Аҳмадҷони Раҳматзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмадҷони Раҳматзод
Таърихи таваллуд: 20 август 1953(1953-08-20)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 1 май 2018(2018-05-01) (64 сол)
Маҳалли даргузашт: Сиэтл, ИМА
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф (2003); Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2012); Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Аҳмадҷони Раҳматзодшоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2012), Шоири халқии Тоҷикистон (2014)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмадҷони Раҳматзод 20 июли соли 1953 дар шаҳраки Калинини ноҳияи Кагановичобод (баъдан Колхозобод, ҳоло ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ) ба ҷаҳон омадааст. Хонадонашон соли 1953 ба Хуҷанд баргаштааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №11 ноҳияи Хуҷандро тамом карда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расондааст. Ҳамон сол ӯро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор фиристодаанд. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор дар мактаби миёнаи №6 ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон оғоз намудааст. Сипас, солҳои 1975-1976, дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1976-1991 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси мухбир ва мудири шуъба фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 дар Анҷумани таъсиси бахши Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ дар вилояти Ленинобод раиси он интихоб шудааст. Дар ин давра бо ташаббуси ӯ ду маротиба Анҷумани байналмилалии шарқшиносон – соли 1999 зери унвони «Забони давлати тоҷикон» (ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён) ва соли 2001 (ба ифтихори 10-солагии таъсиси бахши Хуҷанди Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ) баргузор гардида, дар онҳо аз Русия, Олмон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистон олимони зиёде ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, дар минтақаҳои гуногуни вилоят панҷ конфаронси илмию назариявӣ ва амалӣ гузаронда шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои умдаи мушкилоти татбиқи Қонуни забон, имлои забони тоҷикӣ ва масъалаю муаммоҳои мубрами илмию амалӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд. Аз соли 2002 раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ибтикори ӯ ва дар ҳамкорӣ бо устодони сухан китобҳои «Парвозгоҳи бузургон», «Дарвозаи тилоӣ», «Достони ваҳдати миллат», «Тоҷикистон нурборон мешавад», «Маориф – ояндаи Тоҷикистон», «Шукӯҳи Истиқлол», «Ҷавлонгоҳи номварон», «Манзараи ватандорӣ», «Адолатпаноҳ», «Иҷлосияи наҷотбахш» ва ғ. ба чоп расидаанд. Ҳамчун шоири тозакору тасвиргаро шуҳрат ёфта, ашъораш дар авроқи гулчину мунтахаботи «Баҳори хаёл» (1987), «Шукуфасанг» (1990), «Лаъл» (дар ҳаммуалифӣ; Хуҷанд, 2000), «Парвозгоҳи бузургон» (дар ҳаммуаллифӣ; 2001), «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002), «Номаи сарво» (Хуҷанд, 2008), «Номаи муҳрбанд» (Хуҷанд, 2010), «Зуҳури Ҳазрати Инсон» (2011), «Талху ширин» (Хуҷанд, 2012) интишор ёфтаанд. Достону манзумаҳояш «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», «Пайғоми ориён», «Достони солҳо», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», «Бародарнома», «Зуҳури Ҳазрати Инсон», «Наврӯзнома», ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд, дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд. Барои китоби ашъори «Номаи сарво» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Шараф» (2003);
  • Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012)
  • Шоири халқии Тоҷикистон (2014).[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – соли 191 ISBN 978-99947-2-379-9