Ҷорҷиу Нопулитану

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷорҷиу Нопулитану
итол. Giorgio Napolitano
23 сентябр 2005 — 15 май 2006
15 май 2006 — 14 январ 2015
Пешгузашта Карлу Чампӣ
Ҷонишин Серҷиу Матарелла
3 июн 1992 — 14 апрел 1994
Пешгузашта Оскар Луиҷи Скалфару
Ҷонишин Irene Pivetti[d]
18 май 1996 — 21 октябр 1998
Пешгузашта Giovanni Rinaldo Coronas[d]
Ҷонишин Rosa Russo Iervolino[d]
5 июл 1989 — 10 июн 1992
9 июн 1979 — 11 июл 1983
28 апрел 2006 — 15 май 2006
14 январ 2015 — 22 сентябр 2023
17 май 1996 — 20 октябр 1998
20 июл 1999 — 19 июл 2004
25 июл 1989 — 10 июн 1992
27 июн 1987 — 22 апрел 1992
14 апрел 1992 — 14 апрел 1994
1 апрел 1994 — 8 май 1996
15 июн 1953 — 11 июн 1958
3 июн 1958 — 15 май 1963
26 май 1968 — 24 май 1972
15 май 1972 — 4 июл 1976
28 июн 1976 — 19 июн 1979
3 июл 1983 — 1 июл 1987

Таваллуд 29 июн 1925(1925-06-29)[1][2]
Даргузашт 22 сентябр 2023(2023-09-22)[4] (98 сол)
Мадфан
Ҳамсар Clio Bittoni[d]
Фарзандон Giulio Napolitano[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат[5] ва рӯзноманигорӣ[5][6]
Эътиқод irreligion[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Ҷорҷиу Нопулитану (итол. Giorgio Napolitano29 июни 1925, Неапол - 22 сентябр 2023 ,Рум) - 11-умин президенти Ҷумҳурии Итолиё (2006-2015). Собиқ фаъоли Ҳизби коммунистии Итолиё (баъдтар демократҳои чап), аъзои ҳаракати муқовимат. Сенатори якумрӣ. 10 майи соли 2006 дар даври 4-уми овоздиҳӣ интихоб шуда, 15 май ба кор шурӯъ кард. Вай бо қабул накардани истеъфои Романо Проди ва пароканда кардани порлумон дар замони бӯҳрони порлумонии Итолиё дар соли 2008, вақте ки порлумон ба ҳукумат изҳори нобоварӣ карда буд, маъруф аст.

20 апрели 2013 Нопулитануи 87-сола бори дуввум интихоб шуд, ки ин дар таърихи Итолиё бесобиқа аст, зеро як нафар қаблан дар ин мақом беш аз як давраро ишғол намекард. Нопулитану дар даври 6-ум баъд аз 5 кӯшиши бенатиҷаи қаблӣ интихоб шуд ва аз 1007 интихобкунанда 738 овоз гирифт.

14 январи 2015, президент Нопулитану истеъфо дод [7]. Истеъфои пеш аз мӯҳлат шарти дубора интихоб шудани ӯ дар моҳи апрели соли 2013 буд. Сиёсати Итолиё он вақт дар бӯҳрони амиқ буд ва ҳизбҳои сиёсие, ки дар парлумон намоянда доштанд, дар бораи номзади президент ба созиш нарасиданд.

Ӯ бо лақаби "Ре Умберто" (Подшоҳ Умберто) номгузорӣ шудааст, зеро ӯ ба шоҳ Умбертои II шабоҳат дорад ва рафтори аристократӣ ба ӯ хос аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]