Ҷорҷ Гамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷорҷ Гамов
русӣ: Гео́ргий Анто́нович Га́мов
Таърихи таваллуд 4 март 1904(1904-03-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 август 1968(1968-08-19)[4][5][6][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики назарӣ[d], ахтарфизик[7], физики ҳастаӣ[d][7], каҳоншиносии физикӣ[d][7], зистшимӣ[7], literary activity[d][7], Адабиёти илмӣ[7], popular science literature[d][7] ва адабиёти кӯдак ва навҷавон[d][7]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Alexander Friedmann[d] ва Yurii Aleksandrovich Krutkov[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гамов Георгий Антонович (маъруф ба Ҷорҷ Гамов, англ. George Gamow; 20 феврал (4 март) 1904, Одесса — 19 августи 1968, Боулдер) — донишманди шӯравӣ ва амрикоӣ, физикдони назарӣ, ахатарфизикдон ва соданигори илм. Узви вобастаи АИ ИҶШС (193 ‒1938, пас аз марг соли 1990 барқарор шуд, ягона физикдоне, ки дар синни 28-солагӣ ба ин унвон сазовор гаштааст. Узви Академияи миллии илми ИМА (1953).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Ленинград (1926). Солҳои 1928‒31 дар Гёттинген, Копенгаген, Кембриҷ, 1931-33 дар Институти физикаву техникаи Ленинград кор кардааст. Соли 1933 Ҷорҷ Гамов аввал ба Фаронса, сипас ба Англия ва соли 1934 ба ИМА муҳоҷират кард. Профессори донишгоҳҳои Ҷорҷ Вашингтон (1934‒56) ва иёлати Колорадо (1953‒ 1956).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷорҷ Гамов бори аввал моҳияти квантию механикии алфа-коҳишро шарҳ дода (1927), тимсоли чакравию моеъии ҳастаи атомро асоснок карда (1928‒29), ба натиҷаҳои миқдории таҳқиқот комёб шуд. Дар асоси назарияи хеш Ҷорҷ Гамов андозаи ҳастаро арзёбӣ кард (тартиби 10‒13 см) ва натиҷаи назариявии қонуни эмперикии (таҷрибавии) Гейгер-Неттолро, ки энергияи алфа-зарраи хориҷшавандаро ба вақти хосси алфа-коҳиш вобаста менамуд (даври нимкоҳиши ҳастаҳо), ба таври назариявӣ маънидод кард. Соли 1936 якҷо бо Э. Теллер бо пешниҳоди қоидаи «гузариши Гамов-Теллер» қоидаи интихоби бета-коҳиши Фермиро таҳия кард. Дар асоси таҳқиқоти ҳаста бо ҳамкории Теллер энергияи ситораҳоро таҳқиқ намуда, солҳои 1937‒40 нахустин назарияи пайдарпайи такомули ситораҳои манбаи энергияашон гармоҳастаиро пешниҳод намуд. Ӯ солҳои 1940-41 якҷо бо шогирдаш М. Шенберг мақоми нейтриноро дар раванди буҳроние, ки ҳангоми тобиши ситораҳои нав ва навтарин (ба истилоҳ сардшавӣ бо нейтрино) ҷараён мегиранд, омӯхт. Ҷорҷ Гамов-ро дар ИМА бо мақсади таъмини бехатарии таҳқиқот ба сохтани бомбаи атомӣ ҷалб накарданд, вале аз рӯйи баъзе маълумот ӯ бо ҳамсараш ба хадамоти махсуси ИҶШС оид ба масъалаҳои сохтани бомбаи атомӣ бо истифода аз муносибатҳояш бо физикҳои дар ин самт фаъолияткунанда, ҳамкорӣ мекарданд. Дар раванди ин ҳамкорӣ ӯ бо Алберт Эйнштейн наздик шуд. Танҳо соли 1948 роҳбарияти низомӣ ба Ҷорҷ Гамов иҷозат дод, ки таҳти роҳбарии Теллер ба сохтани бомбаи ҳидрогенӣ ҷалб карда шавад.

Соли 1946 Ҷорҷ Гамов амсилаи «Коиноти тафсон»-ро пешниҳод карда, ба ин васила назарияи «Таркиши бузург»-ро дақиқ намуд. Соли 1948 якҷо бо шогирдонаш Ралф Алфер ва Роберт Ҳерман бо усули рабти нейтрон (нуклеосинтез) назарияи пайдоиши унсурҳои кимиёиро пешниҳод намуда, дар асоси ин назария мавҷудияти афканишоти микромавҷии (реликтивии) фониро пешгӯӣ кард. Ҷорҷ Гамов ҳамон сол дар соҳаи кайҳоншиносӣ таҳқиқот анҷом дод. Соли 1954 Ҷорҷ Гамов баъди кашфи сохти дуспиралии молекулаи ДНК (кислотаи дезоксирибонуклеат) ба ташаккули фанни нав — биологияи молекулавӣ ибтидо гузошта, қазияи рамзи генетикиро пешниҳод кард. Ӯ исбот намуд, ки сохтори унсурҳои асосии ҳуҷайра — сафедаҳо, ки аз 20 аминокислотаи асосӣ (табиӣ) иборатанд, дар пайдарпайии чор нуклеотиди эҳтимолии ба таркиби молекулаи ДНК воридшаванда, бояд бо рамз ишора гарданд. Ҷорҷ Гамов бо истифода аз усулҳои содаи арифметикӣ нишон дод, ки ҳангоми вобаста (якҷо) намудани 4 нуклеотид бо сегонаҳо 64 комбинатсияи гуногун ҳосил мешавад, ки барои сабти иттилооти ирсӣ кифоя аст. Ҷорҷ Гамов аввалин олиме буд, ки рамзбандии бақияҳои аминокислотаҳоро бо триплетҳои нуклеотидҳо пешниҳод кард.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷорҷ Гамов муаллифи китобҳои илмию оммавӣ («Офариниши Коинот», «Ҷозиба», «Ситора, номи Офтоб», «Механикаи квантӣ») буд. Ӯ бо таҳқиқоти худ дар соҳаи механикаи квантӣ, физикаи атом ва ҳаста, астрофизика, кайҳоншиносӣ ва биология машҳур аст. Дорандаи Мукофоти Калинг барои таблиғи дастовардҳои илм (1956). Соли 1970 ба ифтихори Ҷорҷ Гамов номи танӯра дар тарафи ақиби Моҳ ва астероиди № 8816 (Gamov) номгузорӣ шудаанд (1984).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷорҷ Гамов А. Гамов. Строение атомного ядра и радиоактивность, М., -Л., 1932;
  • Дж. Гамов. Рождение и смерть Солнца (The Birth and Death of the Sun), Viking Press, 1940;
  • Дж. Гамов. Биография Земли (Biography of the Earth), Viking Press, 1941;
  • Ҷорҷ Гамов Гамов. Приключения мистера Томпкинса, Ижевск, 1999.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]