Намози ҷамоат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Намози ҷамоат

Намози ҷамоат (ар. صلاة الجماعة‎ — намози дастаҷамъӣ (ҷамоат) ) — суннати муаккада яке аз намозгузорон (имом) пешопеши ҷамъият меистад ва дигарон дар сафҳои муназзам аз пушти ӯ бо якҷоягӣ намоз мехонанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Касе, ки дар намози дастаҷамъӣ (ҷамоат) пешопеши мардум меистад, ба вай имоми ҷамоат ва ба касе, ки аз пушти ӯ намоз мехонад, муқтадӣ (иқтидокунанда) гуфта мешавад.

Сазовортарини мардум барои имомати ҷамоат донишмандтарини онҳо ба суннат ва аҳкоми дин аст, яъне касе, ки бештар аз дигарон ба корҳои шаръӣ ва ба хусус масъалаҳои намоз, огоҳ аст. Ин назари ҷумҳури мазоҳиб – ҳанафӣ, моликӣ ва шофеъӣ аст, зеро Расули Худо (с) дар бемориаш фармуд: «Абӯбакрро бифармоед, ки бо мардум намоз гузорад»[1], дар ҳоле ки афроди қоритар аз вай вуҷуд доштанд.

Агар билфарз, дар миёни ҷамоат каси дигаре ҳам вуҷуд дошта бошад, ки аз нигоҳи илми суннат бо ӯ баробар бошад, дар он сурат касе, ки қироати беҳтар дорад, шоистатар мебошад ва агар аз ин назар ҳам баробар бошанд, касе ки тақвои (худотарсӣ) бештаре дорад, имом хоҳад шуд ва агар ба фарзи мисол аз ҷиҳати худотарсӣ низ бо ҳам баробар бошанд, он гоҳ калонсолтарашон сазовори имомат хоҳад буд.

Агар дар синну сол ҳам баробар бошанд, пас хушахлоқтари онҳо ба имоматӣ шоистатар мебошад. Сипас шахсоне, ки қиёфа ва шаклашон беҳтаранд, бар дигарон муқаддам ҳастанд. Баъд касоне, ки аз лиҳози аслу насаб бошарофат мебошанд, муқаддам ҳастанд. Он гоҳ касоне, ки овози хубу беҳтаре доранд, пас аз он касоне, ки аз лиҳози вазъи либос покизапӯш ва пойбандтаранд, барои имоматӣ муқаддам бар дигарон мебошанд.

Агар дар тамоми ин сифатҳо ҳама бо якдигар баробар бошанд, пас ихтиёр дар дасти худи намозгузорон аст. Ҳар касеро, ки аксарияти онҳо таъйин намоянд, имоми ҷамоат ҳамон кас хоҳад шуд.

Агар қисме аз мардум бинобар ғаразҳои шахсии худ, ғайр аз шахсоне, ки шариат баён фармудааст, каси дигареро барои худ имом намоянд, ҳама гунаҳкор мешаванд. Масалан, хеле иттифоқ меафтад, ки дастае аз мардум яке аз хешовандони худро барои имоматии масҷиди деҳ ё масҷиди ҷомеъ бо дарназардошти ғаразҳои шахсии худ пешбарӣ менамоянд, дар сурате ки дар миёни ҷамоат шахсони огоҳтар ба масоили дин, дорои қироати дуруст ва ё парҳезгортар аз шахси пешбаришуда вуҷуд доранд. Намоз, ки ҷойгоҳи аҷру савоб аст, бандаи ноогоҳ бо паймудани роҳи худкомагӣ ва содир намудани аъмоли нобаҷо барои худ гуноҳ ба бор меоварад.

3. Ҳамчунин гурез аз имоматӣ, ба якдигар ҳавола кардан ва аз худ соқит намудани он аз сӯи аҳли масҷид барояшон кароҳият дорад ва он нишонаи камии маърифати динӣ ва наомӯхтани аҳкоми намоз ва дигар арзишҳои дин аз сӯи онҳост, ба гунае ки ҳар кадоми онҳо аз имоматӣ дар намоз ҳазар ва гурез менамояд. Дар ҳадисе бо ривояти Абӯдовуд омадааст, ки: «Яке аз нишонаҳои рӯзи қиёмат он аст, ки аҳли масҷид тадофуъ намоянд (имоматиро аз худ рад кунад) ва имоме наёбанд, ки бо онҳо намоз гузорад»[2].

Аҳамияти намози ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳамият ва фазли намози ҷамоат дар иршодот ва тавсияҳои паёмбар (с) бисёр мавриди таъкид қарор гирифтааст. Он Ҳазрат (с) мефармояд: «Намози ҷамоат бисту ҳафт маротиба бештар аз намози танҳогузор фазлу савоб дорад»[3]. Дар робита ба аҳамияти ҳузур дар намози ҷамоат ва зиёнҳои иҷтимоӣ ва маънавии тахаллуф аз он мефармояд: «Боре қасд намудам, ки мардумро бифармоям ҳезум ҷамъ намоянд. Пас аз он барои намоз азон дода шавад ва шахсеро ба баргузории намози онҳо маъмур созам ва худам ба назди онҳое биравам, ки ба намози ҷамоат ҳозир намешаванд ва онҳоро бо хонаҳояшон оташ занам»[4].

Боре як саҳобаи нобино аз расули Худо (с) пурсид: «Эй расули Худо (с), касе нест, ки маро ба масҷид биоварад. Оё метавонам дар хонаам намоз бихонам?. Он Ҳазрат (с) ба вай иҷозат дод. Ҳамин ки ба роҳ афтод, дубора ӯро садо дод ва фармуд: Оё садои азонро мешунавӣ? Оре, мешунавам – гуфт он саҳоба. Расули Худо (с) фармуд: Пас ҳатман, даъвати онро иҷобат (ва дар ҷамоат ширкат намо)»[5].

Камтарин адад барои баргузор намудани намози ҷамоат дар ғайри ҷумъа ва идайн ду нафар аст, ҳарчанд яке аз онҳо – муқтадӣ зан бошад. Аз назари ҷумҳур агар имом намозро бо кӯдаки ноболиғе ҷамоат намояд, он ҷамоати комил ба шумор намеравад, зеро намози ноболиғ нафл аст, вале дар намозҳои нафлӣ он ҷамоати комил ба шумор меравад. Аммо ноболиғе, ки ба синни тамйиз расида бошад, дар назди машоихи ҳанафӣ, шофеъӣ ва дар ривояте аз имом Аҳмад (рҳ) ҷамоат бо вай комил ба шумор меравад ва аҷри он барояшон ҳосил мешавад[6].

Расули Худо (с) мефармояд: «Ду нафар ва бештар аз он ҷамоат ба шумор мераванд»[7].

Дар сурате ки намозгузорон ду нафар бошанд, яке аз онҳо имом ва дигаре муқтадӣ мешавад. Муқтадӣ бинобар зоҳири ривоят дар мазҳаб дар самти рост ва баробар бо имом ва ба қавле аз имом Муҳаммад (рҳ) каме ақибтар аз вай меистад. Агар дар ин вақт муқтадии дигаре ба онҳо бипайвандад, равиши маснун он аст, ки муқтадии аввал низ ба ақиб равад ва ҳарду дар пушти имом саф гиранд, агар муқтадии дуюм дар чапи имом истад, онҳоро бо ишора ба ақиб иршод намояд. Ҷобир (р) ривоят мекунад, ки ҳамроҳи Расули Худо (с) ҳаракат кардем.... Он Ҳазрат (с) ба намоз бархост (ва) ман ҳам... омада дар тарафи чапаш истодам. Аз дастам гирифт ва ба тарафи росташ гузаронд. Дар ин вақт Ҷаббор ибни Сахр омад ва аз чапаш истод. Пас аз дастонамон гирифт ва моро (ба ақиб) телла дод, то дар пушташ рост кард.

Вақте муқтадиён чунин накарданд, пас дар сурати имкон имом кам-кам ба пеш равад то ҳарду муқтадӣ аз пушти ӯ ба ҳам наздик гардида, сафферо ташкил диҳанд. Дар сурати ғайри имкон муқтадии дуюм ҳатман бояд дар пушти имом биистад ва муқтадии аввал кам-кам ба ақиб ояд, то дар паҳлӯи муқтадии дуюм дар саф ҷой гирад.

Дар тарафи чап ва ё дар пушти имом истодани муқтадӣ вақте як нафар бошад ва ҳамин тавр дар байни муқтадиён – ду нафар истодани имом дар сурати гуноҷиши макон макрӯҳи танзеҳӣ аст, зеро бар хилофи равиши маснун мебошад.

Рост намудани саф[вироиш | вироиши манбаъ]

Рост намудани сафҳо дар намоз аз ҷумлаи одоб, ҳусн ва камоли намоз ба шумор рафта аз аҳамияти болое бархӯрдор аст. Расули Худо (с) мефармояд: «Сафҳоятонро рост намоед, зеро рост намудани сафҳо аз барпоии намоз – ва дар ривояте – аз камол ва тамомияти (пуррагии) намоз ба шумор меравад»[8].

Ноҳамоҳангӣ ва нобаробарии сафҳо метавонад ба ноҳамоҳангии дилҳо бианҷомад. Абӯмасъуди Ансорӣ мефармояд: Расули Худо (с) дар намоз (ҳангоми саф бастан барои намоз) китфҳои моро бо дасташ рост мекард ва мефармуд: «Рост биистед ва ба ноҳамоҳангӣ дар сафҳоятон роҳ надиҳед, зеро он ба ноҳамоҳангӣ дар дилҳоятон меанҷомад!»[9].

Аз назари равоншиносии муосир роҳу равиш ва амалҳои зоҳирии инсон дар ҳолатҳои равонӣ ва сохтори ботинии вай таъсир мегузоранд, вақте рафтори нек дошта ва амалҳои хуб анҷом диҳад, ботинаш низ пок мегардад ва замираш бо некиҳо парвариш меёбад. Бадиҳо ва роҳу рафтори нописанд низ дар ботини инсон таъсири номатлуб мегузоранд, таодули равониро дар вай баҳам мерезанд ва қалбу замирашро бо андешаҳои носолим ва хафоёи бад мепӯшонанд. Ислом низ бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолати таъсирпазирии равонии шахс бо завоҳир ӯро ба анҷоми амалҳои нек ва дурӣ аз муҳитҳои олуда ба гуноҳ амр кардааст ва чӣ тавре мебинем, дар ин ҷо ҳамин ноҳамгунӣ дар сафро мӯҷиби парокандагии дилҳо ва заминасози ихтилофоти амалӣ донистааст.

Намозгузорон бояд нахуст саффи аввалро пур намоянд, пас аз он ба саффи дуюм гузаранд ва дар сафҳои пеш халал ва фурҷа (холиги)-е боқӣ нагузоранд. Расули Худо (с) мефармояд: «Саффи аввалро комил намоед, он гоҳ сафферо, ки баъд аз он аст ва агар нақсе буда бошад, бигузор дар саффи охир бошад». Дар ҷои дигар мефармояд: «Касе сафферо васл намояд, Худо ӯро васл созад ва касе сафферо қатъ намояд, Худо ӯро қатъ созад».

Имомро мустаҳаб аст, ки пеш аз гуфтани такбири таҳрима ба саффи намозгузорон нигоҳ кунад ва агар дар он халал ва ноҳамоҳангие бошад, онро рост намояд ва намозгузоронро ба эътидол ва тасвияи сафҳо тавсия кунад.

Дар пушти сари имом дар саффи аввал бояд соҳибони ақлу хирад ва донишмандон қарор гиранд. Дар ҳадиси Абумасъуди Ансорӣ омадааст, ки расули Худо (с) фармуд: «Соҳибхирадон ва боақлон аз пушти ман биистанд, сипас онҳое, ки ба эшон наздиктар ва наздиктаранд». Бинобар ин, равиши маснун ва яке дигар аз мустаҳаббот ва ё ҳусн ва камоли намоз ин аст, ки шахсиятҳои аҳли илм ва боақл аз пушти имом дар саффи аввал биистанд. Назари аиммаи ҳанафӣ бо истинод ба ин ҳадис он аст, ки пеш гузаронидан ба саффи аввал ва ҷои худро додан ба шахсиятҳои аҳли илм ва соҳибхирад ҷоиз аст, зеро вақте саффи аввал бо ҷавонон ва одамони одие, ки пештар ба масҷид омадаанд, пур шуда бошад ва ҷои худро ба дигарон надиҳанд, пас чигуна ба ин ҳадис амал мешавад ва аҳли илм ва соҳибхирадон аз пушти имом меистанд!?.

Аммо бо иҷбор ва дили нохоҳ хезонидани шахсе ва нишастан ба ҷои ӯ бо иттифоқи тамоми аҳли илм макрӯҳ аст ва паёмбари акрам (с) дар ҳадисе аз он наҳй намудааст: «Мард марди дигареро аз ҷояш нахезонад ва худаш дар он бинишинад ва дар ривояти дигар омадааст: (Лекин бигӯяд): Васеътар бинишинед ва ҷой намоед!»[10].

Вазифаи имом[вироиш | вироиши манбаъ]

Имом бояд ҳоли намозгузорони ҳамроҳи худро риоя намояд ва қироатро аз андозаи маснуни (суннатии) он дароз нанамояд, ҳамчунин рукуъу суҷудро бо афзудани зикрҳои иловагӣ ва ё зиёд намудани адади онҳо аз андозаи суннат дарозтар насозад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар касе аз шумо вақте бо мардум намоз мехонад (ва барои онҳо имоматӣ менамояд), намозро сабук бигирад, зеро дар миёни онҳо одамони заъифу нотавон, бемор ва пирамардони солхӯрда вуҷуд доранд. Вале вақте барои худ танҳо намоз мегузорад, ҳар қадаре бихоҳад, онро дароз намояд»[11].

Шартҳои дуруст шудани имомат шаш чиз аст: а) Ислом, б) балоғат, в) ақл, г) мард будан, д) қудрати хондани Қуръон доштан ва ж) солим будан аз узрҳо.

Масалан, имом набояд хунравии ҳамешагӣ аз бинӣ ё дигар узрҳоеро, ки дар боби «Маъзур» баён гардидаанд, дошта бошад ва ё нимагунг ва ё лакнати забон – фаъфаа, тамтама ва ё ласға дошта бошад.

Таблиғ аз қафои имом[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз суннатҳои намози ҷамоат яке баланд гуфтани такбир, тасмеъ ва салом аз сӯи имом аст, то намозгузорон садои ӯро шунида ба ҷамоат ҳамроҳ шаванд. Баланд гуфтани такбири таҳрима ва такбироти интиқолот ба маънои эълони духули имом дар намоз аст ва вақте дар ҷамоатҳои бузург садояш ба намозгузорон дар сафҳои дур нарасад, мустаҳаб аст яке аз намозгузорон, ки садои имомро мешунавад, онро такрор намояд, то ҳамаи намозгузорон ба ӯ иқтидо ва дар рафти баргузории намоз аз вай пайравӣ намоянд.

Имом бояд бо такбири аввал – таҳрима ҳам духул дар намоз ва ҳам эълони дигаронро ният намояд ва агар танҳо эълони дигаронро ният карда таҳрими намозро дар назар надошта бошад, намозаш дуруст намегардад. Шахси мубаллиғ низ бояд бо такбираш ҳамзамон ҳам нияти духул дар намоз ва ҳам қасди шунавонидани дигаронро намояд. Аммо дар такбироти интиқолот ва тасмеъ истимрори ин ният шарт нест.

Мубаллиғ (расонанда) дар тамоми мавридҳо такбири имомро такрор менамояд, магар дар қиём аз рукуъ, ки дар он пас аз тасмеъи имом таҳмид мегӯяд. Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки: «Расули Худо (с) бо мо намоз гузорид ва Абӯбакр дар қафояш буд, вақте такбир мегуфт, Абӯбакр ҳам (баланд) такбир мегуфт, то моро бишунавонад»[12].

Истифода аз баландгӯй (микрофон) дар замони муосир ҷоиз аст ва он кори таблиғ – расонидани такбири таҳрима, такбироти интиқолот, қироат ва дигар калимаҳоеро, ки аз сӯи имом дар намоз баланд гуфта мешаванд, ба намозгузорон дар сафҳои дур ва берун аз масҷид осон намудааст. Ба қавли ҷумҳури уламои муосир иқтидо ба имоме, ки садояш аз тариқи баландгӯй шунида мешавад, вақте дигар шароити баргузории намози ҷамоат таҳаққуқ ёфта бошанд, ҷоиз аст ва ҳеч боке надорад. Аммо иқтидо ба имоме, ки садои ӯ бо нашри мустақим аз тариқи телевизион ва ё радио пахш карда мешавад, ҷоиз нест. зеро садои ӯ пас аз табдил шудан ба мавҷҳои эфирӣ ва дубора ба мавҷҳои савтӣ ба василаи дастгоҳ пахш гардидааст ва он садои эфирӣ аст, на садои тақвиятшуда ба баландгӯй. Ба ин маъно ки имоме, ки садояш дар эфир ба таври мустақим пахш мешавад, барои шунаванда ва бинандаи ӯ аз эфир имоми ҳозир ба шумор намеравад.

Гуфтани азон ва иқома ва хондани хутбаи ҷумъа ва ғайра низ бо баландгӯй ҷоиз аст ва дар ин давру замон, ки масҷидҳо хеле бузург ва намозгузорон зиёд шудаанд, барои расо­ни­да­ни садои имом ва муаззин ба шунавандагон беҳтарин васила ба шумор меравад.

Аҳкоми намози ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

- Имоми ҷамоат шудани, ғулом, аъробӣ (шахси саҳронишине, ки аз илм баҳрае надорад), фосиқ, нобино, бидъатгузор, валадуззинои бесавод ва касе, ки намозро бисёр дароз мекунад, макрӯҳ аст.

- Имом намози ҷамоатро, ҷуз дар намози бомдод, дароз накунад.

- Сафҳои ҷамоат ба ин тартиб ташкил мешаванд: Аввал мардҳо, баъд кӯдакон, сипас хуносо ва дар саффи охир занҳо ҷой мегиранд. Агар як кӯдак танҳо бошад, дар саффи мардон ҷой дода мешавад, агар муқтадӣ як мард бошад, дар тарафи рости имом ва бино бар зоҳири ривоят дар мазҳаб дар баробари вай меистад ва ба ривояте аз имом Муҳаммад (рҳ) аз имом каме ақибтар меистад, ба андозае, ки нӯги ангуштонаш бо ақиби пойҳои имом баробар шаванд, агар муқтадиён ду мард ва ё як мард ва як кӯдак бошанд, дар пушти имом дар як саф меистанд. Аз Анас (р) ривоят шуда, ки Расули Худо ба хонаамон омад ва фармуд: «Бархезед, то бароятон намоз гузорам!... Пас дар рӯи бурёе ба намоз истод ва ман ва ятимбача аз қафояш саф бастем ва пиразан (бибиаш Мулайка) аз қафои мо...»[13]. Ин ривоят афзалияти саф бастани муқтадиёнро дар пушти имом, вақте ду нафар бошанд, ифода мекунад. Дар асари дигаре аз Асвад ва Алқама ривоят шуда, ки фармуданд: «Назди Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ҳавлиаш омадем. Гуфт: Оё инҳо аз пуштатон намоз гузориданд!? Гуфтем: Не! Гуфт: Пас бархезед ва намоз бигузоред ва моро ба азон ва иқомате амр накард. Ва рафтем, то аз пушташ биистем, пас аз дастонамон баргирифт ва якеамонро аз тарафи росташ ва дигареро аз тарафи чапаш ҷой дод...»[14]. Ин асар ба ҷоиз будани саф гирифтани муқтадиён дар ду тарафи имом, вақте ду нафар бошанд, далолат мекунад.

- Агар зан дар намози ҷамоат дар хатти баробар бо имом, яъне дар паҳлӯи вай қарор ги­рад, ба шарте ҳар ду як намоз бигузоранд, имом имоматиро барои он зан ният карда бо­шад ва муҳозот ба андозаи анҷоми як рукн идома ёбад, намози имом ва қавм ҳарду ботил мегардад. Зеро вақте намози имом ботил гардид, намози қавм ҳам ботил мегардад, зеро намози қавм бар намози имом бино ёфта ва дар сиҳҳату фасод тобеи он аст. Вале агар имоматиро барои он зан ният накарда бошад, танҳо намози зан ботил шуда ва намози имом ва қавм дуруст боқӣ мемонад. Ҳамчунин агар имом ва ё муқтадие, ки зан дар муҳозоти вай истодааст, бо дасташ ӯро ба ақиб истодан ишора намояд ва вай ақиб наравад, дар ин сурат ҳам намози мард дуруст аст ва намози худи зан фосид мегардад. Манзур аз муҳозоти зан бо мард дар қавли роҷеҳ назди фақеҳон баробарии қадами зан бо қадами мард ва дар ривояте бо яке аз узвҳои мард аст.

Агар зане дар баробар, яъне дар паҳлӯи яке аз намозгузорон дар саффи намоз истад ва имом низ имоматиро барои ӯ ният карда бошад, намози он мард аз рӯи истеҳсон ботил мегардад, на намози зан. Ба ин сурат, агар як зан дар саффи мардон ҷой гирад, намози се мард – ду нафар аз чапу рост ва як нафар аз пушташ дар саффи баъдиро ва ду зан намози чаҳор мард – ду нафар аз чапу рост ва ду нафар аз пуштро фосид месозанд. Агар занон саффи комилеро ташкил диҳанд, намози мардонеро, ки аз пушти онҳо саф мегиранд, то саффи охир фосид месозанд, зеро иқтидои онҳо бо имом ба сабаби ин ҳоил дуруст намегардад. Аммо дар бораи ин, ки се зан оё танҳо намози се нафари пушташонро аз саффи баъдӣ фосид месозанд ва ё саффи комил ба шумор рафта намози тамоми сафҳоро то охир фосид месозанд, ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Ин назари машоихи ҳанафӣ дар бораи пайвастани зан ба намози ҷамоат аст. Дар назди ҷумҳури мазоҳиб – моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ муҳозоти зан бо мардон дар саффи намоз танҳо кароҳият дорад, вале на намози онҳоеро, ки дар паҳлӯ ва пушти вай истодаанд, фосид мегардонад ва на намози худаш фосид мегардад. Ҳамчунин аз назари онҳо нияти имом имоматии занонро барои пайвастан ба ҷамоат шарт дониста нашудааст, балки онҳо ҳам ба мисли мардон бо нияти иқтидо ба намози имом ҳамроҳ мегарданд ва вуҷуди саффе аз занон дар байни сафҳои мардон ҳоили монеъ аз дуруст гардидани иқтидо ба шумор намеравад.

Имрӯз ба сабаби балвои ом ва адами имкони ҷудо сохтани сафҳои занону мардон аз якдигар дар Масҷидулҳаром дар ин масъала ба назари ҷумҳур амал мешавад ва вуҷуди саффи занон мӯҷиби фасоди намози мардон дар сафҳои баъдӣ дониста намешавад.

Такрори ҷамоат дар масҷид[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди ҷумҳури мазоҳиби аҳли суннат, аз ҷумла бузургони мазҳаби ҳанафӣ такрори ҷамоат дар масҷиди маҳаллае, ки имом ва муаззини доимӣ дошта бошад, барои аҳли он маҳалла макрӯҳи таҳримӣ аст, дермондагон намозашонро бояд танҳо-танҳо бигузоранд. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) аз (баъзе) гӯшаҳои Мадина рӯй овард, мехост намоз бигузорад, вале мардумро дид, ки намозро гузоридаанд, пас ба хонааш баргашт ва аҳли хонаводаашро гирд оварда бо онҳо намоз гузорид. Ба гуфтаи Айнӣ дар Умда (Ҷ. 5. – С. 247) ин қавли Молик, Лайс, Ибни Муборак, Суфёни Саврӣ, Авзоъӣ, Абӯҳанифа ва Шофеъӣ мебошад. Дар назди имом Абӯюсуф (рҳ) ҷамоати дуюм вақте дар рақобат бо ҷамоати аввал баргузор нашуда ва шаклан аз он фарқ намояд, ба ин тариқ ки он дар пеши меҳроб баргузор нашуда ва барояш азону қомат ҳам гуфта нашавад, ҷоиз аст ва кароҳияте надорад ва илло макрӯҳ аст.

Аммо дар масҷидҳои сари роҳҳо, бозорҳо ва он масҷидҳое, ки имом ва муаззини доимӣ надоранд ва намозҳо ба таври мураттаб дар онҳо барпо дошта намешаванд, такрори ҷамоат боке надорад. Ҳамчунин агар дар масҷиди маҳалла чанд тан мусофир ва одамоне ғайритаҳҷоӣ пеш аз аҳли он бо амри зарурат ҷамоате барпо доранд ва ё пас аз баргузории намоз аз сӯи аҳли маҳал ба он ҷо бирасанд ва ҷамоати дигаре барпо намоянд, ҷоиз аст ва ҳеч кароҳияте надорад. Агар гурӯҳе аз аҳли маҳалла низ бе азону қомат ва ё бо паст гуфтани азону қомат ҷамоати дигаре барпо намоянд, ба қавли баъзе фатово кароҳияте надорад.

Баргузор намудани ҷамоати дуюм аз назари имом Аҳмад (рҳ) ва Исҳоқ (рҳ) дар тамоми ҳолатҳо дуруст аст ва ба гуфтаи Тирмизӣ назари чандин нафар аз саҳобагони паёмбар (с) ва тобеин низ он аст, ки гузоридани намоз бо ҷамоат дар масҷиде, ки дар он ҷамоати дигаре қаблан барпо шудааст, боке надорад. Зеро дар ҳадисе ба ривояти Абӯсаъид (р) омадааст: «Марде (ба масҷид) омад, дар ҳоле ки расули Худо (с) намозро гузорида буд. Фармуд: «Чӣ касе мехоҳад дар ин кор аҷр ба даст оварад (ва ё барои ӯ (шахси нав омада) аҷри ҷамоатро ҳосил намояд? Марде бархост ва бо ӯ намоз гузорид». Аз саҳобагон Абдуллоҳ ибни Масъуд (рҳ) ва Анас ибни Молик (рҳ) бар ин назар буданд[15] ва ба гуфтаи Айнӣ қавли Ато (ибни Абӯрабоҳ) ва дар ривояте Ҳасан (-и Басрӣ) низ ҳамин будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Саҳеҳи Бухорӣ, 678-682; Саҳеҳи Муслим, 939 (418)-94, 947 (420)-101.
  2. Сунани Абӯдовуд, 581. Ҳадисро заъиф гуфтаанд.
  3. Саҳеҳи Бухорӣ, 645, 649; Саҳеҳи Муслим, 1475 (649)-245, 246, 247; Сунани Тирмизӣ, 215; Сунани Насоӣ, 836; Сунани Ибни Моҷа, 789. Дар ривоятҳои зиёде бисту панҷ баробар низ зикр гардидааст.
  4. Саҳеҳи Бухорӣ, 644, 657, 2420, 7224; Саҳеҳи Муслим, 1482 (651)-251, 252; Сунани Абӯдовуд, 548, 549; Сунани Тирмизӣ, 217; Сунани Насоӣ, 847; Сунани Ибни Моҷа, 791.
  5. Саҳеҳи Муслим, (653)-255; Сунани Абӯдовуд, 552; Сунани Ибни Моҷа, 792.
  6. ал-Мавсӯату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. – Ҷ. 29. – С. 169-170, ба нақл аз Бадоеъ ва Рад(д).
  7. Ибни Моҷа, 972.
  8. Саҳеҳи Бухорӣ, 722, 723; Саҳеҳи Муслим, 974 (433)-124; Сунани Абӯдовуд, 668; Сунани Насоӣ, 814, 815, 845; Сунани Ибни Моҷа, 993.
  9. Саҳеҳи Бухорӣ, 717; Саҳеҳи Муслим, 971 (432)-122; Сунани Абӯдовуд, 662, 663; Сунани Тирмизӣ, 227; Сунани Насоӣ, 809, 810; Сунани Ибни Моҷа, 994.
  10. Саҳеҳи Бухорӣ, 911, 6269, 6270; Саҳеҳи Муслим, 5647-52 (2177-78)-27-30.
  11. Саҳеҳи Бухорӣ, 90, 702, 703, 704, 7159; Саҳеҳи Муслим, (467)-183; Сунани Абӯдовуд, 794, 795; Сунани Насоӣ, 822; Сунани Ибни Моҷа, 984.
  12. Саҳеҳи Бухорӣ, 797; Саҳеҳи Муслим, 928 (413)-85.
  13. Саҳеҳи Бухорӣ, 380, 860; Саҳеҳи Муслим, 1497 (658)-266.
  14. Саҳеҳи Муслим, 1191 (534)-26.
  15. Тӯҳфаи аҳвазӣ. Ҷ. 2. – С. 11

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе—2017