Бобоҷон Азиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоҷон Азиз
Бобоҷон Азизов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 26 июн 1950(1950-06-26)
Зодгоҳ Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 21 январ 2021(2021-01-21) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Кӯлоб, вилояти Хатлон, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) сароянда, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996)
Ордени Дӯстӣ — 1998
Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон

Бобоҷон Азиз (Бобоҷон Азизов; 26 июни 1950, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 21 январи 2021, Кӯлоб, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — сароянда ва ҳунарпешаи театри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобоҷон Азиз 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст[1]. Ӯ дар 15-солагиаш ба саҳна баромада, дар аввалҳои даҳи 1970 аз худ ба сифати як овозхони касбӣ дарак дод[2]. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1971). Дар хидмати низомӣ (1972—1974). Корманди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб (1974—1976), сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода (1976—1989). Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон».

Овозхонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Дар дидаи ман монд» (ғазали Лоҳутӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра ки Бобоҷон Азизов сурудааст, хеле дилнишинанд.

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобоҷон Азиз маҳорати хуби бозигарӣ дар театр низ дошт ва дар чанде аз намоишҳо нақшҳои асосии Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Тӯрахон Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ) ва ғайрараро бозидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983).

Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Беморӣ ва даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобоҷон Азиз солҳои ахри умраш сактаи мағзӣ гирифта дар бистарӣ беморӣ қарор дошт ва бар асари дардмандӣ наметавонист ба осонӣ мисраъҳои таронаҳояшро ба ёд оварад[2].

Бобоҷон Азиз 21 январи соли 2021 дар 70 солагӣ бар асари беморие ки дошт, дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Манижа Раҷабова. Бобоҷон Азизов –ҳунарманди маъруф низ тарки олам кард. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (21 Январ 2021). 21 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2021.
  2. 2.0 2.1 Овозхон Бобоҷон Азиз дар ҳолати кома афтодааст. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 21 Январ 2021 санҷида шуд.
  3. Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ. www.asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 21 Январ 2021 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]