дар ин давра қасд дошт шеъреро дар мавриде достони Артур Шоҳ бнависад аммо бавуҷудомадани ҷанги дохилӣ боис шуд то вай аз ин тасмими худ канорагирӣ кунад.

Ҷон Милтун ҳамчунин дар соли 1642 асареро дар нақди калисо мунташир кард, ки ҳамакнун низ ҷузъи пуртаваҷҷуҳтарин китобҳои динӣ дар нақд ва баррасии калисо ва ҳамчунин анвоъи адён мебошад.

Зиндагии хусусии Ҷон Милтун[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷон Милтун дар тӯли зиндагии худ се бор издивоҷ кард. Аввалин издивоҷи ӯ поёни хуше надошт. Ӯ барои бори дувум дар соли 1642 бо Морӣ Поул издивоҷ кард, ки дар он замон 17 сол дошт. Морӣ низ бештар аз се сол натавонист Ҷонро таҳаммул кунад ва ӯро тарк кард. Аввалин фарзанди Ҷон дар соли 1646 ба номи Он мутаваллид шуд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 40—50 ҳамчун воқеъанигори намоён памфлетҳо навишта, ба муқобили сиёсати иртиҷоии сонсур баромада («Ареопагитика», 1644), қатли шоҳи золим — Карл и I-ро асоснок донистааст («Мудофиаи халқи англис» 1650; "Мудофиаи дигари халқи анг­лис, 1654 ва ғайра). Дар достонҳои ӯ «Биҳишти гумшуда» (1667) ва «Биҳишти баргашта» (1674), ки ба мавзӯи Таврот оиданд, муборизаи қаҳрамононаи халқ бар зидди истибдод инъикос ёфтааст. Милтон муаллифи «Таърихи Британия» (1670), «Таърихи мухтасари Москва» (1682) аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
  3. Мильтон Джон // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. CONOR.Sl

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]