Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ — яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод.

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ аз ҳафи утоқи дар давраҳои гуногун сохташуда иборат аст. Бахши куҳантарини он гӯрхона, зиёратхона ва пешайвон мебошанд, дар асрҳои XIV—XV сохта шудаанд. Мувофиқи ривояти сарчашмаи хаттӣ шайх Ёрмуҳаммади Валӣ с. 1378 фавтидааст. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бинои гӯрхонаи ӯ дар асри XIV сохта шуда, утоқҳои сеюм ва чаҳорум, инчунин зиёратхона ва намозгоҳ баъдтар бунёд ёфтаанд. Деворҳои ғарбӣ ва шарқии гӯрхонаҳои якум ва дуюм тоқ доранд, ки таъйиноташон номаълум аст. Дар асрҳо XVI—XVII дар қисмати ҷанубӣ боз се утоқи дигар сохта шуданд, ки нақши масҷидро иҷро мекарданд. Ҳамаи намоҳои мақбара, зимнан намои асосӣ, ки бартар аз дигао мебошад, бо ҳарфи П-монанд оро ёфтаанд. Ғайр аз ин намо фурӯрафтагиҳои чоркунҷаи дарозрӯя дорад, ки барои катибаҳо сохта шудаанд. Дари даромад ва паҳлӯҳои он бо аркҳои ороишӣ зиннат ёфтаанд. Мақбара аз хишти пухта (андозааш 24Х24Х4 см ва 24Х25Х5 см) бунёд ёфтааст. Ҳамаи утоқҳо гунбазпӯшанд; гунбазҳои гӯрхонаҳои шайх ва писараш бузургтар буда, дар маҷмаъ мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Ҳамаи утоқҳо бо дарҳо ба якдигар робита доранд. Утоқҳои дар қисмати ҷанубӣ сохташуда бе пештоқ мебошанд. Пештоқи утоқи марказӣ сардари баланд ва даромадгоҳи калонтару жарфтар дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]