Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят — ба гурӯҳи ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон дохил гардида, дар м.165 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят аз ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани ҷиноят бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида анҷом дода шудааст, иборат мебошад.

Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят мумкин аст бо усулҳои зерин ба амал бароварда шавад:

  1. ваъда (масалан, ваъдаи пулдиҳӣ, бахшидани қарз, сарпарастӣ кардан, ба муҳити худ қабул кардан ва г.)
  2. фиреб (масалан, расонидани хабарҳои бардурӯг ба ноболиг бо мақсади дар ӯ пайдо намудани ҳиссиётҳои қасос, бадбинӣ бо нияти ҷалб кардани ӯ барои ҷинояти одамкушй ё расонидани зарари ҷисмонӣ ва г.)
  3. таҳдид (таҳдиди несту нобуд намудани молу мулк, шармсор намудан дар назди рафиқон ва г.)
  4. дигар усулҳо (масалан, багапдарори, ба вуҷуд овардани ҳиссиёти бахилӣ, бадбинӣ, рашк, харидан ва г.)

Дар ҳама гуна ҳолат бояд исбот карда шавад, ки ҳаракатҳои шахси гунаҳгор барои дар шахси ноболиғ ба вуҷуд овардани мақсад, ният ва нақшаи содир намудани ҷинояти муайян равона гардидаанд.

Ҷиноят аз лаҳзаи ба усули дилхоҳ ҷалб намудани ноболиғ ба содир намудани ҷиноят тамомшуда эътироф мешавад, новобаста аз содир кардан ё накардани ин ё он ҷиноят. Субъекти ҷиноят шахси мукаллафи ба синни 18-солагӣ расида шуда метавонад. Тарафи субъективии ҷиноят бо гуноҳи барқасдона дар намуди қасди бевосита тавсиф меёбад. Ангезаи ҷиноят гуногун буда, ҳангоми таъйини ҷазо ба назар гирифта мешавад. Дар қисмҳои 2, 3, 4 м. 265 КҶ ҶТ ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷинояти ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардидааст: 2) ҳамин кирдор агар аз ҷониби волидайн, омӯзгор ё шахси дигар, ки масъул ияти тарбияи ноболиғонро ба зимма дорад, содир шуда бошад; 3) кирдори дар қисми якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он анҷом дода шудааст; 4) кирдори дар қисми якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо ҷалби шахси ноболиғ ба гурӯҳи муташаккил ё гурӯҳи ҷинояткор, ҷиҳати содир намудани ҷинояти вазнин анҷом дода шудааст. Мувофиқи эзоҳи м. 165 КҶ ҶТ зери мафҳуми ноболиғон ашхоси хурдсол ва ноболиғ фаҳмида мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 550