Абусаид Абулхайр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаид Абулхайр
форсӣ: ابوسعید ابوالخیر
Таърихи таваллуд: 7 декабр 967[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 январ 1049 (81 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: илоҳиётшинос, шоир
Забони осор: форсӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Абусаъид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Миҳонӣ (маъруф ба Абусаъид Абулхайр, форсӣ: ابوسعید ابوالخیر‎; 7 декабр 967[1], Miana[d], Хуросон12 январ 1049, Хуросон) — аз аввалин суханваронест, ки ирфон ва сухану фалсафаи ирфониро ба адабиёти форсу тоҷик ворид кардааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодиёти ин суханвар аз бисёр ҷиҳат намунаҳои эҷодиёти шифохии мардумро ба хотир меоранд. Зохиран мархилаҳои аввали пайдоиш ва густариши акоиди ирфони ҳамин ҷиҳатро такозо мекард. Як қисм суханони Абусаид ба шеваи гуфтори мардум таълиф шудаанд, ки аз иртиботи кавии эҷодиёти шоир бо забони халқ гувоҳи медихад. Абусаид Фазлуллох бинни Абулхайр соли 967 дар Маймана ба дунё омадааст. Дар Майманаву Марв ва Сарахстаҳсили илм намуда, муддате дар Нишопуру Омул умр ба сар бурдааст. Соли 1049 дар Маймана аз олам гузаштааст. Накл мекунанд, ки дар замони зиндагии худ ӯ каси хушгу ва сухбаторо будааст. Яке аз аввалин суханвароне, ки ирфон ва афкори ирфониро дар колаби шеър баён кардаанд, Абусаиди Абулхайр махсуб гашта, мавзуоти фалсави, тасаввуфи ошикона, танкиди замон ва ахли он дар рубоиёти ӯ макоми баланд дорад. Бино ба маълумоти сарчашмахо ва таърихномахо дар ахди авали ислом то карнҳои 8-9 ахли ирфон ва тасаввуф ба каламу когаз сарукоре надоштанд. Сухани Абусаиди Абулхайр аст, ки гуфта: «Кадами авали суфи шикастани каламу пора кардани дафтар аст. Ва хар касе бихоҳад аз ишқи суфи пай барад, бояд худаш ба он бингарад».

Вале баъд заруратхо пеш омад, ки рочеъ ба масоили ирфон ва асоси таълимоти он асархо эҷод гардад. Зеро баъзе аз факехон ирфонро ба аркони асосии ислом мукобил гузошта, намояндагони онро ба бединиву бехудои айбдор намуданд. Орифон мачбур шуданд, ки барои ҳимояи хеш аз Қуръон ва аходиси набави истидлол пеш оваранд.

Аз мероси адабии Абулхайр он чизе, ки то ба имрӯз омада расидааст, 720 рубоиест, ки дар боби ишқу орзу, мардонагию садокат харф мезананд.

Аз рубоиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дишаб зи пайи гулоб мегардидам дар тарфи чаман,
Пажмурда гуле миёни гулҳо дидам, афсурда чу ман,
Гуфтам, ки «чи кардӣ, ки чунин месузӣ? эй ёри азиз!»
Гуфто, ки: «шабе дар ин чаман хандидам, пас вой ба ман!»
Во фарёдо, зи ишқ, во фарёдо,
Корам ба яке турфанигор уфтодо,
Гар доди мани шикаста додо, додо
В-арна ману ишқ, хар чи бодо бодо!


Гар бар дари дайр менишонӣ моро,
Гар дар раҳи каъба медавонӣ моро,
Инҳо ҳама лозимаи ҳастии мост,
Хуш он ки зи хеш вораҳони моро,
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро,
Гуфто: сабабе ҳаст, бигуям онро,
Ман чашми туям, гарам набинӣ, чи ачаб?
Ман ҷони туям касе набинад ҷонро,

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Abū Saʿīd b. Abī al-Khayr // Encyclopaedia Islamica (ингл.)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Жуковский В. А., «Жизнь и речи старца Абу» (Санкт-Петербург, 1899)
  • Жуковский В. А., «Тайны единения с богом в подвигах старца Абу» (Санкт-Петербург, 1899)
  • Ethé H., «Sitzunge d. bayr. Akad.» 92 рубайт, 1875 и 1878)
  • Burthels, Grundlinien d. Entwiklungsgeschichte des Lehrgedichts in Persien, «Islamica», v. III, f. I (Лейпсиг, 1927)
  • Али Джамниа, Мухаммад. Байат, Можде. Под суфийским плащом. Истории об Абу Саиде и его мистические наставления.Москва.Старклайт.2002.