Диспозитсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Диспозитсия — аз калимаи лотинии ҷобаҷокунӣ, тақсимкунӣ - қисми таркибии меъёри ҳуқуқ мебошад, ки дар он қоидаҳои рафтор инъикос мегардад. Дар диспозитсия шаклҳо ва тарзҳои содир намудани рафтори муайян ва ё манъи содир намудани он нишон дода мешавад. Диспозитсия аз меъёрҳо - қоидаҳои рафтор иборат аст. Дар меъёрҳо-принсипҳо, меъёрҳо-мафҳумҳо ва ба мисли инҳо диспозитсия мавҷуд нест. Диспозитсия дорои намудҳои зерин мебошад: одӣ (қоидаҳои рафторро бе шарҳи он инъикос менамояд); мукаммал (тамоми нишонаҳои қоидаи рафторро дар бар мегирад ҳаволакунанда (қоидаи рафторро инъикос накарда, барои шиносоӣ бо он ба меъёри дигар ишора мекунад[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 156