Ахбору-л-ахёр фӣ асрори-л-аброр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ахбóру-л-ахёр фӣ асрóри-л-абрóр» (ар. أخبار الأخيار في أسرار الأبرار‎), «Хабарҳои некмардон дар баёни асрори накӯкорон») — китоби Абдулҳақ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороӣ (ваф. 1442) дар баёни зиндагӣ ва ҳолату каромати машоихи тариқат.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

«Ахбору-л-ахёр фӣ асрори-л-аброр» солҳои 1588—1619 ба забони форсӣ таълифу такмил шудааст. Китоб аҳволи бештар аз 230 нафар суфӣ ва машоихи шибҳи қораи Ҳиндро аз оғоз то садаи XVI дар бар мегирад ва бо зикри шарҳи ҳоли Муҳийюддин Абдулқодири Гелонӣ (ваф. 1166) ва Муъинуддини Чиштӣ (ваф.1235) шурӯъ мешавад. Муаллиф аввал дар Маккаи мукаррама ба таълифи ин китоб пардохта, сипас дар Ҳиндустон онро такмилу таҳрир карда, ба анҷом расондааст.

Нусхаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ду нусхаи хуб ва комили дастхати ин асар мутааллиқ ба садаи XVII дар Захираи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон зери рақамҳои 262 ва 1940 маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • فهرست نسخههای خطی فارسی انستیتوی آثار خطی تاجیکستان. (زیر نظر سید علیموجانیو أمریز دانعلی مردان) ج۲. تهران،۱۳۷۷

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]