Шӯриши Бобиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақбараи Боб дар Ҳифо

Шӯриши бобиён аз лақаби сардори он Боб ном мегирад. Исми хақиқии Боб Алимуҳаммади Шерозӣ аст. Боб (форсӣ: باب‎ — «дар»)[1] — лақаби Сайид Алимуҳаммади Шерозӣ (форсӣ: سيد علی محمد شیرازی‎) (1819/1820 — 1850),

Боб (порсӣ: باب علی محمد شیرازی) Алимуҳаммади Шерозӣ (1820, Шероз – 1850, Табрез), муассиси бобия, роҳбари шӯриши бобиён дар Эрон (1848–1850).

Вай дар соли 1819/1820 дар оилаи савдогари газворфурӯш ва сайид таваллуд ёфта аст. Дар солҳои ҷавонӣ Боб низ бо савдогарӣ машғул шуда буд. Алӣмуҳаммад дар соли 1840 мувофиқи одати ҳамон давра ба зиёрати шаҳрҳои Карбало ва Наҷаф сафар кард. Вай дар ин шаҳрҳо бо фаъолияти сектам динии Шайхиён шииос гардид. Шайҳиён бо сардории Сайид Козим Раштӣ дар байни халк ташвиқот мекарданд, ки дар ояндаи наздик Имом Махди (имоми 12-ӯми мазҳаби шеаи ислом, ки гуё хазор сол пеш нопапид гардида бошад) боз зоҳир гардида, беадолатиро аз байн мебарад ва тартиботи нави боадолатро дар ҷаҳон барқарор менамояд. Баъд аз он ки дар соли 1843 Саид Козим Раштӣ вафот кард, Алимуҳаммад сардори тариқати “Шайхиён” таъйин гардид. Вай баъд аз як сол худро Боб, яъне остонае, ки ба воситаи он имом Маҳдй гӯё ҳукми худоро ба халқ мерасонида бошад, эълон кард. Ба ин қаноат накарда, Боб дар соли 1847 ҳатто худро имом Маҳдӣ иомид.

Таълимоти Боб дар «Баён»[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳамон сол асари Боб «Баён» низ дар байни халқ паҳн гардид. Дар «Баён» асосҳои таълимотп Боб тасвир ёфтаанд. Боб даъво мекард, ки ҷамъияти инсони ба давраҳои муайяи тақсим меш авад. Ҳар давра қоидаю тартиботу мазҳаби ба худ хос дорад. ки онҳоро мувофиқи китоби муқаддаси ҳамон давра пайгомбари нав дар ҳаёт тадбиқ мекунад. Вай ҳамчун далел ба Таврот, Инҷил, Қуръон ва давраҳои онҳо ишора мекард. Боб мегуфт, ки акнун зухуроти давраи нав расид. Куръон ва дини ислом кӯхна шуданд, ҷои оиҳоро бояд мазҳаби нав ва китоби мукаддаси он «Баён» ишғол кунанд. Вале, ашроф ва рӯҳониёни олирутба аз дин ва қонуну қоидаҳои куҳна шуда дил канданӣ нестанд. Маҳз барои ҳамин дар дунё беадолатӣ ва чабру зулм ҳукмфармост. Боб даъво мекард, ки дар асоси дини нав ва «Баён» ҷамьияти муқаддаси бобиён бояд барпо гардад, то ин ки ба беадолатӣ ва чабру зулм хотима дода шавад. Дар ҷамъияти нав ҳам а—марду зан бояд баробарқукуқ бошанд. Мувофиқи ақидаи Боб ин гуна ҷамъият пеш аз ҳама дар панҷ вилояти Эрон—Озорбойчон, Мозандарон, Ироқи Форс, Форс ва Хуросон бояд ташкил ёбад. Касоне, ки (аз он ҷумла хориҷиён) «Баён» ва тартиботи нави бобиёнро қабул накунанд, аз мамлакати мукаддаси бобиён берун, молу мулкашои мусодира ва тақсим карда меш авад. Д ар «Баён» як чанд дастуроте акс ёфта буданд, ки манфиати савдогаронро дастгирн менамуданд. Чунончи «Баён» хатман адо кардани қарз, муомилаи махфии тичоратӣ, ба савдогарон додани сабукиҳо дойир ба шарту шароити хариду фурӯш ва ғайраро талаб мекард. Ба ни тарик, таълимоти Боб масъалаҳои муҳимми иҷтимоиро дар пеш намегуэошт, талаботи оммаи васеи халқро ифода намекард.

Шӯриши бобиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти бобиён ба ду давра тақсим мешавад. Дар давраи аввали фаъолияташон (то миёнаи соли 1848) бобиён барои амалӣ сохтани ақидаҳои худ ба халқ бевосита муроҷиат накарданд. Онҳо ният доштанд, ки нақшаҳои худро бо ёрии ашроф, уламо дарбор, ҳатто шоҳ ба амал бароранд. Бобиён умедвор буданд, ки табақаҳои доро таълимоти онҳоро дастгирӣ хоҳанд кард. Аммо ин хаёли хом ва аз ҳакиқат берун буд. Табақаҳои доро ва рӯҳониёни олирутба па фақат таълимоти Бобро дастгири накарданд, балки ба мукобили бобиён бо тамоми имконият мубориза бурдаид. Дар соли 1847 Алимуҳаммад Боб ба ҳабс ва аввал дар қалъаи Моку пас аз он дар қалъаи Чикрик (дар наздикии сарҳади Туркия) маҳкум карда шуд. Фақат ин муносибати ҳукумат нисбат ба Боб тарафдорони ӯро маҷбур кард, ки усули амали худро дигар кунанд ва ба дастгирии халқи оддй такья намоянд. Бобиён дар тобистони соли 1848 дар деҳаи Бедашт (дар шимоли Эрон) нахӯстин ҷамъомади худро ташкил доданд. Дар ҷамъомад зиёда аз 300 нафар бобй ва бошандагони деҳаҳои атроф иштирок доштанд. Шогирдони Боб Муҳаммадалӣ Борфурӯш ва бобизан Қуррат-ул-Айн ба чамъомад сардорн мекарданд. Дар рафти мубоҳиса таълимоти Боб такмил ва равшан карда шуд. Чунончй, иштироккунандагони ин маҷлис дар қатори талаботи бекор карда шудани ҳамаи қонун ва тартиботҳои куҳна, боз барқам додани андоз ва ӯхдадориҳои гуногун, мулки хуcycii ва ҷорӣ кардани моликияти умумиро низ талаб карданд. Талаботҳои мушахаси иқтисодии бобиён тарафдорони онҳоро зиёд намуд. Садҳо деҳконони гирду атрофи Бедашт (ва Сабзавор аз ҷамъомад ва талаботи бобиён огоҳ гардида, маконҳои худро партофта ба бобиён ҳамроҳ шуданд. Дар фаъолияти бобиён давраи нав cap шуд. Вазъияти дар Бедашт ба вучуд омада хукумати Эронро ба таре андохта мачбур кард, ки ба он чо қувваҳои мусаллаҳ фиристода чамъомади Бедаштро пароканда кунад. Аммо интаъқибкунӣ ҳаракати бобиёнро ба таъхир андохта натавонист. Сардорон ва бобиёни фаъол аз Бедаш т ба вилоятҳои гуногун, хусусан Мозандарон пароканда шуда, ақидаи Бобро дар байни халқ васеътар паҳн кардан гирифтанд. Дар моҳи сентябри соли 1848 Муҳаммадшоҳ ногаҳон вафот кард. Вафоти ногаҳонии шоҳ сабаби бесаранҷомии дарбориён ва хонаводаи шоҳ гардид. Бобиён аз ин саросемаги истифода бурда қарор доданд, ки шӯриши яроқнок бардоранд ва бо ин роҳ нақшаҳои худро амалӣ созанд. Нахустин шӯриши бобиён дар моҳи октябри соли 1848 дар Мозандарон ба вуқӯъ пайваст. Чандсад нафар тарафдорони Боб дар мазори шайх Табарсӣ (ҷанубй-шаркии ш. Борфурӯш) ҷамъ шуда ин мазорро ба истеҳкоми худ табдил доданд. Адади сокинони мазори шайх Табарсӣ аз 2 ҳазор зиёдтар шуд. Рохбарони ин гурӯҳи бобиён.мулло М уҳаммадали Борфурӯш ва мулло Ҳусейн Борфурӯш қарор доданд, ки калъаи шайх Табэрсиро ба макони «мукаддаси» бобиён табдил дода, программам худро ба амал бароранд. Бинобар ин дар калъа молу мулки хусусӣ умумй карда шуда, барои бошандагон хӯроки умумй ташкил дода шуд. Ашрофон, рӯҳониён ва хонҳое, ки нақшаи бобиёнро дастгирӣ намекарданд, ё фарор карданд ва ё аз қалъа берун карда шуданд. Ҳукумат аз шӯриши бобиёни шайх Табарсӣ вокиф гардида, ба мукобили он аскар фиристод. Ҷанг дар байни қувваҳои ҳукуматӣ ва бобиён кариб ҳашт моҳ давом кард. Фақат дар моҳи май соли 1849 ба силоҳиёни ҳукуматӣ муяссар гардид, ки бо фанду фиреб шӯришро фурӯ нишонанд. Даҳҳо бобиён ба қатл расонида шуданд. Дар моҳи май соли 1850 дар Зинҷои шӯриши гурӯҳи бобиён бо сардории яке аз шогирдани Боб — Муҳаммадалии Зинҷонӣ ба вуҷуд омад. Ин шӯриш —шӯриши муташаккилтарини бобиён буд. Қувваи асосии шӯриш косибон ва деҳконон буданд. Дар шӯриш адади зиёди савдогарон ва рӯҳониёни майда, инчунин занон низ иштирок доштанд. Сардорони шӯриш ш. Зинҷонро «салтанати мукаддаси» бобиён эълон карданд. Программаи шӯришчиён аз программаи шӯришчиёни шайҳ Табарсӣ фарқ намекард. Овозаи шӯриши бобнёни Зинҷон ба вилоятҳои гуногуни Эрон зуд паҳн гардида, акси садо дод. Садҳо намояидагони табақаҳои меҳнаткаш бобиёнро тарафдорӣ намуданд. Сарвазнри шоҳи нави Эрон Носируддин-Мирзотакиҷон иқрор шуда буд, ки шумораи бобиёни Эрон дар ҳамин давра ба 100 ҳазор нафар расидааст. Ҳукумат хавфи болоравии ҳаракати бобиёнро ҳйс карда, ба муқобили бобиёни Зинчон қувваҳои бисьёри ҳарбӣ бо хамроҳии тӯлхо фиристод. Дар айни замон, барои тарсондани бобиён Носируддиншоҳ бо маслиҳати сарвазир ба қатл кардани Алимуҳаммад Боб, ки ҳанӯз дар калъаи Чикрик маҳбус буд, амр дод. Дар мохи июли соли 1850 Боб дар яке аз майдонҳои ш. Табрез Дар пеши назари адади зиёди тамошобинон тирборон карда шуд. Вале қатли Боб ҳаракати бобиёнро суст накард. Шӯриши яроқноки бобиёни Зинҷон то охири соли 1850 давом кард. Илова бар ин, дар моҳи июли соли 1850 дар ш. Найрез (вилояти Форс) боз ду шӯрпшп тарафдорони Боб ба вучуд омад. Ҳукумат ба муқобили шӯришчиёни Найрез қариб 100 ҳазор сипоҳиёнро фиристода, фақат дар тирамоҳи ҳамои сол тавонисг онҳоро фурӯ нишонад. Баъд аз пахш карда шуданн шӯришҳои Найрез ҳаракати бобиён ба таври оммаий вусъзт ёфт. На фақат тарафдорони Боб, балки таблиғотчиёни Ьоб ҳам суст шудани ҳаракатро ҳис карда, ба усули террор ва сӯйқасдкунӣ гузаштанд. Дар моҳи августи соли 1852 онҳо ба Носируддиншоҳ сӯйқасд карданд. Вале, шоҳ фақат камтар захмдор шуд. Ин сӯйқасд, барақс, ба харакатм бобиен зарбаи сахт зад. Зеро, хукумат таъқибкунии бобиёнро чунон пурзӯр кард, ки дар натиҷаи он таъқиб ва кушокушии бобиён ба таври оммави вусъат ёфт. На фақат тарафдорони Боб, балки садҳо одамони бегуноҳ кушта шуданд. Сабабҳои асосии шикастхӯрдани ин шӯришҳо—номуташаккилӣ, стихиявӣ ва характери маҳаллӣ доштани онҳо мебошанд. Шӯришҳои бобиён низ маркази умумй ва программам конкретонаи мубориза надоштанд. Бо вуҷуди ин шӯришҳои бобиён характери демократӣ ва зиддифеодалӣ дошта, ба таври объективона ба муқобили асорати капитали хориҷй дар Эрон равона карда шуда буданд. Қувваҳон ҳаракатдиҳандаи ин шӯришҳо деҳқонон ва косибон буда, ба онҳо рӯҳониён ва савдогарони майда роҳбарӣ мекарданд. Ҷиҳатн прогрессивни ҳаракати бобиён аз он иборат буд, ки ин ҳаракат пояи муноснбатҳои феодалиро дар Эрон суст кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. «Персидский Байан. Конспект». Перевод с английского, издательство «Фолиантъ», Казань, 2002, 2006, ISBN 5-94990-001-4, c. 16, Единство II, Глава 1