Ворас Муҳаммад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи Ворас Муҳаммад, унвони фахрию эҳтиромиаш Афсахуддин, номи падараш Абдулбақо ва тахаллусаш «Ворас» мебошад. Зодгоҳи ӯ Бухоро буда, дар замони ханҳои Аштархони тақрибан дар нимаи дуюми асри XVII ва аввалҳои асри XVIII зиндагӣ кардааст. Тавсилоти зиндагии ӯ маълум нест. Осори шеърии Ворас аз рӯи асарҳои то имрӯз маълумаш беш аз 5 ҳазор байтро дар бар мегирад ва дар жанрҳои ғазал, қитъа, рубои, мухаммас, тарҷеъбанд, маснавӣ, чистон ва фард гуфта шудааст. Ворас нисбат ба саромадони бузурги адабиётамон нихоят ботавозуъ ва бо эҳтиром буда, дар шоири - «нагмасанчи» Фирдавсӣ ва Ҳофизро пир, мурабби ва устод ҳисоб карда, чун «чокар» аз онҳо мадад металабид. «Шохномаи мансур» аз асaрҳои машҳури Ворас аст, ки барои чоп ҳозир карда шудааст.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Махе гар з-ин чаман гардад бурун бехтар шавад пайдо. Чун лола рахт барбандад, гули ахмад шавад пайдо. Низоми ин ҷаҳон аз чому в-аз оина маълум аст, Равад з-ин базм чун Чамшед, Искандар шавад пайдо. Нагардад олам аз равшанзамире як даме холи, Аз ин дарё гухар то домани машхар шавад пайдо. Ба ғайр аз синаи пурнури маънидори ахли табъ Кучо оинаи софе ба ин чавхар шавад пайдо? Яке оинаи дорам губоролуда табъаш ном, Намедонам кадомин вакт равшангар шавад пайдо. Набинам он бути оташзабонро гар шабе, Ворас, Нигах чун шуълаи шамъам зи чашми тар шавад пайдо.

Чакад ахтар ба чои ашк аз чашми тарам имшаб, Дамад сад лола бо доги чигар аз пайкарам имшаб. Манам товуси Хинду тирабахти, лек аз файзат Намояд дог чун хуршед аз болу парам имшаб. Зи бас аз оташи хичрат саропо сухтам худро, Баромад оина сад даста аз хокистарам имшаб. Чу шамъ аз ёди зулфат устухонам об мегардад, Кафи дарёи анбар мешавад магзи сарам имшаб, Зи дасти сокии оинаруе чом мехурдам, Шуданд Искандару Чамшед хар ду чокарам имшаб. Фидои шеваи чашми сияхмасти ту мегардам, Агар мебуд чун наргис ба каф мушти зарам имшаб. Зи худ кардам сухан, Ворас, сафооинаам шуд дуд, Намоён гашт аз занги кудурат чавхарам имшаб. Чойи гул азбаски гардидааст чойи андалеб, Мерасад дар гушхо рангин навои андалеб. Рахти худро дар бахорон суйи гулшан мекашем, Мекунем аз нагмае ҷонро фидои андалеб. Гул дамад аз лахни рухафзош аз мижгони ман, Тутиёи дида созам хоки пои андалеб. Аз тараххумҳои ӯ ҷонро ҳазорон хуррамист, Аз тахи дил мекунам хар дам дуои андалеб. То мадад Ҳофизи Шероз Ворас чустаам, Гаштаам дар нагмасанчи ошнои андалеб.

Сокиё, май дех, ки омад касри зар-аркони субх, То кашам соғар ба рухсори гули бустони субх. Баски хурдан нест дар рухониёни осмон, Гирдаи хуршедро карданд зеби хони субх. Равшаниро аз азал қисмат ба табъам карданд, Тифли ҳуши ман макида шир аз пистони субх. То тааммул менишинад бар сари симинсарир, То кабои зар бувад хуршед чун султони субх. Матлаи рангин агар Ворас чунин гуям ҳазор, Кай баробар мешавад бо мисраи девони субх.


Ба умре гар мулокотам ба он хуршедранг афтад, Хилолаш мезанад нохун ракибамро, ки чанг афтад, Зи гулхо дар чаман з-он ёсуминам бештар сузад, Ки оташхо аз ӯ хезад чу ҳусни нимранг афтад. Чи ранг аз хома паймудаст, нозам ядди кудратро, Ки оташ аз рухат дар ҷони наккоши Фаранг афтад. Чи созад талхии хичрон, ки аз ёди дахони ту Маро хар дам шакар дар хонаи дил тунгтанг афтад. Агар дар кӯҳ гуям як сухан эй, мах, зи мижгонат, Зи хичлат то киёмат нохун аз чанги паланг афтад, Ду гулрух танг дар огуши хам омад, чи айб аст ин, Ки хун дар хун нишинад, ранг дар болои ранг афтад. Тамошо мекунад чашми гизолонаш. Нигоҳи ӯ агар бар доғи тасвири паланг афтад. Зи бас дорад каломат нашъае, тез аст табъи ту, Туро н-ояд ғазал Ворас чу Сайфи Исфаранг афтад.

Ранги сухан нарафта зи андешаам, ҳанӯз, Боди хазон надида рухи пешаам ҳанӯз. Дар кӯҳсори ишқ ба гарми мукайядам, Сад ранг барф меборад аз пешаам ҳанӯз, Нофи маро ба ток буридааст дояам, З-он ру кашад ба бода рагу решаам ҳанӯз, Мадхуш мекунад суханам ахли дардро, Мардафганаст дурд бар шишаам ҳанӯз. Ворас, хароб гаштаам аз ранчи рӯзгор, Бошад хасад ба хотири хампешаам ҳанӯз.

Зохид ба хамуши шуда аз пир мураххас, Ман гашта зи устод, ба такрир мураххас. Девор зад аз муй ба сад рахнаи шона, Гесуи ту то гашт ба таъмир мураххас, Дар сохири уро зи чи устод нахонем? Аз чашми ту шуд чодуи Кашмир мураххас. Чун хатти губорат ки тавонист ракам кард? Харчанд ки гардид ба тахрир мураххас. Шарт аст, ки аз бандаги озод нагардем, Аз халкабаргушони дари пири мугонем, Гаштем дар ин водия бо дайр мураххас, Ворис, махи ман гашт хилол, аз рухи моҳаш Дил гашта ба нушидани ин шир мураххас.

Ба чуз алмос бар захми дилам мархам намебинам, Ки шабнамро ба гул дар мумиёӣ кам намебинам. Ба зохир одаманд, аммо ба ботин нестанд одам, Ба ғайр аз номи одам дар ҷаҳон одам намебинам. Чи гуна ном бинвисам ба он ранги гули фирдавс? Ки ман мурги насими субхдам махрам намебинам:

ҷаҳон аз дарди дилхо тира шуд чун когази машки,

Ки чои нукта равшан аз рухи олам, намебинам. Нихам чун сар ба зону, маст гардам аз майи мазмун, Чунин кайфияте харгиз ба Чоми Чам намебинам. Зи души худ, дило, бори тааллукро бинех чун сарв, Ки дар олам сари озодагонро хам намебинам. Чаро аз мардуми олам нагирам гушае, Ворас, Ки ахли дусти аз хеч кас маҳкам намебинам!

Нигоҳи наргисат, эй сарв, сохт мадхушам, Зи сурма тавки гулӯ гашт, кард хомӯшам. ҳазор сарв туро гаштаанд девона, Зи бас ба ёди кадат боз гашт огушам. Зи роҳи ишқи ту гардан намекашам харгиз! Зи нақши наъли саманди ту халкабаргушам. Зи пораҳои дили зангбаста зулфат гуфт, Ки ман чу сунбули чаннат зумуррадипушам! Манам, ки хеч зи ёдам намерави берун, Туй, ки аз дилат, эй бевафо, фаромушам! Хилол нест ба домани осмон, Ворас, Ба роҳи ишқ фитодааст, наъли попушам.

Ашки ман аз дида суйи хок аз он гардад равон, Тифл баъд аз об худро афканад бар хокдон. Зодаи охирзамон дорандагоне сухтанд, Монд гуё дар ҷаҳон хокистаре аз корвон. Хирмани гулро чигуна тори муе мекашад. Хайратам афзуд аз рафтори он нозукмиён. Мерасад имшаб кадомин дил намедонам, ки боз, Дар рахи гулшан чарог аз дида монда булбулон. Осиёро кай бувад бо донаи занчир кор, Фориганд ахли чунун аз чаври захми осмон. Пайкарам шуд сурмаву манзури чашме хам нашуд, Меравам бо ин сияҳбахти ба суйи Исфахон. Тутии килки ту, Ворас, муддате хомуш буд, Дар шакаррези дароварди барои имтихон.

Зи дарди ту дилу ҷонам хароб шуд хар ду, Зи тоби оташи хаҷри ту об шуд хар ду. Чу доги пухтахомам бар осмон бурданд, Зи руйи рутба маху офтоб шуд хар ду. Сухан зи мисраи зулфайнаш он кадар гуфтам, Ки бар саҳифаи олам китоб шуд хар ду. Ба теги абрую мижгони ёр ҷон додам, Ду бор кушта шудам ман, ҳисоб шуд хар ду. Хаёли укдаи гесуи холи ӯ кардам, Ба пардаҳои дилам мушки ноб шуд хар ду. Дилу чигар лаби дилбар рабуд аз Ворас, Ба як ишораи абру кабоб шуд хар ду.