Аъзами Хуҷаста

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аъзами Хуҷаста

Аъзами Хуҷаста (форсӣ: اعظم خجسته‎; 15 августи 1955, деҳаи Худгифи Соя, ноҳияи Масчо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аъзам Хуҷаста 15 августи соли 1955 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Масчо ба дунё омадааст[1]. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 10-и ин ноҳияро хатм карда, ҳамон сол ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил мешавад.

Баъди хатми донишгоҳ мактабҳои миёнаи ноҳия Масчо омӯзгорӣ мекунад. Ва соли 1985 ба Афғонистон фиристода мешавад, ки то соли 1988 дар Вазорати зироат ва ислоҳоти арзии Афғонистон дар вазифаи тарҷумон кор кардааст. Аз соли 1988 барои кор ба идораи нашрияи “Машъал” даъват мешавад, то соли 1994 дар он кор мекард.

Соли 1997 бо роҳхати Мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳияи Масчо ба Ҷумҳурии исломии Эрон рафт ва то соли 2012 дар бахши тоҷикии садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон (Садои Хуросон) фаъолият дошт.

Дар Эрон ду китоби шеър бо номҳои “Соярушан”(соли 2002) ва “Чашмаи зулол”(соли 2011) ба табъ расондааст. Китоби “Чашмаи зулол” дар таърихи адабиёти форсӣ аввалин мачмуъа дар сабки нави “зулол” аст. Ин китоб дар соли 2012 аз тарафи Муассисаи фарҳангии созмони байналмилалии бо ЭКО бо нишони тилои Фирдавсӣ қадр карда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]